Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳнамо ба фардои нек

№15 (4755) 31.01.2024

53426450594_c134a14f26_oИроа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мужда барои ҳар хонадони тоҷик аст. Паём ҳар сол дар арафаи соли нави мелодӣ садо дода, файзу баракат ва хушҳолию болидарӯҳӣ ҳадя менамояд.

Паёми навбатӣ, ки онро 28 декабри соли 2023 бо ифтихори баланди миллӣ гӯш кардем, фарогири дастовардҳои Тоҷикистон дар ҳафт соли охир буд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки новобаста ба вазъи ноороми ҷаҳон, тағйирёбии иқлиму ҳодисаҳои нохуши табиӣ Тоҷикистон тавонист дар ҳама самтҳо ба пешравии назаррас ноил гардад. Соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли 2022-юм 8,3 фоиз зиёд ва ба 130 миллиард сомонӣ расид. Қисмати даромади буҷет 102,5 фоиз таъмин гардида, Ҳукумат уҳдадориҳои иҷти­моии худро дар назди шаҳрвандон сарбаландона иҷро намуд. Ба ин мақсад аз ҳисоби буҷет беш аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Пешвои миллат бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки дар солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумат ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии иқтисод, инкишофи неруи инсонӣ, тақвияти рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, зиёд намудани имконоти содиротии мамлакат, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва некуаҳволии мардум равона шуда, ин раванд бомаром идома меёбад.

Дар Паём муқоисаи рушди иқтисодии мамлакат хеле мушаххас буд. Иброз гардид, ки дар ҳафт соли сипаришуда рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзуда, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112, 7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз ду баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид. Боиси қаноатмандӣ аст, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 фоиз дар соли 2023 паст шуд. Таъкид гардид, ки: «Агар чунин раванди ободкорӣ минбаъд низ аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикис­тон ва Ҳукумат амалӣ гардад, дар ҳафт соли оянда сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз паст мегардад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар соли 2024 бо амалӣ намудани тадбирҳои пешбинигардида рушди иқтисоди миллиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоем».

Ғамхорӣ дар ҳаққи оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, пардохти ҷубронпулиҳои яквақта ба шаҳрвандони аз офатҳои табиӣ зарардида дар мадди назари Сарвари давлат буда, дар ин муддат ба ин мақсад 2 миллиарду 70 миллион сомонӣ равона гардидааст. Зикр шуд, ки дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, ба ин мақсад 61 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Дар Паём Вазорати молия муваззаф гардид, ки якҷо бо сохторҳои дахлдор дар наздиктарин муҳлат низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро роҳандозӣ ва низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳама соҳаҳо таъмин намояд.

Дар Паём аз рушди соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия, бунёди роҳҳои муосир, рушди кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ дар ин солҳо ва минбаъд сухан рафт. Таъкид шуд, ки мо ба рушди иқтисоди мамлакат аз соли 2000-ум, яъне ҳамагӣ 23 сол пеш оғоз намудем.

53426289068_f047720c5a_oБа таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, рушди босуръати саноат ба рушди соҳаи энергетика ва таъмини корхонаҳо бо барқ вобастагӣ дорад. ­Мужда доданд, ки «тасмим гирифтаем соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем. Бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохт­монӣ фаъолият доранд».

Дар Паём Президенти ҷумҳурӣ дастур доданд, ки Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва сохторҳои дахлдор «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040»-ро қабул ва амалӣ намоянд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз, аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд мешавад.

Муҳимтар аз ҳама, ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1 июли соли 2024 набояд аз 800 сомонӣ кам бошад .

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дош­танд: «Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори баланд пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати мо дар байни ҷомеаи ­башарӣ гардид».

Бинобар ин, дастур доданд, ки бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори нав — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Хулоса, Паёми навбатӣ мо — тоҷикону тоҷикистониёнро водор месозад, ки аз ҳарвақта бештар дар атрофи сиёсати хирадмандона ва созандаю бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон сарҷамъ шуда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат дар фазои осудаи кишвар баҳри ободонии диёр, таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ камари ҳиммат бандем.

Мурод Шукурзода,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон