Дар мақолае қайд гардида буд, ки қирғизҳо аз ҷабри хешу ақрабояшон фирорӣ шуда, то ба марзи кишвари мо омадаанд. Омаданду панаҳ ҷустанд. Бо чашми гирёну тани ларзон аз фарзанди тоҷик паноҳгоҳ пурсиданд, то аз чанголи пурхуну бераҳми ҳамқабилаҳояшон наҷот ёбанд. Соҳиби паноҳгоҳ ҳам шуданд. Поси хотири ҳамин накуист, ки беш аз се қарн инҷониб ба миллати мо бо эҳтиром муносибат доранду тоҷиконро хешу ақрабо ва пушту паноҳ хонданд. Аммо…
Мутаассифона, аз камари мардони қирғиз фарзандоне низ ба дунё омадаанд, ки намакдонро по заданду накукориҳоро аз ёд бурданд. Фарзандони нохалафе, ки миллати худро бадном карда, рӯҳи ниёконашонро ранҷонданд.
Фарзандони нохалаф ҳар бор бо суханҳои дурӯғин ҷавонони дунёбехабарро аз роҳ мезананду онҳоро ҳидоят мекунанд, ки ҷониби фарзандони наҷотдиҳандагони ниёконашон тир кушоянд, хуни эшонро биошоманду ашки модаронро бирезанд. Дар баробари ин, бешармона садо баланд мекунанд, ки «ба айби тарафи тоҷикон садои тир дар марз баланд шуд.» Рӯзноманигорони ин кишвар он қадар бо дарду алам ҳарф мезананд, ки дили санги хора аз нолаи онҳо обу адо мешавад.
Аммо шукрона бояд кард, ки ҳанӯз байни намояндагони ин миллати ба мо ҳамсоя ҷавонмардону ҳақиқатҷӯён ҳастанд. Адахан Мадумаров, вакили Парлумони Қирғизистон аз қабили мардони ростқавлу ростгӯ оид ба қазияи задухӯрд воқеиятро чунин баён кард:
«Мехоҳам ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма бирасонам, ки тирандозиро мо-ҷониби Қирғизистон, аввал шурӯъ кардем, на тоҷикон!!! Ин муноқишаро генерали дурӯғин (псевдогенерал) Камчибек Ташиев ба вуҷуд овардааст, ӯ дар ин кор даст дорад. Тамоми мушкилоти марзӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон, аз дасисаҳои Ташиев аст…»
Бале, Қамчибек Ташиев аз ҷумлаи фарзандони нохалаф аст ва аз рӯзе зимоми амнияти миллии Қирғизистонро ба чанг овардааст, дар марзҳо оромӣ нест ва ҳамсояҳо дигар хоҳиши шунидани номи қирғизро надоранд. Тифлони дунёбехабари мамолики ҳамсоя аз номи қирғиз метарсанду дар симои вай офаридаҳои даҳшатноки оламро мебинанд.
Тавре зикр гардид, дар Раштонзамин тӯли се қарни охир намояндагони қирғизҳо зиндагӣ доранд ва бо тоҷикон хешу табори наздиканд. Инро метавон дар мисоли сокинони ноҳияи Лахш гуфт. Дар мақолае чунин омадааст:
«… Дороии аз ҳама пурқимат ва бебаҳои ин диёри ҳамешабаҳор мардуми бо ҳам дӯсту бародар ва қадрдони якдигар — тоҷикону қирғизонанд, ки дар натиҷаи зиндагонии якҷоя асрҳо бо ҳам хешу табор гаштаанд ва урфу одату фарҳанги зиндагиашон сахт омезиш ёфтааст.
Шумораи оилаҳое, ки аз намояндагони ҳар ду миллат ташкил ёфтаанд, хеле зиёданд. Анъанаҳои миллии тоҷикону қирғизҳо чунон ба ҳам монанданд, ки фарқ кардани онҳо номумкин аст. Ҳангоми гузаронидани тӯйҳои арӯсӣ, гаҳворабандон, хатнасур, маросими мусибат ва дигар расму оин ин ҷиҳатро ба осонӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Дузабонӣ аз нишонаҳои фарқкунандаи якҷояшавии анъана ва фарҳанги сокинони ноҳияи Лахш ба шумор меравад. Сокинони он бо забонҳои тоҷикиву қирғизӣ равону шево сухан меронанд. Аҷибаш дар он аст, ки ҳангоми вохӯрӣ баҳри ҳурмати ҳамдигар беихтиёр тоҷик ба забони қирғизӣ ва қирғиз ба забони тоҷикӣ гуфтугӯро оғоз менамояд.»
Ташиев инро нодида гирифт, ё шояд парвои дӯстии ду халқро надошту надорад. Ӯ саргарми ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ аст. Рафтори ноҷавонмардонаи ӯ ва президенти вақти Қирғизистонро қирғизони ноҳияи Лахш бо пуштибонӣ аз сиёсати Тоҷикистон маҳкум карданд:
«Мо, қирғизони ноҳияи Лахш дар баробари тоҷикон барои ҳифзи пойдории истиқлолияти худ, ваҳдати миллӣ ва тинҷию осудагии мардумамон худро масъул мешуморем ва ин амалҳои иғвогаронаи аз ҷониби Қирғизистон сарзадаро маҳкум менамоем», — омадааст дар муроҷиатномаи онҳо ба мардуми Қирғизистон.
Бо шукргузорӣ аз пойдории истиқлолият ва зикри таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, онҳо тазаккур додаанд, ки дар ноҳияи Лахш дар баробари тоҷикон чандин қарнҳо якҷоя умр ба сар бурда, дӯстона зиндагӣ доранд.
«Дӯстии мо бо мурури замон санҷишҳои бузургеро паси сар карда, мустаҳкаму пойдор гардидааст, — гуфта мешавад дар муроҷиатнома. — Муносибатҳои дӯстона ва ҳамзистии ду миллати бо ҳам қарин тӯли ин солҳо таҳкиму инкишоф ёфта, ба муносибатҳои ҳамхунию хешу таборӣ табдил ёфтааст. Дар ҳар хонадони ноҳия намояндагони ду миллат умр ба сар бурда, агар писар бо падараш бо забони тоҷикӣ суҳбат кунад, ба модараш бо забони қирғизӣ муроҷиат менамояд ва дар хонадони дигар баръакс».
Ин анъанаи нек ганҷи таърихӣ ва маънавии ҳар ду миллат буда, намунаи олии ибрат мебошад.
Ба гуфтаи қирғизони ноҳияи Лахш, онҳо аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳе, ки тибқи Конститутсия барои шаҳрвандони Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, истифода мебаранд ва зиндагии орому осуда доранд. Дар баробари тоҷикон аз обу хок ва замини ноҳия истифода намуда, дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ иштирок мекунанд ва зиндагиашонро пеш мебаранд.
«Воқеаҳои рӯзҳои охир ва муноқишаҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон қирғизони ноҳияи Лахшро нороҳат сохта, дар назди хешону ҳамсоягони тоҷик сархам намудааст. Зеро бори аввал нест, ки ин амалҳои иғвогарона бо супориши баъзе роҳбарони ҷониби Қирғизистон, бахусус президенти ин кишвар Садир Жапаров ва раиси КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев ва низомиёни он сар зада, боиси ҳалокати сарҳадбонон ва куштори аҳолии наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд».
Тамоми олам ба фарзандоне, ки боиси сарпастии ҳаммиллатҳои худ мегарданд, нафрин мехонанд. Ва мо инро дар мисоли ду нохалафе мебинем, ки хуни даҳҳо ҷавонони дил пур аз орзуву ормон ба дӯши онҳост.
Бояд душманони миллати тоҷик хуб дарк кунанд, ки тоҷикон ба молу сарват ва дороии касе чашми тамаъ надӯхтаанд. Аз комёбиҳои дигар миллатҳои дунё ҳасад набурдаанд ва танҳо барои сулҳу салоҳ талош кардаанд. Вале намегузоранд, ки қадами номубораки нохалафе хоки муқаддаси диёрашонро олуда созад.
Пиру барно ҳамеша ҳушёру бедор, таҳти парчами диёр ва ҳидояти Пешвои миллат ба сӯи ояндаи дурахшон равонанд ва ҳеҷ гуна садде наметавонад пеши роҳи ин дарёи хурӯшонро бигирад.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»