Роҳи сулҳ осону ҳамвор набуд

№ 23.06.2023

 vahdat-1-1Дар арафаи 26-умин солгарди ҷашни миллӣ ва муттаҳидсоз аз суханрониҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд иқтибос овардем ва бо ин васила, шоҳроҳи расидан ба ваҳдати миллиро паймудем.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон 26-уми июни соли 2002 дар суханрониашон ба муносибати панҷсолагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гуфта буданд: «Рӯзҳои сахти зиндагии мо ва давраи талхи тақдирамон паси сар шуданд».

Сарвари давлат дар ҳамон суханронӣ таъкид карданд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад. Чунки мо ба ин рӯзи пурсаодат ба ивази зиёни бузурги моддию маънавӣ, ҳазорон ҷони қурбоншуда, заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд расидем.

«Таъмини сулҳу субот, пеш аз ҳама, хизмати худи халқи тоҷик аст. Воқеан, ин қаҳрамонии бемислу монанд буд ва аз ин хотир мо дар назди халқи баору номуси худ сари таъзим фуруд меорем. Зеро фақат дастгирии халқ эътимоди моро ба дурустии роҳи пешгирифтаамон қавӣ месохт ва умеди моро ба оқибати неку фарҷоми осоиштаи корҳоямон зиёдтар мекард», — таъкид карданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии зикршуда.

Бояд ифтихор кард, ки маҳз мардуми табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвари тоҷик дар лаҳзаҳои басо ҳассосу тақдирсоз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатро дастгирӣ карда, зиндагии осоишта ва меҳнати ҳалолро аз ҷангу хусумат болотар донист. Мардуми мо ба хубӣ дарк кард, ки як роҳ дорад ва он расидан ба сулҳ аст. Агарчӣ сулҳ осон ба даст наомада бошад ҳам, онро ба даст овардем, зеро рӯҳи шикастнопазирӣ дорем.

Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи панҷсолагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир ба расидан ба сулҳи комилро чунин ба ёд овардаанд: «Дар давоми ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб чор сол идома ёфтанд, эҳсоси хусумат, шубҳа ва ноумедӣ тадриҷан аз байн рафта, ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии ҳалли мушкилот ва расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ тақвият меёфт. Роҳнамои асосии мо дар ҳалли масъалаҳои баҳснок Конститутсияи мамлакат ва иродаи халқ буд».

Набояд фаромӯш кард, ки таҷрибаи мо дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Аз ин бояд ҳам ифтихор кард ва ҳам сабақ гирифт.

Ба шарофати иродаи қавии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оламиён собит кардем, ки миллати мутамаддин ҳастем ва ҳамчун кишваре, ки аз рӯзҳои мудҳиш ва сахт гузаштааст, хоҳони сулҳем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба ифтихори 10-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ  26-уми июни соли 2007 чунин гуфтаанд: «Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шароити мусоид ва кафолати воқеӣ ба вуҷуд омад, ки қариб як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонем, хонаву дарашонро обод созем ва пайвастани онҳоро ба зиндагии орому осоишта таъмин намоем».

Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.

Ҳамчунин, Сарвари давлат соли гузашта дар арафаи 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин ибрози назар карданд: «Вазифаи бисёр муҳими мақомоти давлатӣ, олимону зиёиён, аҳли адаб ва кормандони воситаҳои ахбори омма, падару модарон ва тамоми ҷомеа дар ин самт тарбия кардани насли худогоҳу худшинос, содиқ ба миллату давлати худ ва ватандӯсту ватанпараст мебошад».

Хулоса, ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдир, шарти пешрафти кишвар ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»