Ҳушдор

Тариқи дину оин аз сияҳдилҳо маҷӯ

№37-38 (4620-4621) 15.03.2023

Otnoshenie-TSerkvi-k-terrorizmuИмрӯз дар ҷаҳони муосир ҳар гуна равияву ҷараёнҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни зиёде ба миён омадаанд, ки баҳри пиёда кардани ҳадафҳои нопоки худ аз таълимоти дини мубини ислом, ки дини сулҳовару инсонпарвар аст, суиистифода намуда, исломи нобро ба сиё­сат омезиш дода, ба амалҳои террористиву экстремистӣ даст мезананд. Ҳол он ки дин ҳамчун оини муқаддасу пок набояд ба сиёсат вобаста ва ё омехта бошад. Асосҳои дини ислом фарзанди одамро ҳеҷ гоҳ ба роҳи бад ҳидоят накардааст. Набояд фаромӯш кард, ки ин дин ҳамеша ҷонибдори аз байн бурдани ихтилоф буда, покии зоҳиру ботинро тарғиб менамояд. Терроризм калимаи лотинӣ буда, маънои тарс, даҳшат ва бо роҳи зӯрӣ ба куштор даст заданро дорад. Ифротиён мехоҳанд бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ ба ниятҳои нопок расанд ва аз оби гилолуд моҳӣ гиранд.

Террористон бераҳм буда, хавфноктарин силоҳи онҳо худкушӣ аст. Онҳо чунон ҷоҳил, мутаассиб, золими хунхор, беимон ва беинсоф ҳастанд, ки дар байни анбуҳи одамон дар масҷидҳои ҷомеъ «Аллоҳу акбар» дар забон худро ба ҳалокат мерасонанд. Ин равияю гурӯҳҳои террористӣ имрӯз бо номи «Салафия», «Ваҳҳобия», «Ҳизб-ут-таҳрир-ал-исломӣ», «Ансоруллоҳ», «Ал-қоида», ҳаракати «Толибон», «Ҷаб­ҳа-ан-нусра», «Бародарони мусулмон», гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва амсоли инҳо, аз номи ислом фаъолият бурда, ба суботу амнияти минтақаҳои гуногун латма ворид месозанд. Онҳо ҳар лаҳза тайёранд ба амалҳои террористӣ даст зананд ва одамони бегуноҳро нишони «ҷиҳод»-и навбатӣ қарор диҳанд. Ҳол он ки беҳтарин ҷиҳод дар таълимоти ислом ҷиҳод ба нафс ва хизмати волидайн аст. Чуноне, ки шоир дар ҳаққи онҳо гуфта:

Тариқи дину оин аз сияҳдилҳо маҷӯ Бедил,

Вафо рафту мурувват мурду бераҳмӣ таваллуд шуд.

Нафрати кас ба тинати ин зумра ҳайвонҳои инсонбашара, ки худро мусулмони асил мепиндоранд, зиёд гардида, боварии кас намеояд, ки фарзанди одам ба чунин ваҳшоният даст занад, миллионҳо инсонро ба мисли ҳайвон сар бурад, зинда дар оташ сӯзонад, зинда ба зери хок гӯронад, шаҳру деҳот ва кишварҳои оламро ба харобазор табдил диҳад.

16-уми декабри соли 2014 ҷангиёни «Толибон» ба яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамла карда, 148 нафар, аз ҷумла 122 кӯдакро ба қатл расониданд. Яке аз олимони шинохтаи олами ислом Муҳаммад Тоҳир-ал-Қадрӣ мегӯяд, ки «Назарияи дини ислом терроризмро маҳкум мекунад ва террористони худкушро огоҳ менамояд, ки онҳоро дӯзах интизор аст ва ҳаракати онҳо ҳеҷ гоҳ ҷиҳод ҳисобида намешавад».

Сарчашмаи ҳама ин нооромиҳо, кушторҳои пай дар пай дар мамлакатҳои исломӣ ҳамин гурӯҳу равияҳо мебошанд.

Мутафаккири бузург Носири Хусрав дар китоби «Ваҷҳи дин» он шахсонеро, ки аз дин манфиати шахсии худро ҷуста, динро ба мақсади носолимию нопокӣ истифода мебаранд, интиқод карда, менависад: «Ва ҳар кӣ ба муроди хеш андар дин сухан гуфт, ӯ деви ронда бувад». Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ба ин маъно фармуда:

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биҷӯянду дин андар оранд пеш.  

Мутаассифона, солҳои охир баъзе шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешони миллат шуда, ба ҷараёнҳои ифротгаро ва гурӯҳҳои террорис­тию равияҳои номатлуб пайвастани онҳо ба чашм мерасад, ки ин боиси ташвиш аст. Гурӯҳе аз ин ҷавонону наврасони ноогоҳ, ки қобилияти дарки ҳақиқии «Қуръон» ва маърифати инсониро надошта, аз таълимоти дини мубини ислом бехабаранд, зуд фирефтаи доми онҳо мешаванд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: «Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд». Биноан, наврасони бонангу номус, ватандору дурандеши моро лозим аст, ки аз ҳар гуна корҳои ношоям ва шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дурӣ ҷӯянд, фирефтаи суханони дурӯғини ин тоифа зархаридони беимон нашаванд ва муқобили ин гуна зуҳуроти номатлуб мубориза баранд.

Муҳаммадшариф ШАРИФОВ,

сардори шуъбаи таълими Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ