Таърих ва тақдир миллати моро дар саргаҳи эълони соҳибихтиёрӣ ва муайян намудани мазмун ва муҳтавои давлатдорӣ бо омилҳои мухталифи дохилию хориҷӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашид. Мардум дар заминаи фурӯравии як низоми идора аз дороиҳои зиёди маънавӣ, моддӣ ва арзишҳои бунёдии худ то ҷое маҳрум гашта, ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил шуд, ки ин ҳолат халқро ба парокандагӣ, миллатро ба ҳолати нестшавӣ ва давлатро ба завол расонида, фаъолияти рукнҳои давлатиро фалаҷ кард.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қайд карданд: «Замоне ки кишвари соҳибистиқлоли мо ҳанӯз аввалин қадамҳои худро мегузошт, хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираи манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Дар он айёми вазнину мудҳиш фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идораи давлатӣ амалан барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар кишвар фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд. Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд».
Дар чунин вазъият шахсияте лозим буд, ки зимоми идораи давлатро ба даст гирифта, миллатро аз парокандагӣ ва давлати тозаистиқлолро аз нестӣ наҷот диҳад. Табиист, ки дар чунин вазъияти сангин ҳар кас ҷуръати ба сари қудрат омадан надошт, зеро ин масъулият ҳисси баланди миллӣ, ҷасорат ва азхудгузаштанҳоро тақозо мекард. Ба миллати дар он солҳо азияткашидаи тоҷик ва кишвари ҷангзадаи Тоҷикистон бахт омад кард ва шахсиятеро ба арсаи нави сиёсат овард, ки новобаста ба синни ҷавонӣ шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон дар дили мардум барафрӯхт. Ин шахсияти барҷаста муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳанӯз дар оғози ба дӯш гирифтани масъулияти идораи давлатӣ таъкид доштанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам ва то охирин гурезаи тоҷикро ба хонааш барнагардонам, худро ором ҳис намекунам».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани гурезаҳоро дар музокироти сулҳи тоҷикон яке аз масъалаҳои афзалиятнок дониста, ба ҳайати ҳукуматӣ супориш доданд, ки ин масъаларо дар маркази диққат қарор диҳанд. Бинобар ин, дар даври якуми музокироти тоҷикон, ки аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва доир гардид, ба масъалаи мазкур авлавият дода шуд. Далели ин гуфта дар интиҳои марҳилаи якуми музокироти байни тоҷикон дар шаҳри Москва ба имзо расидани «Протокол дар бораи ташкили Комиссияи муштарак оид ба масъалаи гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ аз Тоҷикистон» мебошад.
Ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба ин масъала дар давраҳои дуюм, чорум ва шашуми музокирот вобаста ба зудтар баргардонидани ҳамватанони мо аз хориҷи кишвар санадҳои дахлдор қабул шуданд. Ҳодисаҳои охири ҷаҳони муосир бори дигар собит намуданд, ки баргардонидани беш аз 1 миллион гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо ҷои зист кори осон нест.
Бо заҳмату талошҳои пайгирона ва исроркоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтушуниди миёни тоҷикон оғоз гардид ва он ҳашт давраро дар бар гирифта, 40 моҳ тӯл кашид. Бо мақсади истиқрори сулҳу амният бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат аз соли 1994 то июни соли 1997 бо ҷониби мухолиф 21 музокироту гуфтушуниди расмӣ сурат гирифт. Сарвари давлат дар 7 музокирот ширкат варзида, дар 15 ҳуҷҷат имзо гузоштанд. Дар натиҷаи кӯшишу талошҳои зиёд 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Зимни навиштани мақолаи мазкур маълумоти дигари ҷолиб низ ба даст омад. Барои мисол, то расидан ба ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат 80 маротиба муроҷиатнома, хитоба, суханронии расмӣ, мусоҳиба ва табрикот кардаанд. Дар онҳо Пешвои миллат бевосита аз ризояти миллӣ, дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат карда, ҷангу муноқишаро маҳкум ва муттаҳидсозии миллатро пайгирӣ намудаанд.
Далели дигар, қарорҳои дар рафти гуфтушунид қабулшуда аз ҷониби Комиссияи оштии миллӣ дар ҳамбастагӣ бо Президент, парламент ва Ҳукумати кишвар амалӣ гардид ва дар натиҷа Тоҷикистон ба давраи нав, марҳилаи рушд, ободкориву созандагӣ ворид шуд.
Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон Пешвои миллат чунин гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад.
Агар эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Имрӯз агар ба он солҳои мудҳиши сипаришуда мунсифона назар намоем, бешак, иқрор хоҳем шуд, ки он имтиҳони ҷиддӣ буд, ки халқи тоҷик бо роҳбарии Пешвои худ аз он на танҳо бо сарбаландӣ гузашт, балки иқдомҳои қобили мулоҳизаи давлатсозию давлатдориро барои наслҳои оянда иҷро намуд. Муттаҳид шудан атрофи шахсиятҳои созандаи таърихӣ аз сифатҳои муҳими ҷомеаҳои пешрафта ва давлатҳои рушдёбанда мебошад. Ин хусусияти марҳилаи ҳамонвақтаи таърихӣ буд, ки тавассути қувваи иродаи сарвари сиёсӣ моҳияти равандҳои сиёсӣ тағйир ёфта, давлат аз вартаи нестӣ раҳо ёфт. Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ арзишҳое маҳсуб мешаванд, ки оромию осудагии аҳолӣ, суботу пешрафт ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ба онҳо вобастагӣ дорад.
Дар навбати худ, ҳадафу мақсадҳои созандаи ҷомеа ва давлат низ маҳз ба ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ вобастаанд. Танҳо дар фазои сулҳу субот, оромию тинҷӣ ва қонунияту тартибот ин мақсадҳои волои ҷомеа ва давлат амалӣ мешаванд. Дабири кулли ҳамонвақтаи Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Аннан гуфтушуниди мухолифини тоҷик бо Ҳукумати кишвар ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистонро натиҷагирӣ карда, иброз дошта буд: «Тоҷикистон намунаи нодиреро пешорӯи дигар кишварҳо гузошт, ки чӣ гуна низоъҳои дохилиро метавон бартараф кард. Фикр мекунам, ки ин саҳми назарраси Тоҷикистон ба таърихи сулҳофарист».
Ба шарофати қаҳрамониҳои бемислу монанди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат барои барқарорсозии сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризояти миллӣ, бунёди аркони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғози барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ заминаи устувор гузошта шуд.
Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати сулҳу оромӣ бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуву ормони деринаи тоҷику тоҷикистониён ҷомаи амал пӯшид. Табиист, ки комёб будан дар ин самт бидуни сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконнопазир аст.
Шоҳид ҳастем, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бениҳоят ҳассос буда, авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон торафт мураккаб гашта истодааст. Илова бар ин, тамоюлҳои марбут ба ҷаҳонишавӣ торафт печидатар мегарданд. Маҳз дар чунин шароит ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.
Ҳар яки мо бояд мадди назар дошта бошем, ки тамоми пешравию дастовардҳои мо ба ин неъмати бебаҳо вобаста аст. Далели бебаҳс аст, ки агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо амалӣ мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд. Барои миллати соҳибтаърихи тоҷик, ки пас аз садҳо соли бедавлатӣ дигарбора соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид, ин ҳодиса на як рӯйдоди одии таърихӣ, балки мояи ифтихор, шукргузории бемисл ва илҳомбахши масъулияти беандоза назди гузашта, имрӯза ва ояндаи хеш аст.
Мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки насли ояндасози кишвар ҳастанд, ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманонаашон даст накашидаанд. Аз ин лиҳоз, ҳамон тавре Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Мо бояд доимо ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ғафлат намонем ва барои ҳимояи муқаддастарину бузургтарин неъмати ҳастию зиндагиамон, яъне истиқлолияту озодии кишварамон, омода бошем».
Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ- фарҳангӣ, динӣ- эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафт миллати тоҷикро бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдату якдилӣ расонида, дар ин замина тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии онро ҳам собит намуд. Илова бар ин, бо истиқрори сулҳу ризояти миллӣ саҳми беандозаи ваҳдати миллӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ ва пойдории сулҳу субот ба маъраз гузошта шуда, махсусияту аҳамияти он аз нигоҳи илмию назариявӣ собит гардид.
Ҳоло кишвари мо яке аз амнтарин мамлакатҳои ҷаҳон маҳсуб ёфта, обрӯю нуфузи он торафт дар миқёси байналмилалӣ баланд меравад. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд бояд ҳифзи ваҳдату субот ва дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ бошад.
Ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Халқи тоҷик даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, рӯзҳои сахту сангин ва хисороти гарони онро фаромӯш накардааст. Аз ин хотир, ҳамаи мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрро ҳамеша ба ҷо орем, соҳиби Ватан буданро аз ҳар чизи дигар авлотар донем».
Мирзозода Рустам Пираҳмад,
раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон