Пӯшида нест, ки баъзеҳо дар бораи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ маълумоти кофӣ надоранд ва маҳз ин то ҷое боиси ба миён омадани андешаҳои нодуруст мегардад. Ҳуқуқэҷодкунӣ, чунонки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шудааст, фаъолияти расмии субъекти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад
Ба ибораи дигар, раванди эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оғоз ёфта, минбаъд зинаҳои баррасӣ, қабул, интишор ва қатъи ин санади меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад, фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро пурра фаро мегирад. Ҳамин тавр, марҳилаи таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул, интишор ва қатъи амали он, яъне беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро ташкил медиҳанд. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба танзим дароварда шудааст, ки бори аввал 13-уми ноябри соли 1998 тасдиқ ва тӯли 19 соли охир, бо дарназардошти воқеаҳои муҳими таърихӣ дар ҳаёти халқ, пайдоиш ва рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ се маротиба дар таҳрири нав қабул гардид. Бори охир соли 2017 дар таҳрири нав қабул карда шуд ва бисёр масъалаҳои баҳсталаб дар он ҳалли худро ёфтанд. Он аз 96 модда иборат буда, 26 моддаи он бевосита ба масъалаҳои тартиби таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бахшида шудааст.
Маълум аст, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ тавассути субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда амалӣ карда мешавад. Зикр кардан бамаврид аст, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав (соли 2017) дар моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (таҳрири соли 2009) ба номгӯи субъектони ҳуқуқэҷодкунанда халқи Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ворид буданд.
Айни ҳол тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки дар таҳрири нав қабул гардид, мушаххас карда шуд, ки субъектони ҳуқуқэҷодкунанда халқи Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд. Пешсафи ин раванд парлумон аст. Ваколати мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти ҳуқуқэҷодкунанда Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд. Аз ҷумла, моддаҳои 60 ва 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 59 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар менамоянд, ки қонунҳоро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.
Ваколатҳои ҳуқуқэҷодкунии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастури онҳо танзими пурра ёфтаанд. Ваколатҳои ҳуқуқэҷодкунии дигар мақомоти давлатӣ, ҳамчун субъектони ҳуқуқэҷодкунанда дар қонунҳои соҳавӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба танзим дароварда шудаанд. Бамаврид аст зикр намоем, ки субъекти ҳуқуқэҷодкунанда будани халқи Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳое, ки масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳуриро танзим менамоянд, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда мешаванд. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои зикргардида ва бекор кардани онҳо низ танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ амалӣ мегардад. Моддаи 55 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар менамояд, мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ надоранд, лоиҳаи қонунҳо ё таклифҳои ба қонунгузорӣ рабтдоштаро метавонанд ба воситаи мақомоте, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд ё ба воситаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намоянд. Далели бебаҳс аст, ки ташаббусҳои қонунгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти тамоми соҳаҳо нақши бориз дошта, бо мақсади ташкилу таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, таъмини рушду нумӯи ҷомеаи Тоҷикистон ва танзими қонунии муносибатҳои нави ҷомеа амалӣ гардидаанд.
Бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мавқуф (мораторий) гузоштан ба ҳукми қатл», «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо», «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ва як силсила қонунҳои дигар қабул шуданд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи ду қонуни ҳаётан муҳими миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуд ва аввалин маротиба дар таҷрибаи ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонун баргузор гардида буд. Аҳамияти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонун дар он зоҳир мешавад, ки тавассути он, аз як тараф, иродаи миллионҳо нафар шаҳрвандон дар матни қонун ифода гардид. Аз тарафи дигар, шаҳрвандон бевосита дар муҳокимаи лоиҳаи қонун ва такмили он ширкат варзида, бо ҳамин роҳ масъулияти онҳо дар пешрафти ҷомеа нисбатан баланд шуд. Хулоса ин аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди демократии фаъолияти қонунгузорӣ оғоз гардид.
Арзишҳои сунъии либералӣ ва ормонҳои миллӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Таъсис ёфтани парламенти думаҷлиса дар сохтори давлатдории мо дигаргунии бунёдӣ мебошад ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ имрӯз ба яке аз рукнҳои боэътимоди мақоми қонунгузори кишварамон табдил ёфтааст, зеро мутобиқи Конститутсия аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда шудани қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон кафолати муҳими қабули қонунҳои мукаммал, босифат ва ҷавобгӯ ба манфиати мардум мебошад». Касе наметавонад инкор намояд, ки бо роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастовардҳои Маҷлиси миллӣ назаррас буда, вазифаи қонунгузорӣ, рисолати намояндагии ин мақом дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуда, дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди ҷомеа ва давлат низ нақши бориз дорад. Дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум (17-уми апрели соли 2020) Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин дастур дода буданд: «…аъзои Маҷлиси миллиро зарур аст, ки ҳангоми қабули қарорҳо ва таҳияву ҷонибдорӣ кардани қонунҳо заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва самаранокии онҳоро дар рушди шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва беҳдошти зиндагии мардум ҳаматарафа омӯзанд ва дар ин раванд, зарурат, аҳамият ва сатҳу сифати амалишавии онҳоро низ аз мадди назар дур насозанд». Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бо роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳидояти роҳнамунсози Пешвои миллатро меҳвари фаъолият қарор дода, нишондиҳандаҳо қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоишанд.
Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» шаҳодати ин гуфта аст. Таҳияи ин қонуни мукаммал ва муҳиму саривақтӣ самти нави фаъолият ва дастоварди арзандаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ маҳсуб мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат як қатор қонунҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуда буд, ки дар онҳо тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон меҳваранд. Вале то ҳол қонуни алоҳидае, ки ин масъаларо пурра дар бар гирад, қабул нашудааст. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ моҳи сентябри соли гузашта дар матлаби хеш бо номи «Маҷлиси миллӣ зодаи даврони истиқлолият аст» вобаста ба масъалаи мавриди назар чунин нигошта буд: «Раванди сиёсии ҷаҳони муосир дар марҳилаи ҳозира хеле зидду нақиз аст. Агар аз як тараф, баъзе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мехоҳанд арзишҳои сунъии либералиро, ки ба арзишҳои суннатии миллат мувофиқ нестанд, иҷборан таҳмил намоянд, аз ҷониби дигар, баъзе аз кишварҳо мехоҳанд дар ҷомеа андешаву афкори маҳдуди радикалии динӣ ва мазҳабиро роҳандозӣ намоянд, ки ба ормонҳои миллӣ мисли «истиқлолият», «ватандӯстӣ», «адолат», «баробарҳуқуқӣ» ва «таҳаммулпазирӣ» мувофиқ нестанд». Таҳияи санади меъёрии ҳуқуқии зикршуда, бо назардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир бениҳоят муҳим буда, шаҳодати он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалияи татбиқи манфиатҳои миллӣ аз он мавқеъ баромад менамояд, ки суботу ваҳдати кишварҳо омили муҳиму асосии ноил шудан ба комёбиҳост. Дар маҷмӯъ, қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Аз таснифи тарбия то раддабандии он
Вожаи тарбия барои миллати тоҷик бениҳоят маъмул буда, моҳиятан падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогиест, ки ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона гашта, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд.
Муаллифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» муҳтарам Рустами Эмомалӣ барҳақ тарбияи ватандӯстиро фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст, маънидод кардааст.
Дар робита ба ин, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ низ тасниф шуда, он маҷмӯи тадбирҳое, ки барои аз ҷониби шахс дарк намудани арзишҳои олӣ, ормонҳо, ҳадафҳо, раванд ва падидаҳои муҳими иҷтимоӣ дар ҳаёти воқеӣ, қобилияти ба роҳбарӣ гирифтани онҳо ҳамчун принсипҳои муайянкунанда ва мавқеъ дар фаъолияти амалию рафтор, ки ба хизмати сазовор ба Ватан равон карда шудааст, арзёбӣ гардидааст.
Муҳтавои баланди санади меъёрии ҳуқуқии мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ҷавҳари он тарбияи шаҳрвандӣ — ватандӯстӣ, яъне маҷмӯи тадбирҳое, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёкон равон карда шудааст, маҳсуб мешавад. Бо назардошти муҳимият, ба тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, маҷмӯи тадбирҳо, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон ташаккул додани дарки бошууронаи ҳимояи Ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳисси ифтихор аз мансубият ба халқи худ, дастовардҳои он ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба таърихи меҳан, хизмати ҳарбӣ, либоси низомӣ, ташаккули ҳисси ҳифзу ғанигардонии анъанаҳои пуршарафи ҳарбии ниёкон, абадигардонии хотираи муборизони дар роҳи ҳифзи Ватан ҳалокшуда нигаронда шудааст, меҳвар қарор гирифтаанд. Эътироф мекунам, ки қаблан аз ҷониби масъулини сохторҳои зидахл дар бораи моҳият ва ҳадафҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон гуфтааанду навиштаанд. Вале ибтикори дар ин самт амалигардида наметавонад бо таҳияи қонуни мазкур баробарвазн бошад.
Мақсад, вазифа ва принсипҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон
Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан ташаккул ва рушди сифатҳои неки шаҳрвандӣ — иҷтимоии насли наврас ва қобилияти аз ҷониби онҳо зоҳир намудани ин сифатҳо дар раванди бунёдкориҳо ба нафъи ҷомеа ва давлат мақсадҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муқаррар шудааст.
Бино ба муқаррароти қонуни мавриди назар вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон низ бениҳоят муҳим буда, ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо, ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, ки таъриху фарҳанги ғанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос менамояд, дар тафаккури онҳо ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, талабот ба рушди минбаъдаи онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир намудани ҳисси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятию давлатӣ ва ҳарбӣ тарбияи эҳтиром ба қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ пешбурди тарзи ҳаёти солим, ғамхорӣ ба пиронсолону наздикон, дастгирии муҳити созгор дар коллективи меҳнатӣ аз ҳамон ҷумлаанд.
Табиист, ки бидуни принсипҳо рӯи кор омадану натиҷаҳои назарррас ба бор овардани дилхоҳ ибтикор имконнопазир аст.
Муносибати мураттаби ташкилӣ, ки ҳамоҳангии кори ташкилотҳои давлатию ҷамъиятиро оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар бар мегиранд, кори унвонию фардӣ бо шаҳрвандон, усул ва воситаҳои гуногуншакл, ки манфиат, майлу рағбат, сатҳи таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва ғайраро дар бар мегирад, гуногунҷабҳа ва алоқаманд будани самтҳои асосии тарбияи ватандӯстӣ, ба назар гирифтани хусусиятҳои миллӣ, этникӣ-маданӣ ва хусусиятҳои дигар дар ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ ва арзёбии натиҷаи иҷрои тадбирҳои ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон нигарондашуда принсипҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон эътироф шудаанд.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷисмонии шаҳрвандон, таҳия ва татбиқи шаклҳои самараноки технологияҳои иҷтимоисози шахсияти шаҳрванд, бахусус ҷавонон, ҷалби онҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, экологӣ ва масъалаҳои дигари давлат, навсозӣ ва ғанигардонии муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ, тақвияти масъулияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тавсеаи субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташкил ва такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон маҳсуб мешаванд
Субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ киҳоанд ва чӣ рисолат доранд?
Тибқи муқаррароти моддаи 5, субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ фарогир буда, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ мекунанд, коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ ва ғайра, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони берун аз марз истиқоматдошта, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва оила аз ҳамон ҷумлаанд.
Назокати дигари қонун дар он зоҳир мегардад, ки субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ бо восита ва имкониятҳои ба худ хос вазифаҳои соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ менамоянд.
Салоҳияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккул додани заминаи меъёрии ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мебошад.
Чун сухан дар бораи салоҳият рафт, табиист, ки ваколат аз мадди назар дур намондааст. Масъалаи мазкур дар моддаи 7 пешбинӣ гардида, таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таҳияи лоиҳаи консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва пешниҳод намудани онҳо барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро танзим мекунанд, муайян кардани тартиби ташкили феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар татбиқи барномаҳои идоравии тарбияи ватандӯстӣ иштирок мекунанд ва аз дастгирии давлатӣ бархӯрдоранд, муайян кардани воҳиди сохторӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстиро ба зимма дорад, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мебошад.
Ташкили низоми давлатии тарбияи ватандӯстӣ ба кадом хотир аст?
Тибқи талаботи моддаи 11, бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон низоми давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ки барои муттаҳид ва ҳамоҳангсозии кори гуногунҷабҳа дар ин соҳа нигаронда шудааст, ташкил мешавад. Низоми мавриди назар ташаккул додани талаботи давлат ҷиҳати ташкили тарбияи ватандӯстӣ, барномаҳои тарбияи ватандӯстии намуд, сатҳ ва самташон гуногунро дар бар мегирад. Сохтори низоми тарбияи ватандӯстӣ аз ташкилотҳое, ки тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигари амалкунандаи тарбияи ватандӯстӣ, мақомоти маслиҳатию машваратӣ ва мақомоти дигаре, ки онҳо созмон додаанд, ташкилотҳое, ки таъмини тарбияи ватандӯстӣ ва арзёбии сифати тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ амалӣ менамоянд, иборат аст. Табиист, ки оила ҳамчун зинаи ибтидоӣ дар низоми тарбияи ватандӯстӣ ҷойи махсусро ишғол мекунад. Ин нукта дар қонун махсус таъкид шудааст. Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки «тарбияи ватандӯстӣ муттасил буда, дар доираи барномаҳои тарбияи ватандӯстӣ ва ҳамчунин барномаҳои таълимии сатҳи гуногуни таълим амалӣ карда мешавад».
Муҳимтар аз ҳама, низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба таъмини мақсадноки ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандон, фарогирии ҳамаҷонибаи онҳо дар ҳалли вазифаҳои муҳими иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккул ёфтани тафаккури онҳо мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ нигаронда шудааст. Қонунгузор муқаррар кардааст, ки низом бояд ҷавононро омода карда, намояндагони наслҳои дигарро ба чунин фаъолияти фаъолона ташвиқ намояд, ки дар он донишу таҷрибаи ҳаётӣ бо мавқеи қарзи шаҳрвандию ватандӯстӣ ва манфиатҳои шахсӣ бо манфиатҳои ҷомеа пайванд шаванд.
Садоқат ва ҷасорат — омили асосии самаранокии тарбияи ватандӯстӣ
Табиист, ки самаранокии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба навсозӣ ва ғанӣ гардондани муҳтавои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, аз ҷумла вобаста ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма, вобастагӣ дорад.
Бинобар ин, дар ташкилотҳое, ки тарбияи ватандӯстиро ба амал мебароранд, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳо (китобхонаҳои электронӣ (рақамӣ)) ташкил карда мешаванд, ки дастрасиро ба манбаъҳои иттилоот, низомҳои ахборотӣ-маълумотӣ ва ҷустуҷӯӣ, ҳамчунин ба манбаъҳои дигари иттилоот таъмин менамоянд. Фонди китобхонаи зикршуда бояд бо китобҳои дарсии чопӣ ва электронӣ, нашрияҳои методӣ ва даврӣ дар мавзӯи тарбияи ватандӯстӣ таъмин бошанд.
Рӯйхати нашрияҳои таълимӣ, ки барои амалӣ намудани барномаҳои тарбияи ватандӯстӣ истифода мешаванд, аз тарафи ташкилоте, ки фаъолиятро оид ба тарбияи ватандӯстӣ амалӣ менамояд, бо дарназардошти талаботи давлатӣ ба ташкили тарбияи ватандӯстӣ ва барномаҳои тарбияи ватандӯстӣ муайян карда мешавад.
Масъалаи дигар таваҷҷуҳбарангез муқаррароти қонун – «Ташкилоти амаликунандаи фаъолият оид ба тарбияи ватандӯстӣ манбаъҳои иттилоотии кушода ва дастраси умумро, ки иттилоот дар бораи фаъолияти онҳоро дорад, ташкил намуда, дастрасиро ба манбаъҳо тавассути ҷойгир намудани онҳо дар шабакаҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла дар сомонаи расмии ташкилот (мақомот) дар интернет, таъмин менамояд» маҳсуб мешавад. Шахсан ман аз он нигаронам, ки баъзеҳо мунтазам «доди ватанхоҳӣ мезананд»- у ҳангоми ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ дар ин самт бештар ба мустаор будани ному насабашон ҳавасманданд. Чунин шеваи фаъолият арзишманд будани ватандӯстиро барои тоифаи мавриди назар зери суол бурда, дурӯягиву тарсуиро ба маъраз мегузорад. Дар қонун хеле бамаврид муқаррар шудааст, ки мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи ватандӯстиро амалӣ менамояд, ҳамчунин ташкилотҳое, ки тарбияи ватандӯстиро амалӣ мекунанд, дастрасии омори расмӣ, ки ба низоми тарбияи ватандӯстӣ дахл дорад, мониторинги низоми тарбияи ватандӯстӣ, маълумоти дигаре, ки дар ҷараёни амалисозии вазифаҳои худ, ба даст оварда мешавад, таъмин менамоянд. Ба андешаи инҷониб, аз «шарҳу тавзеҳ»-и нотавонбинон иқтибос овардан, ҳамон гунае, ки баъзе мубаллиғони Ҳукумат зимни иншои матолиби ба тарбияи ватандӯстӣ дахлдошта мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Зеро ёдовар шудани чунин сафсатаҳо моҳиятан таблиғи он персонажҳо маҳсуб мешавад. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки то ҳол аз ҷониби нотавонбинон ягон далеле, ки ақаллан аз «кӯчаи воқеият гузашта бошад», ироа нагардидааст. Ноболиғеро шабеҳанд, ки ҳарфаш пеши қозӣ қадр надорад. Тафаккури мадди назари нотавонбинони давлату миллати тоҷик, беасос ва сохта мебошад. Зеро аз принсипҳои геополитикии бардурӯғ маншаъ гирифта, мухолифи тамоми арзишҳои инсонӣ аст. Ин «бузургон» таносуби дину дунёро ноҷо арзёбӣ ва андешаи тавҳидиро дар боби дину дунё нодуруст матраҳ менамоянд.
Онҳо собит карданд, ки ба арзишҳои милливу инсонӣ эҳтиром надоранд. Барояшон арзишҳои маҳдуди мазҳабӣ ва хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Ҳар нафари бар зидди мардуми осоиштаи тоҷик сангаргирифта метавонад ҳамсафашон гардад ва онҳо хайрхоҳаш бошанд.
Аз «кор»-у «пайкор»-и онҳо оҳанги солҳои 90-уми асри гузашта ба гӯш мерасад, ки мехостанд тарзи зиндагии 1400 сол қаблро эҳё кунанд. «Доҳӣ»-ҳои тозазуҳури наҳзатӣ он солҳо мехостанд идеологияи тоталитариро, ки дилхоҳ андешаи созандаро буғӣ мекунад, ҷорӣ намоянд. Ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш набояд кард, ки бо таъсири ин тоифа солҳои навадуми асри гузашта дар кишвар ришмонӣ, сатрпӯшонии занон, болонишин шудани ашхосе, ки чанд сураро қориазёд кардаанд, эъмори сохтмони масоҷид дар сари ҳар кӯчаву паскӯча ва ғайра «мӯд» шуда буд. Онҳое, ки ба ватандӯстӣ муносибати дуюмдараҷа доранд, шояд ба он назаранд, ки аз ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон вақти муайян гузашта, имкон ҳаст насли навраси аз даҳшати он солҳо ноогоҳро гумроҳ намоянд.
Биноан, бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ осебнопазир монад. Ин аст рисолати инсонӣ ва қарзи оини ватандӯстии мо!
Идоракунии низом, омодасозии кадрҳо ва маблағгузории чорабиниҳо
Идоракунии низоми тарбияи ватандӯстӣ дар асоси принсипҳои қонуният, демократӣ, ошкоро будани иттилооти низоми тарбияи ватандӯстӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷомеа амалӣ шуда, моҳияти давлатию ҷамъиятӣ дорад. Ташаккули низоми ҳамкории мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ, амалӣ намудани банақшагирии стратегии рушди низоми тарбияи ватандӯстӣ, қабул ва амалӣ намудани барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, гузарондани мониторинг дар низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, омода намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракуниро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ менамоянд, ҷузъҳои ин раванд маҳсуб мешаванд. Вобаста ба ин, дар моддаи 17 муқаррар шудааст, ки тарбияи ватандӯстӣ аз ҷониби мутахассисоне, ки барои ҳалли самараноки вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон лаёқат доранд, мувофиқи стандартҳои таълимии давлатӣ таъмин карда мешавад.
Таълим бо барномаҳои иловагии касбӣ дар як вақт, муттасил ва давра ба давра, аз ҷумла тавассути азхудкунии дарсҳои алоҳидаи таълимӣ, курсҳо, фанҳо, модулҳо, таҷрибаомӯзӣ бо истифода аз шаклҳои шабакавӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи барномаи таълимӣ ё шартномаи таҳсилот амалӣ мешавад.
Таъмини молиявӣ-иқтисодии тарбияи ватандӯстӣ низ аз мадди назар дур намонда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии сатҳи гуногун ва сарчашмаҳои дигар, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ мешавад.
Тибқи муқаррароти қонун, барои маблағгузории чорабиниҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ташкил намудани фондҳои махсус мумкин аст. Тартиби ташаккул ва хароҷоти воситаҳои фондҳо, ташкилотҳои хайрия, сарпарастон ва ташкилоти дигарро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Дар матлаби «Маҷлиси миллӣ зодаи даврони истиқлолият аст», ки дар оғози матлаб ёдрас шудем, Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид карда буд, ки «Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ баҳри тақвияти соҳибистиқлолии мамлакат дар арсаҳои гуногун ва фароҳамории таҳкурсии боэътимоди меъёрии ҳуқуқии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он талош хоҳад варзид. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давраи хеле ҳассоси геополитикии муосир ҳифзи эътимоди байни давлату ҷомеаро кафили таъмини суботу амнияти кишвар мешуморад ва фаъолияти қонунэҷодкуниро ҳадафмандонаю амалгароёна ба ин самт равона месозад».
Таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур шаҳодати он аст, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва рисолати хеш комёб аст.
Дар фарҷом аз сохторҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тақозо менамоем, ки бетаъхир барои татбиқи ин санади муҳими меъёрии ҳуқуқӣ тадбирандешӣ намоянд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»