Такя бар ҷои бузургон натавон зад ба газоф

№95 (4678) 24.07.2023

КоллажИддае ҳастанд, ки ҳарчанд худро хирадманду оқилу ҳамадон мепиндоранд, роҳгумзадаанду фиреби бегонаро ҳақ, ҷаҳолатро хирад, торикиро равшанӣ, худфурӯширо имон, такомули миллатро шикаст арзёбӣ карданианд. Замони шурӯъ гардидани ҳар иқдом нокомиро «пешгӯӣ» карда, дар ҳама анҷом нуқс меҷӯянд. Дар умри хеш амали солеҳе бар ҷой наовардаанд, лек иқдоми қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиши дигаронро арҷгузорӣ не, таҳаммул карда наметавонанд. Танҳо айб меҷӯянду неш мезананд, зеро хислату феъли ақрабӣ дар тинаташон он қадар ҷой карда, ба ибораи дигар, «муқтазои табиаташ ин аст».

Ҳувияти миллӣ аз арзишҳои олии инсонӣ ба ҳисоб рафта, дар сурати аз даст додани он шахс аз муқаддасоти дигари инсонӣ низ орӣ шуда, аҳдофи муғризонаро татбиқ ва сафсатаҳоро талқину таҳмил менамояд. Зиндагию «фаъо­лият»- ин «аллома»-ҳо «як бому ду ҳаво»-ро монанд аст. Нотавонбинон ба ҷойи таълифи матолиби муфиду коромад, «неруи зеҳнӣ»-и худро барои иншои сиёҳномаҳое сарф мекунанд, ки аз навиштану хонданашон ҷуз дареғи талафи вақт чизе дигаре нест. Барои ин тоифа меҳвар сангпартоӣ ҷониби Ҳукумат асту кӯшиши ҳар чӣ бештар пайдо кардани норасоӣ дар фаъолияти он. Ин дар ҳолест, ки ин тоифа ва хоҷаҳояшон бо баногӯш ғарқи гуноҳанд. 32 соли соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки ҳарчанд тоҷику тоҷикистониён баъд аз истиқлолияти давлатӣ ба имтиҳони бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуданд, вале ба шарофати азми қавӣ ва нияти неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, давлатро соҳибӣ намуданд ва Ватани хешро бо заҳмати содиқона ободу зебо гардониданд.

 Дар ҳоле ки аксарият фарзандони нохалаф ва «дӯстон»- и миллати тоҷик, «дар ғами чарбу» буданд, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бетаъхир барои барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, таъҷилан аз байн бурдани хавфи гуруснагӣ, барқарор намудани манзилҳои харобгашта ва иншооту биноҳои сӯхтаю валангоршуда тадбир андешиданд.

 Нотавонбинони миллату давлати мо, ки бӯе аз аз одамияту ҷасорат ва самимият набурдаанд, бо амалҳояшон худро шармандатар карда истодаанд. Бо вуҷуди ин, онҳо ҳарзагӯӣ ва тафриқаандозиро хотима набахшидаанд. Далели раднопазир аст, ки ин тоифа ба арзишҳои миллию инсонӣ эҳтиром надоранд. Барояшон арзишҳои маҳдуди мазҳабӣ ва хостаҳои хоҷаҳо авлотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Барои ин бахтбаргаштаҳо моҳияти ­масъала ва рабти бевосита доштану надоштанаш ба ҷомеаи Тоҷикистон аслан муҳим нест.

Тасмими ин қабил он аст, ки дар пасманзари ҳаводис ҳарза гӯянд ва мардумро гумроҳ кунанд. Ин «бузургон» ҳангоми арзёбии ­масъала нозукиҳои дипломатия, диди тахассусӣ ва нигоҳи прагматикии сиёсиро сарфи назар карда, дар хулоса ва назарашон популизм меҳвар аст.

Эътироф бояд кард, ки баъзе шаҳрвандон моҳияти демократияро дарк накардаанд. Барояшон демократия сароб аст, байни демократия ҳамчун низоми арзишҳо ва демократия ҳамчун васила барои расидан қудрати сиёсӣ фарқ намегузоранд. Маҳз ин «махсусият», ки аслан зудбоварию заифӣ аст, аз ҷониби кишварҳои манфиатдор суиистифода гашта истодааст.

 Ба касе пӯшида нест, ки яке аз мушкилоти ҷаҳони муосир афзоиши тамоюли афзоишро касб намудани бархӯрди манфиатҳо мебошад, ки аксар маврид зери ниқоби ҷорӣ намудани демократия роҳандозӣ мегардад, ҳол он ки дар асл демократия бо ин гуна аҳдоф ҳеҷ умумият надошту надорад. Шоҳиди он ҳастем, ки ҳоло дар олам зиёданд қувваҳое, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз чунин «демократия» истифода мекунанду дар ин замина вожаи демократия то андозае беқадр шудааст.

Хурду калони Тоҷикистон ҳама медонанд, ки дар кору пайкори нотавонбинон гуноҳҳое, амсоли ришвахӯрию фасод, бо ширкат дар раванди хатарэҷодкунӣ ба сулҳу суботи кишвар, анҷоми амалҳои террористӣ маъмул буду ҳаст. Бинобар ин, бо «аз зери нохун чирк кофтан» онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд ба обрӯи ҳукуматдорон латма ворид созанд. Ба ибораи дигар:

Такя бар ҷои бузургон натавон зад ба газоф,

Магар асбоби бузургон ҳама омода кунӣ.

 Шаҳрвандон, беҳтар аз ба ном коршиносон, Президенти хешро мешиносанд ва арҷгузорӣ мекунанд. Хурду бузурги кишвар медонанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлатсозу давлатдор хидмати беназир карда, ин раванд муттасил аст.

 Ин Абармард бо иродаи шикастнопазир ва масъулиятшиносию поквиҷдонӣ ин кишварро ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид карданд. Ба ибораи дигар давлатро ҳамчун низоми сиёсӣ сохта, тамоми аркони дохилию хориҷии онро то ҳадди ниҳоии ташаккул расониданд. Мардуми кишвар бояд ифтихорманд бошанд, ки дар замони худ, маҳз намояндагонашон — вакилоне, ки онҳо интихоб карда буданд, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Сарвареро интихоб намуданд, ки ба шарофати он кас дар ҳама самт комёбему кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бениҳоят баланд дорад. Муваффақияти бузургтарини Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар он зоҳир мегардад, ки шахсеро барои роҳбарӣ интихоб кард, ки тавонист рисолати давлатдориро бар дӯш гирифта, мардуми парокандаро муттаҳид кунад, гурезаҳоро ба Ватан баргардонад ва аркони фалаҷшударо аз нав бунёд намояд.

Нақши шахсиятҳои барҷастаю таъсиргузор дар таърихи қавму миллатҳои гуногун хеле равшан ба назар мерасад. Онҳое, ки воқеан давлат сохтанд, месазад мавриди арҷгузорӣ қарор гиранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин гуна шахсият мебошанд. Абармарде, ки неруи бозу ва хиради хешро барои ҳифзи марзу бум ва зиндагии осудаи ҳамзамонони хеш сарф намуда, ҳамеша дар муқобили зулму истибдод қад алам намудааст.

Эътироф бояд кард, ки дар баробари тундбоди ҳаводис истодан, муқовимат кардан осон нест. Хушбахтона, ин Родмард мисли кӯҳ устувору побарҷоанд. Аввал, ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан, ҳамчун Президенти кишвар, ин шахсият давлатро сохтанд. Пас аз Президент интихоб шудан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни давлатсозӣ ба бунёдгузори давлати миллӣ табдил ёфтанд. Замона, вазъият, муборизаҳо дар кураи низоми идоракунии президентӣ ин шахсиятро обу­тоб доданд. Ба касе пӯшида нест, ки Пешвои миллат давра ба давра заминаҳои маънавӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсии бунёди давлати мустақили тоҷиконро тарҳрезӣ карданд.

 Бо вуҷуди роҳи ноҳамвори давлатдорӣ ва сатҳи печидаи таъмини ҳуқуқу озодиҳо дар масири таърих то имрӯз истиқлолияти давлатӣ ягона воситаи муҳим ва муассири эътироф ва эҳтироми ҳаққи худмуайянкунии халқу миллатҳост. Аз ин нуқтаи назар, барои ҳар шахси озодихоҳ, худшинос, комилҳуқуқ ва фарзанди солеҳи замона, ки имрӯзу фардоро дар мизони хирад баркашида, дар доираи манфиатҳои давлату миллат дида тавониста, қудрати дарки неку бадро барои худ ва фарзандон доро аст, неъмате бузург, гиромӣ ва муқаддастар аз истиқлолияти давлатӣ буда наметавонад. Барои миллати соҳибтаърихи тоҷик, ки пас аз ҳазор соли ­бедавлатӣ дигарбора соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид, ин воқеа на як рӯйдоди одии таърихӣ, балки мояи ифтихор, шукргузорӣ ва масъулият дар назди имрӯз ва оянда аст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»