Панҷуми октябр зодрӯзи фарзанди фарзонаи миллат, абармарди дунёи сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони тозаистиқлол дар даҳаи охири асри ХХ аз парокандашавӣ эмин монда, ба роҳи эҳёи давлатдории миллӣ қадам гузошт ва ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид. Мо бо ходими давлатӣ, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои ҷумҳурӣ, собиқ вазири меҳнат ва хифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12 (солҳои 1990-1995) ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1995-2000), иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12 Рафиқа Мӯсоева вохӯрда, андешаҳояшонро дар хусуси тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодаи Сарвари давлат пурсон шудем:
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз давраи вакилиам хуб мешиносам. Бо боварӣ мегӯям, ки оғози роҳи расидан ба Истиқлоли ҳақиқӣ дар мамлакат аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин иҷлосияи таърихӣ, 19 ноябри соли 1992 шурӯъ гардид.
Бояд гуфт, ки мо, вакилон, баъди се соли душвору пурмашаққат тавонистем, ки бо интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ ҳамчун Пешвои ҳаққонии миллат қадами устувору муҳим гузорем.
Роҳбари тозаинтихоби мо дар он замон масъулияти сангини наҷотбахши миллат ва давлати тоҷикро ба дӯш гирифтанд. Хушбахтона, дар ин ҷода муваффақ шуданд. Мо шоҳидем, ки тамоми ҳидоятҳояшон, даъваташон, хоҳишу дархосташон танҳо барои пойдории сулҳу дӯстӣ, якпорчагӣ ва наҷоти миллат буд. Ҳама кӯшишу талошашон барои гирифтани пеши роҳи хунрезӣ буд. Пешвои миллат тайёр буданд, ки барои расидан ба сулҳ ва беҳбудии халқу Ватан худро қурбон намоянд. Тамоми душвориҳоро далерона, бо ҷасорату мардонагӣ паси сар мекарданд.
Дар нахустин суханрониашон дар Иҷлосияи XVI Сарвари навтаъиншудаи давлат андешаҳояшонро доир ба масъалаҳои муҳимтарин — созиш кардани ҷонибҳои даргир, ҳифзи давлатдорию ҳукумати қонунӣ баён карда, аз ҷумла, изҳор намуданд, ки ҷонибдори бунёди давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастанд.
Мо шоҳид будем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соатҳои аввали Сарвари давлат интихоб шуданашон чӣ гуна ба ҳалли масъалаҳои дарпешгузошта шурӯъ намуданд. Ин ташаббусҳо аз башардӯст ва хирадманд будани роҳбари ҷавони мамлакат башорат медоданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи ҳаёти сокинони кишвар, ки иҷборан тарки манзилу кошонаҳои хеш мекарданд, ба кори иҷлосия танаффус эълон намуда, ба минтақаҳои доғи кишвар мерафтанд ва шахсан бо мардум вохӯрда, аз аҳволашон огаҳ ва бо асли воқеа аз наздик ошно мешуданд ва пас аз бозгашт ба мо, вакилон, чигунагии вазъиятро мерасониданд.
Ин мулоқотҳо барои халқ низ хеле муҳим буданд, чун онҳо дар симои Роҳбари давлат ҳомиву пуштибони худро медиданд ва ин вохӯриҳо барояшон умед мебахшид, ба ояндаи нек бовар мекарданд. Роҳбари ҷавони мо, ки бо халқ наздик буд, дарди халқро бештар аз ҳама дарк мекард.
Ин таҷрибаро Пешвои миллат то ҳол идома дода, ҳамеша зимни сафарҳои кориашон ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо мардуми одӣ, собиқадорони меҳнат, сарбозони қаторӣ ва донишҷӯёну хонандагони мактабҳо самимона мулоқот менамоянду аз рафти таҳсилу хизмат ва ҷараёни кору фаъолияташон огоҳ мешаванд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шуданашон ба таъсиси ҳайати нави мақомоти нави олии ҳокимияти давлатӣ шурӯъ карданд, зеро дар он вақт тамоми ҳайати қаблӣ ба истеъфо рафта буданд. Бо иштироки шахсӣ ва роҳбарии он кас ба ҳайати Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои вазирони мамлакат намояндагони тамоми неруҳои сиёсии ҳамон вақт дар мамлакат амалкунанда, зодагони минтақаҳои гуногуни кишвар, намояндагони дигар миллату пайравони адёни гуногун, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доштанд, шомил гардиданд. Миёни онҳо бонувон низ буданд. Тавре вақт нишон дод, ин иқдоми роҳбари ҷавону дурандеши мамлакат барои сазовори боварии мардум гардидан ва дар дили онҳо ба ояндаи нек шуълаи умед афрӯхтан зарур будааст.
Барои ҳар як кишвар доштани Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ ва Конститутсия шарти муҳими давлатдорӣ ба шумор меравад. Мутаассифона, бинобар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ мо ин рамзҳои давлатиро ҳанӯз қабул накарда будем. Ниҳоят, 24- уми ноябри соли 1992, баъди баҳсу музокираҳои зиёд (пас аз яксолу ду моҳи эълони Истиқлолияти давлатӣ), вакилон дар Иҷлосияи таърихӣ Парчам ва Нишони давлатиро қабул намуданд.
Пас аз ду рӯз (26 ноябри соли 1992) бо даъвати Сарвари давлат намояндагони Фронти халқӣ ва мухолифини мусаллаҳ барои оғози мусолиҳа ва халъи силоҳ дар иҷлосия ширкат варзиданд. Музокираҳо тезутунд буданд. Дар ин асно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минбар баромада, эълон намуданд, ки ба толори иҷлосия Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шавад. Ҳама ширкаткунандагони иҷлосия, аз ҷумла сарварони гурӯҳҳои мусаллаҳ аз ҷо бархоста, кафкӯбӣ карданд. Вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчамро бӯсиданд, роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ низ аз ин ташаббуси таърихии Пешвои миллат руҳу илҳом гирифта парчамро бӯсиданд. Дар он лаҳзаи ҳассос дар толор касе набуд, ки аз ҳаяҷон ашк нарехта бошад.
Баъди баргаштан аз Хуҷанд моҳи декабри соли 1992, маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат корҳо оиди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол сар шуд. Дар Иҷлосияи XVII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи конститутсионӣ бо раисии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Роҳбари ҷавони мамлакат дар баробари барқарор кардани сохти конститутсионӣ, осоиштагию амният, таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ ва баргардонидани гурезаҳо, инчунин, дар таҳияи матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок менамуданд. Бо пешниҳоди он кас матни лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умумихалқӣ ва баъдан қабули он бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шуд. Бо дастгирӣ ва интихоби халқ ҳокимияти президентӣ дар Тоҷикистон мустақар гардид, зеро бунёди давлатдорӣ, модернизатсияи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, дар шароити марҳилаи гузариши ҳокимияти давлатӣ мебоист мустаҳкам ва қавӣ бошад.
Дар идомаи ташаббусҳои сулҳҷӯёна Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ оғоз ёфтанд, 5 майи соли 1994 зери сарпарастии СММ бо ҷониби мухолифин гуфтушунидро оғоз намуданд.
Дар ёд дорам, ки роҳи сулҳ чӣ гуна душвор буд, Пешвои миллат чӣ талошҳо мекарданд. Дар он вақт қувваҳое буданд, ки муқобили сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат амал мекарданд. Барои халалдор кардани раванди гуфтушунид 30 апрели соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд ба Президенти мамлакат душманони миллат суиқасд анҷом доданд, вале ин гуна таҳдидҳо Пешвои миллатро аз тасмимашон дар роҳи расидан ба сулҳ, бунёди давлати демократию дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва пешрафта манъ карда натавонист.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба баргардонидани гурезагон ба Тоҷикистон оғоз намуданд. Ва, хушбахтона, ҳамаи онҳо баргаштанд, чунки пеш аз ҳама, ба Пешвои миллати худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил доштанд.
Баъди истиқрори сулҳ мо аз соли 2000 давраи корҳои созандагӣ оғоз гардид. Имрӯз мо гуфта метавонем, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҷомеа ва иқтисодиёт тағйир ёфта, мо ҳамчун давлат ва миллати ягона ташаккул ёфтем.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистон мавқеи арзандаи худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дар навбати худ ташаббусҳои созандаи кишвари моро дастгирӣ мекунад. Махсусан, саҳми Президентамон дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарини сайёра ва инсоният ба шумор меравад, хеле бузург аст.
Ба шарофати ташаббусҳои созанда ва сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат имрӯз мо дар фазои сулҳу оромӣ ва истиқлоли комил зиндагонӣ мекунем. Тӯли ин солҳо мо шоҳиди ободкорию созандагиҳои бешумори ин марди наку гаштем ва бояд ҳамагон дар атрофи ҳомию пуштибони худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо сари баланд бигӯем: «Мо Ватан дорем, мо Давлат дорем, мо Пешвои хирадманди миллатдӯсту халқпарвару ояндабин дорем!».
Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»