Тақозои замон ё танбалии хабарнигорон?
Дар кишвар нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2022 доир шуданд. Нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд ва ҳар шаш моҳ рӯзноманигорон имкон доранд, ки бо масъулини сохторҳои гуногун вохӯрда, пурсишу пешниҳодоташонро ба онҳо расонанд.
Дар аксар нишастҳои хабарӣ роҳбарон аввал ҳисоботи шашмоҳа ё яксоларо ироа карда, пасон ба қисмати саволу ҷавоб мегузаранд, ки ин шеваи гузаронидани нишастҳо барои рӯзноманигорон чандон хушоянд нест. Онҳо далел меоранд, ки ҳисоботи вазорату идораҳо дар дасташон ҳаст ва дилхоҳ маълумотро аз он дастрас карда метавонанд. Хубтар мешавад аз аввал то охири нишаст бо пурсишу посух сипарӣ гардад.
Ду сол мешавад, ки бархе рӯзноманигорон аз расонаҳои гуногун барои обуначиҳояшон дар «Facebook» аз нишастҳои матбуотӣ мустақим пахш медиҳанд. Дар матлаби зер бо истифода аз ҳадафи рӯзноманигорон аз пахши мустақим кардан ва назари коршиносон ба ин саволҳо посух хоҳем гуфт.
КИҲО ПАХШИ МУСТАҚИМ МЕКУНАНД ВА ЧАРО?
Ҳоло рӯзноманигорон аз радиои «Озодӣ», радиои «Тоҷикистон», рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва ғайра нишастҳои хабарии ниҳодҳои гуногунро дар «Facebook» мустақим пахш мекунанд.
Муҳаққиқи интернет-журналистика ва масъули сомонаи радиои «Тоҷикистон» Фирдавси Низом чунин гуфт:
- Дар мустақим пахш кардани нишастҳои матбуотӣ яке аз аввалинҳо будем. Бо гузашти ду мавсим ин амал миёни бархе расонаҳо анъана шуд. Мақсади асосӣ ҳам мавқеъ ёфтан дар фазои маҷозӣ ва сари вақт расонидани иттилоъ ба мардум аст.
Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки журналистикаи интернетӣ рушд карда истодааст ва ин намуди журналистика то андозае дастрастар аст. Аз ин рӯ, бо пахши мустақим дар «Facebook» ба журналистика латма ворид намешавад.
Хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Рустам Одинаев мақсади мустақим пахш кардани нишастҳои матбуотиро дар «Facebook» сари вақт ба мардум расонидани иттилоот арзёбӣ кард.
- Ҳадафи мо, боварии мардумро нисбат ба шаффофияту ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ бештар кардан мебошад, — афзуд ӯ.
Сабаби дигар он аст, ки ҳоло аксари мардум аз шабакаи иҷтимоӣ истифода мебаранд ва ин амал метавонад эътимоди равобитро тақвият бахшад.
Хабарнигори рӯзномаи «Хатлон» Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ гуфт, ки пахши мустақим барои обуначиҳояш хуб аст, зеро онҳо метавонанд иттилои заруриашонро аз сохторҳои гуногун пурра дастрас намоянд.
- Хубии пахши мустақим дар он аст, ки навор ба истилоҳ қайчӣ намешавад, — илова кард ӯ.
ҲОЛАТҲОИ НОГУВОР
Пахши мустақими нишастҳои матбуотӣ дар «Facebook» баъзан ҳолатҳои ногуворро ҳам ба бор оварда метавонанд. Солҳои аввал баъзеҳо ба хабарнигорон барои ин кор монеа мешуданд.
Бархе рӯзноманигорон 5-10 дақиқа пеш аз вақти муқарраргардида пахши зиндаро барои обуначиҳояшон фаъол мекунанд ва суханоне, ки вазирону раисон пеш аз нишаст бо ёрдамчиву сухангӯҳо мегӯянд, ба самъи корбарони «Facebook» мерасад.
Ҳолати дигар коркард нашудани хабар аст. Аниқтараш, вақте ки дар баёни матлаб мавқеи журналист дида намешавад ва ҳар маълумотро аудитория ба таври хостааш қабул мекунад.
НАЗАРИ КОРШИНОС ЧИСТ?
Профессор Ҷовид Муқим ба ин назар аст, ки хабарнигорон бо сабаби танбалӣ ва аз дӯши худ бори гузоришгариро озод намудан, нишастҳои хабариро мустақим пахш мекунанд.
Бояд хабарнигорон кӯшиш кунанд, ки нақши пулро миёни мақомот ва аудитория иҷро намуда, мавзӯъҳои муҳимро коркард ва пешниҳод кунанд. Вале нишастҳои мавриди назарро мустақим пахш кардани онҳо, яъне тамоми иттилоъро якуякбора ба аудитория додан то андозае мавқеашонро коста мекунанд.
Журналист Далер Абдулло ҷонибдори мустақим пахш шудани нишастҳои матбуотӣ ва хостгори тавсеа бахшидани он аст.
- Дар ин самт журналистони мо «Амрикои нав накушодаанд», зеро таҷриба дар аксар кишварҳои олам роиҷ аст. Ин усули корро «амиқ» баррасӣ намудану аз он ҳарос доштан ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Бо ин амал мо метавонем масъулинро ба қавле, дудила кунем ва онҳо метавонанд барои ин амал монеа эҷод кунанд, — афзуд номбурда.
Хуб медонем, ки ҳоло аксарият истифодабарандаи телефонҳои ҳушманд мебошанд ва пахши мустақим имкони бештарро дар самти баҳравар гардидани шаҳрвандон аз тамошои нишастҳои матбуотӣ фароҳам менамояд. Эътироф бояд кард, ки ба ғайр аз пахши мустақим дигар дар ягон расона ва дар қолаби жанрҳои журналистӣ нишастҳои мавриди назар муфассал инъикос намегарданд.
Аз ҷониби дигар, ин амал мардумро дар шинохти роҳбарони вазорату кумитаҳо ва дигар сохторҳо амиқтар бурда, шахсияту касбият ва фаросату одоби муоширати онҳо барои аҳли ҷомеа бештар ҳувайдо мегардад.
ДАСТРАСИИ ИТТИЛООТ ДАР ҚОНУНГУЗОРӢ
Дар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ муқаррароте нест, ки ин амалро мустақим танзим намояд. Вале ба таври умумӣ ҳуқуқи дастрасии мардумро ба иттилоот кафолат додаанд. Масалан, дар моддаи 7 банди 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» чунин омадааст: «Иттилоот ба самъи умум бо роҳи дар нашрияҳои махсус чоп кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ, ҷойгир намудани онҳо дар маъхазу манбаъҳои маълумоти дастраси доираи номаҳдуди ашхоси манфиатдор расонида мешавад».
Дар моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» муқаррар шудааст, ки «Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти аниқ ба даст орад». Агар мо саҳифаҳои фейсбукии расонаҳоро як ҷузъи онҳо қабул намоем, пас амали зикршуда аз рӯи қонун ба роҳ монда шудааст.
БА ҶОИ СЕ НУҚТА
Дуруст аст, ки ҳоло баъзе хабарнигорон корро осон карда, пурра маълумоти ироанамудаи масъулини сохторҳои гуногунро ба аудитория мерасонанд ва бо ин васила, худро канор мегиранд. Дуруст аст, ки баъзе расонаҳо аз ҳисоби пахшҳои мустақим дар «Facebook» сафи обуначиҳояшонро зиёд карда истодаанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки ин амали онҳо фарқиятро миёни журналистикаи шаҳрвандӣ ва касбӣ зери суол мебарад.
Хуллас, дар замоне ки ҳар нафари телефондор худро блогер меномаду ҳар чизи хостаашро ба мардум пешниҳод менамояд, журналистони касбиро мебояд бо истифода аз донишу фаҳмиш матолиби гуногунжанру ҳирфаӣ эҷод намоянд, то мақому манзалаташон коста нагардад.
Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»