Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омили иттиҳоду некуаҳволӣ

№36 (4932) 19.03.2025

Ҳамасола чун анъана сокинони мамлакат паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро бесаброна интизор мешаванд ва онро ҳамчун роҳнамо ва барномаи комил барои фаъолияти минбаъдаи хеш мавриди корбурд қарор медиҳанд, зеро дар паёмҳои Президенти мамлакат тамоми соҳаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ барои солҳои минбаъда муайян мегардад.

Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ иброз доштанд, ки «Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст». Ин нукта аз он шаҳодат медиҳад, ки волоияти қонун, риояи меъёрҳои Конститутсия дар давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар мадди аввал қарор дошта, таваҷҷуҳ ба ин масъала хос ва доимист.

Тӯли таърих собит шудааст, ки маҳз ҷомеаи адолатпарвар устувор боқӣ монда, бемайлон рушд менамояд. Муҳаққиқон ба он назаранд, ки шакли аз ҳама самараноки давлатдорӣ соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии он маҳсуб меёбад. Дар ин робита Президенти кишвар таъкид намуданд: «Моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем».

 Боиси ифтихори тоҷикистониён аст, ки баҳри тадриҷан беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ паёмҳои Роҳбари давлат нақши муҳим гузошта истодаанд.

Ба ибораи дигар, Паём кӯшиши фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ, таъмини сулҳу субот, ободонию гулгулшукуфии кишвари азизамон – Тоҷикистонро таҳкиму суръат мебахшад.

Яке аз ҳадафҳои созанда ва афзалиятноки Ҳукумати мамлакат низ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ба шумор меравад. Бо ин мақсад дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Инчунин, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабию таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз ва маоши вазифавии кормандони соҳаҳои фарҳанг, маорифу илм, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Ин тадбирандешиҳои судманди Президенти мамлакат аз он дарак медиҳад, ки рӯз ба рӯз сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардида, барои зиндагии шоиста шароити мусоид фароҳам мешавад.

Дар баробари ин, арҷгузорӣ ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, амнияту оромӣ ва ваҳдати комил дар кишвар яке аз ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, моро мебояд ҳамчун гавҳараки чашм онҳоро ҳифз намоем. Моро лозим аст, ки баҳри таъмини суботу амният ва ҳифзи якпорчагии мамлакат беш аз пеш фаъолу ҷонфидо бошем.

Дилшод ҚОДИРЗОДА,

ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мушовири адлияи дараҷаи 3