Ҳушдор

Пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист

№74 (4657) 07.06.2023

1-45 — копияМубориза бар зидди коррупсия дар ҷаҳони муосир ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, дар дунё кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ набошад.

Дар ин замина 31- уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 25-уми сентябри соли 2006 ба санади мазкур имзо гузошта, ба узвияти Конвенсияи СММ пазируфта шуд.

Барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва муборизаи гус­турда бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки баъд аз ба тасвиб расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, яъне шурӯъ аз 25-уми сентябри соли 2006, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асос­ҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои гуногуни муқовимат бо коррупсияро муқаррар ва танзим менамоянд, қабул шуда, барномасозии он дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муайяншуда то ин вақт се санади барномавӣ, аз ҷумла «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 — 2012», «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2013-2020» ва «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд.

Дар Корхонаи давлатии ­фар­ъи­и бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Айнӣ доир ба иҷрои санадҳои зикршуда нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ тасдиқ шудааст. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коррупсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба шарҳу тавзеҳ дода шуд. Бояд ёдовар гардид, ки бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2022 таҳти №10 «Дар бораи тасдиқ намудани нархномаҳо барои пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии бақайд­гирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, додани машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ, нусхабардории ҳуҷҷатҳо, дигар хизматрасонии ҳуқуқӣ ва техникии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳои ба он алоқаманд» дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, нархномаҳои зикршуда дар ҷойи муайян, бо назардошти шуъба ва бахшҳо, насб шудааст.

Мақсад аз татбиқи стратегия баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин иқдомот барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона шудааст.

Хулоса ин аст, ки пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он кори дастаҷамъӣ буда, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд дар ин самт фаъол бошанд.

Некбахт МАҲМУДОВ,

директори КДФ «БММҒ»дар ноҳияи Айнӣ