Риояи қонун маданият аст

№70 (4563) 26.05.2023

photo_2022-01-26_13-13-12Риояи қонун нишонаи маданияти баланд ба ҳисоб рафта, он ҳама вақт барои инсон талаботи асосиест, ки ҷомеа аз ӯ тақозо менамояд. Аз ҷумла, мо низ бояд дар доираи қонунҳое, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд, зиндагӣ ва фаъолият намоем. Чунин шароитро бароямон истиқлолият фароҳам овард.

Истиқлолият барои ҳар як сокини давлати мо, пеш аз ҳама, имкони зиндагии озодона ва соҳиб­ихтиёрии миллиро муҳайё сохт. Мо бояд ифтихор намоем, ки дар қатори садҳо давлати дунё дар харитаи олам чун мамлакати озоду соҳибихтиёр ҷой гирифтаем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид намудаанд, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ кори басо душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои он боз ҳам душвортар аст.

Инро мо дар мисоли таърихи навтарини худ дидем. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар қатори дигар ҷумҳуриҳои шомили ин давлати абарқудрат, Тоҷикистон низ истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Вале ҷанги шаҳрвандие, ки душманони дохиливу хориҷӣ ба хотири аз байн бурдани ин истиқлолият таҳмил намуданд, ба пора-пора шудани Тоҷикистон ва нестии миллат таҳдид намуд. Сабаби ин буҳрон, пеш аз ҳама, дар он буд, ки дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ дар идораи давлат ва сарҷамъ намудани мардум иштибоҳи зиёд содир шуданд.

Дар ҳама давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа роҳбарони оқилу доно ва бомаҳорате заруранд, ки ҷомеаро аз пасашон бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳоеанд, ки ин рисолатро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро карда истодаанд.

Дар солҳои баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ мардуми мо аз асоситарин маҳсулоти озуқаворӣ — нон сахт танқисӣ мекашиданд. Имрӯз он ба афсона табдил ёфтааст.

Даврае буд, ки яроқбадастон чӣ коре мехос­танд, мекарданд. Онҳо на аз қонун ва на аз муҳофизони қонун ҳарос надоштанд. Хушбахтона, баробари таҳкими давлатдорӣ зина ба зина ин вазъият ислоҳ гардид. Чун дар тамоми ҷомеаи пешрафта, дар Тоҷикистон зиндагию фаъоли­яти мо дар асоси қонунҳои ҷорӣ сурат мегирад. Ба ҳама маълум аст, ки дар паноҳи қонун, бо риояи қонун зиндагӣ ва фаъолият намудан ҳаёти ҳар сокини ҷомеаро осон менамояд. Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин имконро барои ҳар шаҳрванди мамлакат фароҳам овард.

Як рукни муҳими дар асоси талаботи олами муосир ва тибқи муқаррароти демократия ба сар бурдани мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили он ба шумор меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, се маротиба — солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба он тағйироту иловаҳо ворид шуданд.

Миллати мо қадимӣ ва тамаддунофар мебошад. Дар Тоҷикистон як нишонаи истиқлолияти мо — Парчами давлатист, ки агар ба таърих назар афканем, он аз Дирафши ковиёнӣ ибтидо мегирад. Эҳтироми Парчами давлатӣ — гиромӣ доштани таърихи мамлакат ва дӯст доштани ин хоки муқаддас аст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 зикр шудааст, ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихӣ қарор дорад. Бо вуҷуди ин, бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ шуданд. Барои мисол, дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Бунёди роҳҳои нав, афзудани интиқоли молу маҳсулот, барҳам хӯрдани маҳдудияти барқ, ба кор оғоз намудани ду агрегати НБО-и «Роғун», ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон, таҳияи силсилачорабиниҳои ободкорӣ дар тамоми шаҳру деҳоти мамлакат ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳое ба шумор мераванд, ки маҳз ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум амалӣ гардиданд. Дар ин замина имкон фароҳам шуд, ки нишондиҳандаи миёнаи дароз­умрии аҳолӣ ба 75 сол расида, шумораи аҳолӣ дар мамлакат аз 5,4 миллион нафари соли 1990 ба 10 миллион нафар расад.

Яке аз масъалаи муҳиме, ки дар ҷомеаи мо амалӣ мегардад, ин пайваста таҳкиму такмил ёфтани фаъолияти мақомоти судист. Мутобиқи моддаҳои 5 ва 14 Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсон, ҳуқуқ озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Мувофиқи моддаи 17-уми Конститутсия, ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Дараҷаи гуноҳ ва ҷинояти шахси судшавандаро суд муайян менамояд. Ин як раванди хеле мушкилу масъулиятнок аст.

Судяҳо вазифадоранд принсипи мубоҳиса ва баробарии тарафҳоро риоя ва роҳбарии мурофиаро амалӣ намуда, мустақилият, беғаразӣ, холисии худ ва мувозинати байни тарафҳоро нигоҳ дошта, ба иштирокчиёни парванда ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро фаҳмонанд. Илова бар ин, дар амалӣ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳояшон мусоидат намуда, оид ба оқибатҳои содир кардан ё накардани амалҳои мурофиавӣ огоҳ созанд, барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо, муқаррар намудани ҳолатҳои воқеӣ ва истифодаи дурусти қонунҳо ҳангоми ҳалли парвандаҳо шароит фароҳам оранд.

Ҳар як судя бояд масъулияти баланд ҳис намояд. Аз як тараф, агар дар мурофиа тақдири инсон ҳал гардад, аз ҷониби дигар, дар натиҷаи фаъолияти ӯ боварии ҷомеа нисбат ба суд инъикос мегардад. Бояд дар назар дошта бошем, ки ошкоро будани муҳокимаи судӣ, сари вақт ва холисона огоҳ намудани ҷомеа дар бораи фаъолияти судҳо кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ ва яке аз воситаҳои таҳкими боварии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Принсипи давлати мо тақозо месозад, ки ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, соҳибҳуқуқу озод аст.

Принсипи баробарӣ дар назди қонун ва суд, баробарии ҳуқуқу уҳдадориҳои тамоми суб­ъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи мурофиавиро дар назар дошта, нисбат ба ҳамаи иштирокчиёни мурофиаи судӣ паҳн мегардад. Аз ин лиҳоз, суд ҳангоми баррасии парванда ба шахсони иштирокчии парванда бартарият ва афзалият намедиҳад ва танҳо бояд дар асоси далелҳои мавҷуда санадҳои судии қонунӣ, қарори асоснок ва одилона қабул намоянд.

Дар Суди вилояти Хатлон ба  ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Барои он ки қонунҳои ҷорӣ риоя шаванд, онро пеш аз дигар шаҳрвандон бояд кормандони соҳаи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти судӣ риоя намоянд. Мутобиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар корманди мақомоти судӣ вазифадор аст, ки дар фаъолият волоияти қонун, шаффофият, адолати судӣ ва баррасии одилонаи парвандаҳои судиро дар доираи қонунгузории мамлакат таъмин намояд. Илова бар ин, ҳифзи содиқонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои давлату миллат, риояи ҳатмии талаботи қонун ва пешгирии ба таъхир афтодани муҳлатҳои баррасии парвандаҳоро дар мадди назар дошта бошад. Ба ибораи дигар, масъулияти мо баландтар аст ва кӯшиш менамоем, ки вазифаамонро поквиҷдонона иҷро намоем.

Нуриддин РАСУЛЗОДА,

раиси Суди вилояти Хатлон