Тибқи иттилои мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Умедҷон Шодизода дар ҳудуди ноҳия нуҳ комиссияи доимоамалкунанда ва 94 комиссияи ҷамъиятӣ амал менамояд. Дар асоси нақшаи кории комиссияҳо 10 семинар, ду маҷлиси доимӣ, 16 мулоқоту вохӯрӣ, 1320 муроҷиати шифоҳӣ ва хаттӣ ва 47 санҷиши комиссионӣ гузаронида шуд.
Соли гузашта дар ноҳия 1025 тӯйи домодиву арӯсӣ баргузор гардидааст, ки дар он 1001 сар чорвои хурд бо харҷи 5 миллиону 516 ҳазору 700 сомонӣ забҳ шуд. Дар ин давра 295 маросими азодорӣ доир гардид.
Тӯли як сол дар ноҳия 12 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ашхоси гунаҳкор протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд ва ба суд пешниҳод гардид.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти бахши танзими анъана ва ҷашну маросим кор бо иттиҳодияҳои динӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мебошад. Бо мақсади татбиқи муқаррароти қонуни мазкур корҳои таблиғию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон вусъат дода шудааст.
Ҳоло дар ноҳия масҷиди ҷомеъ ва 38 масҷиди панҷвақта амал менамояд. Дар интихоб ва ҷобаҷогузории имомони масҷидҳо ба дониш, маълумот, маҳорат ва малакаи онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад.
Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаи ҳамешагии бахш буда, дар ин самт мунтазам дар ташкилоту муассисаҳо, мактабҳо ва масҷидҳо суҳбату вохӯриҳо баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки онҳое, ки дар хориҷи кишвар ғайрирасмӣ дар муассисаҳои динӣ таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Комрони АСЛОН,
«Садои мардум»