2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Шиносномаи давлат

№34 (4774) 15.03.2024

(Идома аз шумораи №24 (4764), 21 феврали соли 2024) 

1645722803_7-kartinkin-net-p-vesi-pravosudiya-kartinki-7Сарфи назар аз сафбандии низоми қонунгузорӣ ва мартабаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мазмун, таъйиноту вазифаҳо, хислатҳои онҳо тибқи мувофиқати онҳо бо Конститутсия муайян мегардад. Низоми қонунгузории миллӣ ва усулҳои асосии ташкилёбии он дар Конститутсия муқаррар гардида, дар қонуни махсус дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муфассал танзим карда мешавад. Ҳамаи онҳо бояд дар танзими муносибатҳои мушаххаси ҷамъиятӣ рӯҳи Конститутсияро ба асос гиранд. Ҳамзамон, Конститутсия зарурати қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро пешбинӣ карда метавонад, ки ҳолатҳои онро ривоҷ дода тавонанд. Масалан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳоеро пешбинӣ кардааст, ки бояд тавассути қонунҳои конститутсионӣ ё қонунҳои ҷорӣ танзим карда шаванд. Ба ин шумора ҳолатҳои дар қисми 4 моддаи 7, қисми 3 моддаи 15, қисми 4 моддаи 48, қисми 4 моддаи 51, қисми 5 моддаи 65, қисми 5 моддаи 71, қисми 4 моддаи 74, қисмҳои 5 ва 6 моддаи 78, моддаи 83, қисми 3 моддаи 84, моддаи 92 ва қисми 3 моддаи 95 муқарраргардида мисол шуда метавонанд. Сарфи назар аз ҳаҷми танзимёбии муносибатҳои ҳуқуқии конститутсионии мазкур, қонунҳои ишорашуда бояд ба мазмун ва рӯҳи Конститутсия мувофиқ бошанд. Қабул ва амали чунин санадҳо амалӣ гардидани меъёрҳои конститутси­ониро боздошта ва ё халалдор карда наметавонанд.

Хусусиятҳои ҳуқуқии Конститутсия. Ҳар кадом Конститутсия хусусиятҳои хоси ҳуқуқӣ ва сифатҳои қонуни асосии давлатро дорад. Конститутсия дар қатори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз навъҳои қонун мебошад ва ба он ҳамаи нишонаҳои қонун хос аст. Хусусияти Конститутсия, пеш аз ҳама, дар волоияти ҳуқуқии он инъикос меёбад. Волоияти Конститутсия ба ҳамаи қонунҳои ҳадди гуногун таъсир дорад. Мувофиқи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ чор намуди қонунҳо пешбинӣ шудаанд: қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои ҷорӣ ва кодексҳои ҳуқуқӣ. Дар таҷрибаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳодисаи қабули қонунҳо ба таври раъйпурсии умумихалқӣ ҷой надоранд. Албатта, ба ин гурӯҳи қонунҳо он қонунҳое, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конс­титутсияро доранд, дохил намешаванд, аммо дар ҳолати қабули чунин қонунҳо низ бояд мувофиқати онҳо ба Конститутсия ба эътибор гирифта шавад. Мувофиқи тартиби қабул ва қувваи ҳуқуқии худ кодексҳо ва қонунҳои ҷорӣ ҳамвазн буда, фақат бо таркиб ва мазмуни худ фарқ доранд. Дар робита бо ҳамаи ин қонунҳо усули волоияти ҳуқуқии Конститутсия риоя карда шуда, мувофиқати онҳо бо Конститутсия таъмин карда шавад. Волоияти ҳуқуқии Конститутсия одатан дар матни он қайд меёбад. Масалан, мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад… Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, ­эътибори ҳуқуқӣ надоранд».

Амали мустақими меъёрҳои Конс­титутсия (муродифи амали бевоситаи Конститутсия) – усулест, ки мувофиқи он меъёрҳои қонуни асосӣ мустақиман, сарфи назар аз мавҷуд будани қонунгузории тафсилдиҳанда, амалӣ карда мешаванд. Дар ҳолати риоя нашудани усули мазкур имкони муроҷиат ба суд барои ҳимояи ҳуқуқи конститутсионӣ вуҷуд дорад. Дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки меъёрҳои Конститутсия мустақиман амал мекунанд. Барои амалӣ намудани усули мазкур меъёри конститутсионӣ оид ба танзими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти калон дорад. Дар конститутсияи аксари давлатҳо дар ин хусус меъёрҳои дахлдор вуҷуд доранд. Масалан, дар қисми дуюми моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд». Дар қонуни асосии он давлатҳое, ки дар хусуси амали бевоситаи конститутсия меъёр мавҷуд нест, таҷрибаи судӣ онро амалан татбиқ менамояд. Дар ин ҳолат презумпсия (эҳтимол)-и амали мустақими конститутсия риоя карда мешавад. Дар ин хусус дар қарори Суди конститутсионии Федератсияи Россия аз 31 октябри соли 1995 ба судяҳо тавсия карда шудааст, ки дар баррасии мавод дар ҳамаи ҳолатҳои зарурӣ Конститутсияи Федератсияи Россияро ҳамчун санади мустақиман амалкунанда ба асос гиранд.

Адлияи конститутсионӣ (адолати судии конститутионӣ) ибораи ҷамъбастиест, ки низоми мақомот ва расму қоидаҳое, ки имкон медиҳад, мувофиқати санадҳои парлумон, мақомоти воҳидҳои мухторӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, санадҳои ҳокимияти иҷроия ва шахсони хусусиро ба қонуни асосӣ тафтиш намояд. Адлияи конститутсионӣ яке аз шаклҳои асосии амалӣ намудани назорати конс­титутсионӣ мебошад. Назорате, ки дар шакли мурофиаи судии конститутсионии аз тарафи мақомоти судии махсус — Суди конститутсионӣ, инчунин, мақомоти квази­судӣ — Шурои конститутсионӣ ва баъзе дигарҳо, инчунин, худи ин мақомот амалӣ менамоянд. Дар низоми адолати судӣ адлияи конститутсионӣ шохаи махсус мебошад.

Конститутсиягароӣ (конституционализм) – тартиботи давлатдорӣ, ки бо Конститутсия асос ёфтааст. Тарзи идоракунии давлатие, ки тибқи Конститутсия маҳдуд гардонда шудааст. Низоми сиёсие, ки ба Конститутсия асос ёфта, бо усулҳои конститутсионӣ идора карда мешавад, ҳамчун назарияи сиёсӣ — ҳуқуқие мебошад, ки зарурияти барпо кардани сохтори конститутсиониро асоснок менамояд.

Конститутсиявигардонӣ (конституционализация) — дар матни Конститутсия муқаррар кардани ҳолатҳо ва ба онҳо хос донистани неруи конститутсионӣ. Ин амал дар таҷриба худ аз худ эътироф гардида, пайдоиши меъёри нави конститутсионӣ боиси мунозира намегардад. Масалан, қисми хулосавӣ, гузаришӣ, хотимавӣ ва интиқолии Конститутсия ҳамон вақт бечунучаро қисми таркибии он дониста мешавад, ки агар ҷойи он дар низоми таркиби Конститутсия асоснок муайян карда шавад. Дар ҳолати дар қисми асосии матни Конститутсия ҷойи он муайян нагардидан неруи конститутсионии он баҳснок шуда метавонад. Дар асоси қисми дуюми моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавҷудият ва фаъо­лияти адвокатура ҳамчун ниҳоди ҳимояи инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ расмӣ гардонда шудааст.

Ашӯрбой ИМОМОВ,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ,

Ҷурахон МАҶИДЗОДА,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ