Яке аз рӯйдодҳои муҳими соли 2022 ин ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Паём дар саҳифаи таърихи соли 2022 ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, барномаи муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Тавре аз Паём бармеояд, рушди устувору босуръати ҳама тарафҳои ҳаёти ҷомеаю давлат ба сиёсати ҳуқуқӣ вобаста аст: «Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз парламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад».
Таъкиди Сарвари давлат ҳушдор медиҳад, ки ҳанӯз ҳам қонунҳои номукаммал, дорои ихтилоф ва холигиҳо ҷой доранд, ки онҳо ба рушду нумӯи ҷумҳурӣ монеъ мешаванд.
Бар ҳамин асос пешниҳод мегардад, ки ҳамкории парламенти мамлакат бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббусҳои қонунгузор ва татбиқи ҳуқуқ, вусъат дода шавад. Ин пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳоро мукаммал, сифати онҳоро беҳтар мегардонад. Субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон мебошанд. Ба субъектҳои татбиқи ҳуқуқ мақомоти олии ҳокимияти иҷроия, яъне Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти марказии идоракунии ҷумҳуриявӣ (вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар идораҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҳамчунин мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, ташкилоту корхонаҳо дохил мешаванд.
Президенти мамлакат таъкид менамоянд, ки фаъолияти мақомоти судӣ ҷиҳати таъмину таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба рушди минбаъдаи ин муносибатҳо пайваста таҳкиму такмил дода шавад. Бо мақсади иҷрои ин кор, масалан, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намояд, кадрҳоро дуруст интихоб ва ҷо ба ҷо гузорад, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳо андешад.
Мо — кормандони мақомоти судро басо хуш омад, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои экстремистию террористӣ ва ҷиноятҳое, ки ба истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ паҳн мешаванд, дар ҷумҳурӣ Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис меёбад. Дилпур будан мумкин аст, ки дар маркази ташкилшаванда маълумот доир ба терроризм, роҳу усулҳои содиршавии ҷиноятҳо, технологияи иттилоотию коммуникатсионии истифодашаванда ва дигар иттилоот гирд оварда, ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба суд, ба сифати маркази ёрирасон хизмат мекунад.
Дар айёми мо эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ барои шукуфоии кишвар, кам шудани ҷинояту ҷинояткорӣ аҳамияти ниҳоят калон дорад. Бесабаб нест, ки Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон ва дастовардҳои бузурги он — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як сокини бонангу номи диёр медонад.
«Мо, — таъкид карданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, — тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем».
Халқи тоҷик, мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, эҳёгари фарҳанги миллӣ ва бунёдгари мактаби давлатдории навин мешиносанд. Халқи тоҷик заҳмату талошҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мушоҳида мекунад ва мебинад, ки ин шахсияти таърихӣ ба тамоми паҳлуҳои ҳаёт бо чашми хирад нигариста, барои гулгулшукуфии Ватани азизаш, барои муттаҳидии халқаш донишу ғайрату тавоноияшро дареғ намедорад.
Шодӣ НАЗАРЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Файзобод