Бо чунин ном чоруми майи соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ — амалии муштараки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ- тадқиқотӣ, устодони донишгоҳҳо, коршиносони соҳаи иқтисод ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки асоси таҳияи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» — ро се принсипи рушди оянда: а) боздоранда (пешгирии осебпазирии рушди оянда), б) саноатикунонӣ (баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ), в) инноватсионӣ (рушд дар асоси навовариҳо дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ — иқтисодии кишвар) ташкил менамоянд.
- Стратегияи мазкур аз се панҷсола иборат буда, марҳилаи гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ (солҳои 2016 — 2020) анҷом ёфт. Ҳоло марҳилаи рушди босуръати иқтисодиёт бо мақсади ҷалби сармоя (солҳои 2021 — 2025) ҷараён дорад. Марҳилаи сеюм тадриҷан ба анҷом расонидани саноатикунонӣ тавассути тақвияти зарфият, алалхусус рушди илм ва навоварӣ (солҳои 2026 — 2030) — ро дар бар мегирад, — гуфт Хайриддин Усмонзода.
Раиси Фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода дар мавзӯи «Нишондиҳандаҳои макроиқтисодии амалигардонии Стратегияи миллии рушд — 2030» маърӯза карда, иброз намуд, ки дар давраи татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушд дар солҳои 2016 — 2020» дар самти тақвияти низоми идоракунии давлатӣ, рушди неруи инсонӣ, таъмини сифати рушди иқтисоди миллӣ, суботи молиявӣ, маъмурикунонии андоз, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди инноватсионии бахши воқеии иқтисодиёт ва саноатикунонии босуръати кишвар ислоҳот гузаронида шуданд.
Дар ин давра сатҳи камбизоатӣ аз 31,7 дарсад то ба 26,3 дарсад коҳиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ ба 48 миллиард сомонӣ расид.
- Дар гузашта барои бақайдгирии ширкатҳои хусусӣ ба ҳисоби миёна 49 рӯз сарф мешуд, ҳоло бошад, ин нишондиҳанда 3- 5 рӯзро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Индекси пешбурди соҳибкорӣ 111 зина боло рафта, ҳоло дар ҷои 11- ум қарор дорад, — афзуд нотиқ.
Сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Баҳром Шарифов ёдовар шуд, ки агар соли 2016 суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар мамлакат 16 дарсадро ташкил дода бошад, соли 2022 ин нишондиҳанда ба 22 дарсад расид. Ҳаҷми содироти молу маҳсулот дар соли 2016 ба 898,7 миллион доллар ва соли 2022 ба 2 миллиарду 149,6 миллион доллар баробар шуд.
Агар соли 2016 теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат 2043 ададро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2021 ба 2397 адад расид.
Дар конфронс, инчунин, вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарону масъулини дигар ташкилоту идораҳои даъватшуда андешаҳояшонро иброз намуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ