Пешвои миллат

№76 (4659) 12.06.2023

Хусусиятҳои ташаккули ин ниҳод ва сабабҳои тақвияти эътимоди ҷомеа ба он

-1500Ниҳоди Пешвои миллат дар таъриху таҷрибаи аксар кишварҳои дунё бо шаклу муҳтавои гуногун дучор меояд. Он дар ҷомеаҳои муосири демократӣ, дар кишварҳои пешрафтаи олам низ арзи вуҷуд дорад. Аз назари сиёсату маърифат зуҳури як лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ тақозои раванди давлатсозӣ дар марҳилаҳои душвори ин ё он давлат буда, на фақат дар гузашта, балки дар ҷаҳони муосир низ бунёд ва рушди кишварҳои пешрафтаи демократии ҷаҳон бо номи шахсиятҳои фавқулода бузурги ҳамон давлатҳо решапайванд аст.

Эътироф ва муттаҳидии халқ дар атрофи пешвоён ва бунёдгузорони давлатҳо таи зиёда аз дусад соли охир барои як идда давлатҳо аҳамияти бениҳоят бузург касб кардааст. Мавҷудияти чунин симоҳои таърихӣ идеяи худшиносиро ривоҷ дода, ваҳдатро тақвият бахшида, собитқадамӣ дар ҷодаи рушдро таъмин менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир дар сарчашмаҳои ҳуқуқии замонашон дахлнопазирии чунин ашхоси таърихӣ ҳамчун рамзи муттаҳидии давлат махсус зикр мешуд.

Ҳарчанд мақоми Пешвои миллат дар кишвари мо нав аст, аммо моҳиятан дар қиёс ба падидаи президент барои миллати тоҷик бештар қобили қабул буда, қаробаташ зиёдтар аст. Президент дар ҷаҳони муосир падидаи бениҳоят маъмул буда, зуҳури Пешвои миллат бошад, тақозои раванди давлатсозӣ дар марҳилаҳои душвори ин ё он давлат ба ҳисоб рафта, ба номи шахсиятҳои бениҳоят муътабар рабт дорад. Муҳим он аст, ки мақоми Пешвои миллат бо махсусият ва мероси ниёкони мо низ созгор буда, умумиятҳои таърихиаш зиёд мебошад.

Дар мисоли ҳаводиси солҳои 90-уми асри гузашта шоҳид гардидем, ки дар он солҳо ҷомеаи мо илова бар мушкилоти дигар, ба буҳрони амиқи набудани лидери умумимиллӣ низ мувоҷеҳ буд. Чунин тафриқаандозӣ боис гардид, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга занад. Дар раванди таҳқиқ ба хулоса омадем, ки агар дар он марҳилаи бениҳоят ҳассосу сарнавиштсоз шахсияти дар сатҳи умумимиллӣ эътирофшудае вуҷуд медошт, ки бо тамоми ҷасорат ва иродаи қавӣ зимоми идораи мамлакатро ба дӯш мегирифт ва ҳамчун кафили ҳифзи давлатдорӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ тамоми неруҳои сиёсиро дар атрофи худ ҷамъ меовард, шояд пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта мешуд.

Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24-уми августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард. Бо вуҷуди он ки ҳанӯз ин эъломия бо назардошти баъзе аз маҳдудиятҳо қабул гардида, соҳибистиқлолии Тоҷикистонро дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шӯравӣ муайян мекард, нахустин санаде буд, ки аз наздик шудани мамлакат ба истиқлолияти комил дарак медод. Мутаассифона, дере нагузашта муборизаҳои шадиду оштинопазири дохилӣ бо пуштибонии доираҳои хориҷии манфиатдор барои ғасби қудрати сиёсӣ оғоз гардид, ки он барои ба воқеият пайвастани орзуи деринтизори истиқлолиятёбии комили кишвар монеа шуд.

Тундравию худхоҳӣ, мансабталошӣ, ҷангу хунрезӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани ҳокимият ва сарфи назар намудани қонуну тартибот метавонад пайомадҳои ногувор ба бор оварад. Мисоли ин гуфтаҳо ҳодисаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки баъзе соҳибмансабон бетафовутиву бетарафиро пеша карда, дар ин замина аркони давлатӣ фалаҷ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сарфи назар ва силоҳ мақоми ҳукмфармоиро соҳиб гардид.

Моҳи майи соли 1992 бо талаби неруҳои мухолифин Ҳукумати муросои миллӣ ба фаъолият оғоз намуд, вале ба иллати шомил гардидани шахсони тасодуфӣ ва ғайриҳирфаӣ ба ҳайати он ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мураккаб ва вазъият боз ҳам ноором гардид.Маҳз дар ҳамин давра намояндагони солимфикри ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вакилони Шӯрои Олӣ муроҷиат намуданд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар хотима гузоранд.

Дар оғози сар задани низоъ таҳдиди ин хатарро пас аз муддати на чандон тӯлонӣ кулли мардуми кишварамон дарк намуданд, вале барои бартараф сохтани ин хатар зарурияти ба майдон, ба арсаи сиёсӣ бар­омадани шахсияти фозилу ҷасоратманде лозим буд, ки кафолати таъмини якпорчагии мамлакатро тавонад ба зиммаи худ гирад. Таърихи навини тоҷикон чунин шахсиятро дар симои Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсӣ овард ва номбурда бо ҷасорати бузурги хеш фаро­расии ин рӯзро барои ҷомеа наздиктар сохтанд. Он кас таҳти шиори «Тоҷикон худашон бояд ҳамаи масъалаҳои марбут ба Тоҷикистонро аз роҳи муколама ва гузаштҳои дутарафа ҳал намоянд» гурӯҳҳои мухолифро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва номуси ватандорӣ даъват намуданд.

Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст. Барои миллати азиятдида, ранҷхӯрда ва борҳо аз давлатдорӣ маҳрумгардидаи тоҷик дар шароити ҷаҳони ноороми имрӯза доштани пешвои сиёсӣ, эътирофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ҳамчун рамзи муттаҳидии халқ атрофи ғоя ва андешаҳои ӯ аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб намуд. Ниҳоди Пешвои миллат танзимкунандаи рӯзгори имрӯз набуда, балки васлгари ҳуқуқии даст­овардҳои неки дирӯз, имрӯз ва фардои кишвар аст.

Ҳадафи аслии таъсиси ин ниҳод муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созанда, собитқадамӣ дар роҳи рушд ва тавсеаи таҷрибаи мусбати ватандорист. Дар ин ҷода одитарин ва олитарин хислати инсонӣ — қадршиносии заҳмати фарзанди содиқу вафодори миллат меҳвар аст. Миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале бузургтару саодатмандтар, ба қавли сиёсатшиносон, миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони барҳаёти худ мерасад.

Таҷрибаи давлатҳои мутамаддин собит менамоянд, ки давлатҳои гузаштаю имрӯза хизматҳои содиқона, созанда ва тақдирсози чунин фарзандони қаҳрамони худро мадди назар гирифта, ҳанӯз дар айёми дар қайди ҳаёт буданашон бо мақсади нигоҳ доштани меросияти таърихӣ ва рушди бонизоми ҷомеа ва давлат, симо ва шахсияти онҳоро ҳамчун қаҳрамон, пешво ва падари миллат ва давлатҳо эътироф намудаанд. Чунончи, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико онҳоро ба ҳайси «Падарон — асосгузорони давлати Амрико» (Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷефферсон, Ҷеймс Медисон, Александр Гамилтон), Туркия — «Падари миллати турк» (Камол Отатурк), Ҳиндустон — «Падари миллати ҳинду» (Маҳатма Гандӣ) ва «Бунёдгузори давлати ҳинд» (Ҷавоҳирлаъл Неру), Ҷумҳурии Исломии Покистон — «Падар — асосгузори давлати Покистон» (Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ) ва дар Сингапур — «Асосгузори давлати Сингапур» (Ли Куан Ю) эътирофу арҷгузорӣ кардаанд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аз ин кор демократияи ин давлатҳо ва ё дигар озодиҳояшон ҳеҷ зарар надида, баръакс онҳо ба ин васила, ибтидои давлатдории худро аз назари ҳуқуқӣ эълон карда, роҳи рушди босуботи давлатро ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ ҳифз намудаанд.

Хосияти дигари муҳими ин иқдом дар он зоҳир мегардад, ки бунёди мустаҳками маънавӣ дошта, ба ҷуз муносиботи муҳими иҷтимоӣ, инчунин рӯҳияву маънавият ва унсурҳои муҳими равониву эстетикӣ ва ахлоқии мардумро мадди назар аст.

Меҳвару ҷавҳари ибтикор вобаста ба таъсиси ин ниҳод ҷонфидоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, ки дар бунёди давлати миллӣ, ташаккули миллат, истиқлоли сиёсиву давлатӣ, эҳёи расму оин ва анъанаҳои фарҳангӣ, аз як кишвари дар вартаи нобудӣ қарордошта ба давлати рӯ ба инкишоф расонидани Тоҷикистон, дар маркази ғояи миллӣ қарор додани идеяи зиндагисози ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки чунин шахсиятҳо хеле кам рӯи саҳнаи сиёсат меоянд ва дар соҳаҳои муҳими ҳаёти мардум — иқтисоду иҷтимоиёт, илму фарҳанг, рӯҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову кишварҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоранд.

Аз ин нуктаи назар, он ақида, ки дар давраҳои мушкили таърих шахсиятҳое ба арсаи сиёсат омада, сарнавишти миллатҳо ва давлатҳоро куллан тағйир медиҳанд, ягон тобиши асотириву метафизикӣ надошта, асоси устувори илмӣ доранд ва бояд таъкид кард, ки чунин равиши андеша ба зуҳуроте, чун авторитаризму шахсиятпарастӣ ҳеҷ муносибате надоранд.

Ҳақ ба ҷониби доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода аст, ки нигоштааст: «Ниҳоди сарварии Пешвои миллати мо мактаби бузурги давлатдорист, ки ҳар як шахси худшиносу худогоҳ ва дорои эҳсоси баланди ватандорӣ бояд онро омӯзад. Таҳаммулпазирӣ, фарҳанги баланди сиёсӣ, инсонгароӣ, адолатпешагӣ арзишҳое ҳастанд, ки пойдории ин ниҳодро таъмин намуда истодаанд. Ӯ тавонистааст, эътимод ва эътирофи мардумро соҳиб гардад.

Фаромӯш набояд кард, ки рӯҳияи баланди сарвари сиёсӣ қодир аст ба рӯҳияи ҷомеа таъсири қавӣ расонида, онро барои ба даст овардани мақсадҳои гузошта роҳнамо бошад. Рӯҳияи лидерӣ ҳамон рӯҳияест, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳо шикаста намешавад, баръакс, метавонад дар умқи ҷомеа боварию эътимодро баҳри пирӯзиҳо ҷой намояд».

Дунёи муосир марҳилаеро айни замон пушти сар менамояд, ки арзишҳои як замон босуботу маънидор акнун мақому мартабаи аввалаашонро босуръат аз даст медиҳанд ва фурсати хеле кӯтоҳу таъхирнопазир барои эҷоди арзишҳои нав дар ихтиёри инсоният мемонад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо нақши шахсиятҳои таърихие, ки чунин равандҳоро таҳти таъсири малакаю қобилияти баланди мудирияти иҷтимоию сиёсии худ қарор дода тавонанд, ба маротиб боло меравад.

Аз ин рӯ, мақоми чунин шахсиятҳоро инсоният дар саҳифаҳои таърихии хеш бо унвонҳои гуногуни рамзӣ машрӯъияти иҷтимоӣ бахшидааст ва бо ҳамин арзи эҳтироми худро ба хизматҳои онҳо баён намудаанд. Агар аз ин дидгоҳ ба тасмими ҷомеа нисбат ба эътирофи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат мувоҷеҳ шавем, мебинем, ки он аз эҳтироми мардуми мо ба ин шахсияти бузург бо назардошти хизматҳои арзишмандаш дар таъмини ҳифзи истиқлолияту якпорчагии ин сарзамин, эҷоди фазои сулҳу амният, муаррифии чеҳраи тамаддунофари тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ, рушди гуногунҷанбаи мамлакатамон ва ғайра сарчашма мегирад.

Комилан бо сиёсатшинос А. Раҳнамо ҳамфикрам, ки чунин назар дорад: «Пешвои миллиро набояд бо падидаҳои манфие чун шахсиятпарастӣ, авторитаризм, мадҳу ситоиши роҳбар канори ҳам гузошт. Пешвои миллӣ шахсиятест, ки маҳз бо ифои нақши воқеии сарнавиштсоз барои давлату миллати худ сазовори эътирофи умумимиллӣ гашта, масъалаи пешвоии ӯ ба таври табиӣ ва воқеӣ аз тарафи ҷомеа қабул мегардад. Пешвои миллӣ ба таври сунъӣ ё бо мадҳу сано сохта намешавад, балки он маҳсули як марҳалаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст».

Агар мақсади таъсиси ниҳоди Пешвои миллат расмияти ҳуқуқӣ бахшидан ба воқеият бошад, пас воқеияти 31 соли охири мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон исботи он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари хирадманду дурандеш, дар паи саодати мардум собитқадаму заковатманд, бунёдгузори давлати миллӣ ва наҷотбахши миллат, раҳнамои фардои зиндагии шоиста ва ба таври хулоса — Пешвои воқеии миллат кайҳо эътироф шудаанд ва иқдоми мазкур ҳамин ҷойгоҳи табиӣ ва рисолати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рӯи сафҳаи қонун дарҷ намудааст.

Шоҳид будем, ки солҳои 1990-1992 президентҳои интихобгардида зери фишору таҳдидҳои гурӯҳҳои мусаллаҳу ифротӣ истодагарӣ карда натавониста, идоракунии давлат­ро аз даст доданд. Ин беҳокимиятӣ Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда, боиси ҳалокати ҳазорон нафар ва гуреза шудани зиёда аз як миллион сокини кишвар гардид. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолият бозмонда, мардуми бегуноҳ ва бисёр арбобони давлатию ҷамъиятӣ қурбони террористон гардида, садҳо бинову иморат ва манзилҳои истиқоматӣ несту нобуд карда шуданд. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари кишвари тозаис­тиқлоли тоҷикон интихоб гардида, бо шиори «Ман ба шумо сулҳ меорам» умеди мардумро дубора ба ояндаи неки кишвару давлат зинда карданд.

Аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов чунин эътироф карда буд: «Толеи баланди мардуми Тоҷикистон будааст, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуд. Ӯ аз байни мардуми заҳматкаш баромада, қадри одаму тақдири миллатро ба қалбаш пайваст. Аз рӯзи аввал ҳамаи дониш ва қувваташро барои қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ, бозгардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба мамлакат, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ сарф намуд. Барои ҳалли ин масъалаҳо Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта, чандин маротиба ба сафари хавфнок равона шуд. Ӯ хешро ҳамчун тимсоли некӣ нишон дод. Дар солҳои аввали кориаш Эмомалӣ Раҳмон имкон надошт, ки ҳаматарафа ба рушди кишвар машғул шавад. Баъд аз ором гаштани вазъият Президенти мамлакат ба эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва рушди ҳаматарафаи он шурӯъ намуд».

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қадршиносӣ эҳтиёҷ надоранд, балки мардуми Тоҷикистон ба ҳифзи ин дастовардҳо эҳтиёҷ дошта, тақдири ояндаи давлатамон ба ҳифзи таърихии ин роҳи ормонии шурӯъгардида зарурат пайдо кардааст.

Бегуфтугӯ, ҳар нафаре, ки барои давлату миллат хизмат кардааст, масъулияти давлату миллатро дар қадршиносии худ пайдо менамояд. Ин қадршиносӣ аз эътирофи ғалабаи некӣ ба бадӣ, дар ватандории мост, ки аз истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва аз оғози роҳпаймоӣ ба сӯи давлати демократӣ ва эътирофи сиёсиву ҳуқуқии давлати Тоҷикис­тон шаҳодат медиҳад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.

Туфайли хизматҳои бузурги зикр­шуда муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон сазовори унвонҳои олӣ: Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шуданд. Ин ҳама маҳсули азми қавӣ ва нияти нек аст, яъне мақсаду ормонҳои дар марҳилаи аввали давлатдорӣ муайянкарда мебошад.

Ба гуфти директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»-и назди Президенти мамлакат Абдураҳим Холиқзода, «Агар Рӯдакӣ адабиёти тоҷику форсро поя гузошта, баъд аз араб зинда карда бошад, Исмоили Сомонӣ нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷикро дар паҳнои анъанаи идоракунии қадимаи халқамон бунёд намуда, устод Садриддин Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромӯшӣ забон ва адабиёти ғановатманди тоҷикиро боз ба курсӣ нишонида, аллома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шоҳасари «Тоҷикон» нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои таърихи гумшудаю тороҷшуда ҷамъоварӣ карда, роҳи пуршебу фарози таърихии халқро ба илми таърихи ҷаҳонӣ ворид сохта бошад, ­Эмомалӣ ­Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикис­тонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбун­ёд дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуда, ҷиҳати қадршиносии ҳамаи корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам овард».

Ба андешаи инҷониб, барои ба маънои том Пешвои миллат эътироф гардидан сифатҳои дигари шахсӣ низ афзалият доранд, ки онҳоро ҳеҷ санад қодир нест, ки танзим намояд. Яке аз онҳо ҷасорати шахсӣ аст, ки дар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ­баръало буд. Суханони «Баҳри истиқрори сулҳ ва бозгашти ҳама гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам»-ро муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд. Дар солҳои минбаъда низ борҳо исбот карданд, ки қавлу амали ин Абармард як аст.

Чун нияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нек ва иродаашон хастагинопазир буд, дар марҳилаи аввали давлатдорӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, комёб гардиданд. Дар робита ба ин ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки кишвари мо танҳо соли 2000-ум ба марҳилаи рушд ворид шуд. Ислоҳоти соҳаҳо, мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз, рушди иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ идомаи мантиқии ибтикори ба сифати Роҳбари мамлакат амалинамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ С. Ятимов барҳақ навиштааст, ки: «Таҳқиқ ва омӯхтани маводи таърихӣ дар асоси далелҳои муътамад ба мақсади муайянсозии ҳақиқати таърихӣ яке аз ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат мебошад. Ӯ донистани қонунмандӣ ва ҳаракати тафаккурро ба хотири дарки раванди шаклгирии воқеияти тақдири миллат пояи маърифатнокӣ мешуморад. Ҷараёни расидан ба қадри Ватани аҷдодӣ, шинохти аслияти фардӣ ва арзишҳои миллиро бо зарурати дарки суботу оромиш ва сулҳу осоиш ҳамчун асоси пешравии ҷомеа, дар андӯхтани донишҳо, аз бар кардан ва омӯхтани сарнавишти миллати тоҷик медонад».

Бамаврид аст аз он ёдовар шавем, ки дар ин марҳила Пешвои миллат бо ҷасорати хос ва беназир, бо вуҷуди фузун будани садду камбудиҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафҳои стратегӣ эълон намуданд. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки дастовардҳои минбаъда аз ин ибтикор маншаъ гирифтаанд.

Ҳадафҳои стратегии эълоннамудаи Президенти кишвар барои ҳалли душвортарин мушкилот саҳми бориз гузошт. Гувоҳи ин аз 80 фоиз ба 26 фоиз паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Пешвои миллат на танҳо давлати тоҷиконро асос гузоштанд, балки рӯҳи миллиро аз лиҳози назариявӣ ва сиёсиву амалӣ ҳамчун ҷаҳонбинии миллӣ эҳё карда, қувват бахшиданд.

Рисолати инфиродӣ ва таърихии Пешвои давлатӣ дар сарнавишти давлатҳо аз он иборат аст, ки бо донишу таҷрибаи бузурги худ мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, шароити ҳифз, рушд ва интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои давлатдории миллиро фароҳам меоваранд. Хушбахтона, имрӯз зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии давлатдории мо мебошад.

Аз ин лиҳоз метавон хулоса намуд, ки зуҳур ва ташаккули пешвои миллӣ ё лидери сиёсии миллат дастоварди қобили мулоҳизаи бунёдии давлат ва миллати мо мебошад. Зеро, тавре таъкид шуд, ташаккули лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофёфтаи давлатӣ як зарурати асосии марҳалаи эҳё ва барқарории давлатҳо буда, зуҳури он тамоми таърихи минбаъдаи давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад. Аз ҷониби дигар, тафаккури стратегӣ, қобилияти пешбинии раванди ҳаводис, сиёсати дурандешона ва озмудашудаи Сарвари давлат, ки рушди босуботи Тоҷикистонро таъмин намудаанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сафи сиёсатмадорони оқил ва боистеъдоди ҷаҳон ворид намуданд.

Илова ба ҷанбаҳои зикршуда, тамоюли афзоиширо касб намудани эътимоди мардум ба Пешвои миллат ба он вобаста аст, ки зери роҳбарии номбурда мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта, ҷанбаҳои шаклӣ, сохторӣ, мазмунӣ ва арзишии он дар сатҳи ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосир ба вуҷуд оварда шуданд. Қаноатмандии шаҳрвандон ва тақвияти эътимодашон аз он аст, ки бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки меъёрҳои демократӣ, аз ҷумла моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, фаъолияти парлумони касбӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарҳуқуқии занону мардон, озодии виҷдону эътиқод дар умури давлатдорӣ, меҳвар гарданд.

Бунёди роҳҳои мошингард, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои умумии иттилоърасонии сартосарӣ ва ғайра, ки дар саргаҳи онҳо Пешвои миллат қарор доранд, эътимоду эҳтироми тамоми қишрҳои ҷомеаро ба номбурда беш аз пеш тақвият бахшид.

Миёни корнамоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи пойдор дар Тоҷикистон манзалати хоса дошта, ҳатто мухолифони сиёсии ӯ онро эътироф мекунанд.

Ин фарзанди фарзонаи миллат пояҳои фалаҷгардидаи давлатдориро аз сифр оғоз, хазинаи ба ғоратрафтаро ғанӣ, артишу сохторҳои қудратиро аз нав таъсис дода, мақоми миллати тоҷикро дар арсаи байналмилмилӣ бесобиқа баланд бардоштанд. Мардум хуб медонанд, ки на ҳар кас аз уҳдаи ин кори мушкилу сангин баромада метавонад.

Омили дигаре, ки ба тақвияти эътимоди ба ниҳоди Пешвои миллат дар ҷомеа боис гардид, муборизаи оштинопазири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷинояткорӣ ва тадбирандешиҳои бетаъхир баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.

Дар хотир дорем, ки дар давраи баъдиҷангӣ дар дасти аҳолӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳи оташфишон қарор дошта, он оромии сокинони кишвар ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор мекард.

Бо қабул ва дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ» (моҳи декабри соли 1994) аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даҳҳо ҳазор мил силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ мусодира карда шуд, ки он дар таҳкими оромию суботи ҷомеа нақши босазо дорад.

Ба шарофати ин иқдом айни ҳол Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз лиҳози бехатарӣ барои ҳаёти шаҳрвандон дар ҷойҳои аввал қарор дошта, пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ба рӯйхати 10 шаҳри барои зиндагӣ амнтарини дунё шомил шуд.

Хулоса, ба шарофати ҷонфидоӣ, поквиҷдонӣ, қонунмеҳварӣ ва ҷасоратмандии муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин шуд ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

Ифтихормандем, ки зери сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун давлати мус­тақил ба воқеияти инкорнопазири таърихӣ ва сиёсӣ табдил ёфт. Ин ҳама ба халқ ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи кишвар мусоидат мекунад.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»