Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳнамои тақдирсоз

№51 (4947) 21.04.2025

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ҳамчун ҳуҷҷати беназир ва роҳнамои рушду такомули тамоми бахшҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, дар ҳама самтҳо дурнамои рушди устувори кишвар равшан таҷассум гардидааст.

Президенти кишвар дар Паём соҳибкориро омили калидии рушди иқтисод номиданд. Зикр шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҷалби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ, ҷорӣ намудани сабукиҳои андозӣ ва кам намудани монеаҳои маъмурӣ чораҳои нав андешида, таваҷҷуҳи махсус ба рушди соҳибкории хурду миёна ҳамчун воситаи асосии эҷоди ҷойҳои нави корӣ равона мегардад. Таъкид шуд, ки рушди иқтисодӣ бояд ба принсипҳои устуворӣ, худтаъминкунӣ ва рақобатпазирӣ асос ёбад.

Ҳамзамон, Пешвои миллат зарурати таҳкими иқтидорҳои дохилӣ, махсусан дар соҳаҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ, инчунин, густариши ҳамкориҳои байналмилалиро таъкид намуданд. Яъне, бо ташаббусу ибтикороти бевоситаи Пешвои миллат Тоҷикистони азизи мо ба яке аз марказҳои бузурги энергетикии минтақа табдил меёбад. Лоиҳаҳои бузурги гид­роэнергетикӣ, аз ҷумла НБО «Роғун», на танҳо талаботи дохилиро таъмин мекунанд, балки ба содироти неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамоянд.

Яке аз омилҳои таҳкимбахш ва самарабори рушду равнақи ҷомеаи муосир фаъолияти назарраси бахши судӣ мебошад, ки дар ин замина таваҷҷуҳи Пешвои миллат бештар ба фаъолияти шаффофи судӣ нигаронида шудааст, зеро ин ҷанбаи фаъолияти судӣ яке аз марҳилаҳои ҳассос ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад.

Тӯли солҳои охир барномаи муҳими ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумат татбиқ шуд ва Сарвари муаззами давлат бори дигар таъкид намуданд, ки «тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад ва бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» тасдиқ гардид. Татбиқи барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид».

Хушбахтона, ҳоло дар кишвар тавассути сиёсати одилонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 -2030 амалӣ шуда истодааст. Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Муҳимияти ин нуктаро Президенти кишвар дар Паём аз 28-уми декабри соли 2023 чунин зикр карданд: «Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамоянд».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоду боварии комил ба кормандони соҳа чунин изҳор намуданд: «Итминон дорем, ки роҳбарият ва кормандони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шурои адлия ва Прокуратураи генералӣ бо дарки масъулияти баланди касбӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ, таъмини волоияти қонун ва гузашта аз ин, дар роҳи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва ташкилотҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд».

Ин боварию эътимод ҳисси ­масъулияти ҳар як корманди соҳаро боз ҳам бештар менамояд. Хурсандиовар он аст, ки бо саъю талоши бевоситаи Сарвари муаззами давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон сатҳи зиндагии сокинони ҷумҳурӣ сол ба сол хубтару беҳтар мешавад. Ҳамчунин, боиси нишоту ифтихор аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҳдиду хатарҳои афзояндаи ҷаҳониву минтақавӣ ва бо мақсади пайгирӣ намудани вазифаҳои муайяншуда дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат мунтазам чораҳои судманду манфиатбахшро амалӣ менамояд.

5-уми декабри соли 2024 Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъкид доштанд, ки «Ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо буда, нақшу мавқеи он дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим аст. Дар ҳамин асос, соли 1995 барои рушду такмили фаъолияти мақомоти судӣ шаш қонуни конститутсионӣ қабул карда шуд. Қонунҳои зикршуда фаъолияти судҳои кишвар ва низоми судиро мукаммал гардониданд».

Мо, кормандону масъулини судҳо ва тамоми шаҳрвандони кишвари азизамон, набояд фаромӯш намоем, ки ҳар як дастуру супориши Президенти кишвар ҳидоятгару роҳнамои ҳақиқии миллат барои солҳои оянда мебошад ва Паём чун ҳуҷҷати тақдирсоз на танҳо самтҳои сиёсати давлатӣ, балки рушду тараққии худи Тоҷикистони мустақили моро муайян месозад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи ҷумҳурии азизамон ба меҳнати софдилонаю пурбаракат машғул гашта, бо фаъолияти содиқона ба нафъи Ватани азизамон хидмати шоистаю назаррас намоем.

Шодӣ НАЗАРЗОДА,

судяи суди ноҳияи Файзобод