Шомилшавии ҷавонон пешгирӣ мешавад, агар…

№32 (4928) 14.03.2025

50lubpz33aidrj9kecjqpfvvjg332viwДар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ба проблемаи умумибашарӣ табдил ёфта, инкишофи муътадили давлатҳо ва амнияти онҳоро халалдор месозад. Ҷаҳонишавии ин зуҳуроти номатлуб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намудааст, ки баҳри пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм як қатор санадҳои ҳуқуқиро қабул намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13-уми марти соли 2018 дар мулоқот бо кормандони прокуратура зикр карданд, ки «Экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад».

Дар ин раванд, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» таҳия гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 қабул шуда, дар панҷ соли охир дар доираи амалисозии стратегияи мазкур чунин корҳо ба анҷом расиданд:

- ҳамкорӣ байни шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, иштироки фаъоли мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот дар пешгирии экстремизм ва терроризм таъмин шуда, заминаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт ташаккул ёфт;

- фаъолият доир ба пешгирии экстремизм беҳтар шуда, дар байни аҳолӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ ва як силсила маводи иттилоотию роҳнамоикунанда ба табъ расид;

- сабабу омилҳои ба тундгароӣ ва экстремизм мусоидаткунанда аз ҷониби ниҳодҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди тадқиқ қарор гирифт;

- нақши соҳаи маориф дар пешгирии тундггароӣ баланд бардошта шуда, ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ фанҳои ба омӯзиши таърихи дин, омилҳо ва механизмҳои ба миён омадани низоъҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ равонашуда, инчунин, курсҳои махсус оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм ворид гардид;

 - дар воситаҳои ахбори омма нашри пайвастаи мавод доир ба экстремизм ва терроризм ва хатари онҳо ба амнияти миллии кишвар ба роҳ монда шуд;

- дар сохтори Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ воҳидҳои мубориза бо ҷиноятҳои алоқаманд бо истифодаи технология­ҳои иттиллотӣ-телекоммуникатсионӣ таъсис ёфт;

- баҳри пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ иқтидори воҳидҳои тарбиявӣ ва методӣ-пешигирикунандаи ин муассисаҳо пурзӯр ва баланд карда шуд;

- ба қонунгузории ҷиноятӣ як қатор тағйиру иловаҳое ворид шуданд, ки ба ҷиноят эътирофкунии (криминализатсияи) кирдорҳои нав ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта равона гардидаанд;

- дар раванди тақвияти заминаҳои ниҳодии мубориза бо экстремизм ва терроризм дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати муқовимат ба терроризм ва экстремизм таъсис ёфта, ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти оперативӣ ва воҳидҳои тафтишотӣ, инчунин, ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои марбут ба ҷалбкунии шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои террористӣ созмон дода шуд;

- дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат аз минтақаҳои ҷангзадаи кишварҳои Сурияву Ироқ зиёда аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон, инчунин, 84 кӯдаки ноболиғ баргардонида шуда, ҷиҳати таъминоти моддию равоншиносӣ ва ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани онҳо чораҳо андешида шуданд. Шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз иштирок дар низоъҳои ҳарбӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо даст кашида, ба Ватан баргаштанд, инчунин, шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз иштирок дар ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори суд манъшуда даст кашидаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардиданд.

 Дар баробари ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 зикр гардиданд, лоиҳаи нави «­Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» таҳия шуда, ҳоло мавриди амал қарор дорад.

Дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид мегардад, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар ин сурат шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ мегардад.

М.А. ЗИЁЗОДА,

прокурори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2