Дар баробари дигар рӯйдоди фараҳбахш, шурӯъ аз соли 2000-ум дар мамлакат ироаи Паёми Президенти кишвар ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор ба ҳукми анъана даромад. Қобили зикр аст, ки аввалин маротиба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми апрели соли 2000 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.
Бегуфтугӯ, эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки кишвари мо дар ин самт бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст, қабл аз ҳама, ташаккули шохаҳои мустақили ҳокимият ва ниҳодҳои давлатии мутобиқ ба принсипҳои демократии давлатдориро тақозо менамояд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки дар даврони истиқлолият бо роҳбарии хирадмандонаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тавассути ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ заминаҳои мустаҳками давлатдории муосир фароҳам гардид.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияю созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ салоҳияти истисноии прокуратура муқаррар гардидааст.Ба ибораи дигар, таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад.
Соли 2018, зимни мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр карда буданд: «Кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷассумгари сиёсат ва симои давлат мебошанд. Мардум аз рӯи рафтору кирдор, маҳорат ва сатҳи касбият, донишу маърифат, поквиҷдонӣ, маданияти муошират ва муносибати шумо ба уҳдадориҳои мансабӣ, инчунин, садоқат ба давлату миллат, ба сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ баҳо медиҳанд».
Ифтихормандем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, дар маҷмӯъ, мусбат арзёбӣ намуда, барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, моддию техникӣ ва кадрии он тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки сохтори мақомоти прокуратура вобаста ба талаботи замон мунтазам такмил ёфта, дар Прокуратураи генералӣ як қатор раёсату шуъбаҳо ва сохторҳои нав, инчунин, Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандон таъсис дода шуд.
Вақтҳои охир дар бораи терроризм зиёд мегӯянду менависанд. Рӯзафзун гардидани дарки моҳияту хатари масъалаи мазкур ба авзои ҷаҳони муосир рабт дорад. Чанд сол қабл ҷомеаи Аврупо муътақид буд, ки онҳо аз терроризму террористон эминанд, вале сахт иштибоҳ карданд. Маҳз ба «шарофат»-и муносибати духӯраи онҳо солҳои охир хатар ва таҳдидҳое, ки аз терроризму ифротгаройӣ маншаъ гирифтаанд, бесобиқа доман паҳн намуда, фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористию ифротгаро фаромарзию фаромиллӣ гардид.
Дар робита ба ин бамаврид аст, ки таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат (22-юми декабри соли 2017) иқтибос орем: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад».
Гузашти вақти на он қадар зиёд собит намуд, ки муайяну мушаххас намудани принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм: мукаммал кардани асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирӣ ва мубориза бо он, мавриди истифода қарор додани усулҳои наву муассири бартараф намудани оқибатҳои амали террористӣ бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ зарур ва ногузир аст.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм»: «терроризм ин мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад». Террорист бошад, шахси воқеӣ аст, ки дар амалӣ намудани фаъолияти террористӣ дар ҳама шакл иштирок менамояд ё мақсади иштирок дар фаъолияти террористиро дорад.
Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 20-уми апрели соли 2011 таъкид карданд, ки «фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, суд ва прокуратура бояд, пеш аз ҳама, ба таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, коррупсия, хариду фурӯши одамон ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа равона карда шавад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, прокуратура ва судҳо бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстию ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми январи соли 2016 ба Прокуратураи генералӣ супориш дода буданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро таҳия намояд.
Дар ин замина бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми ноябри соли 2016 стратегияи зикршуда тасдиқ гардида, он мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб меравад.
Таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (соли 2020) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» (соли 2021) низ ба ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз марбут аст.
Аз далелу рақамҳо бармеояд, ки терроризм ва ифротгаройӣ таърихи тӯлонӣ дошта, дар ибтидои мавҷудияти инсоният зуҳур кардааст. Фарқият танҳо дар роҳу усулҳои содиршавии амалҳои террористӣ зоҳир мегардад. Дар маҷмӯъ, мақсади террористон эҷоди бесуботӣ, барангехтани низоъҳои миллию мазҳабӣ ва нажодӣ мебошад. Ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «ҳаракатҳои террористӣ ҷараёни мушаххаси мақсадгузорӣ, омодасозии рӯҳиву равонӣ ва ҷисмониро дар бар мегиранд».
Муҳимияти масъалаи мазкур боис гардидааст, ки он давомдор бошад. Соли гузашта дар Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Дар ин робита, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор шуданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳоро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Прокуратураи генералӣ пешниҳодҳои худро манзур намуд ва 19-уми апрели соли 2023 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ба сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Прокуратураи генералӣ илова карда шуд.
Мутаассифона, ҳоло низ баъзе шаҳрвандон хавфу пайомади терроризму экстремизмро пурра дарк накарда, ба он аз паси панҷа менигаранд. Маҳз муносибати дуюмдараҷа ба масъалаи мазкур боис гардидааст, ки имконияти фароҳамшуда аз ҷониби нотавонбинони давлат ва миллат суиистифода шуда, дар ин замина таассуб, хурофот ва ифротгаройӣ ривоҷ ёбад. Ҳамватанонамон бояд дарк намоянд, ки ҳамкории самарабахши давлат ва ҷомеа дар мубориза бо терроризму экстремизм унсури муҳими таъмини субот ва рушди мамлакат буда, бетафовуту бетараф набудани ҳар кадоми мо зарур ва ногузир аст.
Дар маҷмӯъ, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби мақомоти прокуратура корҳои назаррас амалӣ шуданд. Ҷорӣ намудани тарзу усулҳои муосири фаъолият ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мутобиқ ба авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон, таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо мақомоти идоракунии давлатӣ, бахусус, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва дар доираи ваколатҳои худ ба фаъолияти муътадили онҳо мусоидат намудан, тақвияти назорат оид ба иҷрои қонунҳо ва қонунӣ будани санадҳои ҳуқуқиро дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодӣ, тавсеаи мубориза бо ҷиноятҳои иттилоотӣ, кибертерроризм ва ҷиноятҳое, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ содир мегарданд, аз ҳамон ҷумлаанд.
Илова бар ин, ҳамкорӣ бо мақомоти судӣ ҷиҳати иштироки саривақтӣ дар мурофиаҳои судӣ ва пешгирии кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳои судӣ тавсеа ёфта, бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ба корҳои пешгирикунандаю фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида истодааст.
23 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: «Кормандони мақомоти прокуратура чашми давлат мебошанд ва вазифадоранд, ки ҳамеша дар хизмати халқ бошанд, ҳама гуна камбудиву қонуншиканиро дар ҷомеа сари вақт ошкор ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо чораҷӯйӣ намоянд».
Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки маҳз сармашқи кор додани ин суханони пурҳикмат боиси боз ҳам беҳбуд ёфтани сатҳу сифати фаъолият ва тамоюли афзоишро касб намудани дастовардҳои кормандони мақомот гардидааст.
Темур САЛИМЗОДА,
прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон