Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳнамои фардо

№16 (4599) 25.01.2023

Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид, фаъолияти кормандони мақомоти қудратӣ, аз ҷумла мақомоти судӣ низ, ҳаматарафа таҳлил карда шуд. Роҳбари давлат дар суханрониашон, аз ҷумла, чунин изҳор намуданд: «Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад. Бинобар ин, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд».

Рӯз то рӯз дар олам гурӯҳҳои тахрибкор фаъол шуда истодаанд, ки мехоҳанд авзои ҷомеаро ноором созанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид низ андешаҳои ҷолиб ба миён гузошта, аз ҷумла, таъкид карданд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».

Бо мақсади ҷилавгирӣ аз ин зуҳурот ва тақвият бахшидани мубориза бо ин амалҳо Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки муҳим ва саривақтист: «Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад».

Чун анъана Сарвари давлат дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаҳои навбатиро гузошта, аз онҳо меҳнати ҳалолу содиқонаро талаб намуданд ва таъкид карданд: «Рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд.

Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад. Ин масъала дар навбати худ ҳамкории парламентро бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ, талаб менамояд».

Тавре дар Паёмашон Президенти мамлакат таъкид карданд, кишвари мо танҳо дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, сарбаландона баромада метавонад ва илова намуданд: «Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйир­ёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, саҳми босазо хоҳад гузошт».

Президенти мамлакат баҳри беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми кишвар доимо ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар Паёмашон низ пешниҳод карданд, ки давоми сол маош ва нафақаҳои қишрҳои алоҳидаи ҷомеа баланд бардошта шавад. Дар мавриди кормандони ҳифзи ҳуқуқ Роҳбари давлат иброз доштанд: «Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:

- аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад».

 Ин дастгирӣ ва ҳавасмандӣ моро водор мекунад, ки боз ҳам содиқона хизмат намуда, баҳри волоияти қонун ва тантанаи адолати иҷтимоӣ тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, зеро ободию осудагии Ватан ба ҳар яки мо – шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст.

Шарифхон САЙДАЛИЗОДА,

судяи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе