21-уми март - Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо

Ташаббусҳое, ки ҷаҳонро бетараф нагузошт

№36 (4932) 19.03.2025

originalАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми декабри соли 2010 дар ҳамоиши 11-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ вобаста ба ҳифзи пиряхҳо чунин иброз доштанд: «Дар Тоҷикистон зиёда аз 14 ҳазор пиряхҳои хурду бузург мавҷуданд, ки наздики 60 фисади захираҳои оби дарёҳои минтақаи моро ташаккул медиҳанд. Вале дар тӯли даҳсолаҳои охир зиёда аз ҳазор пирях нест шудааст, ки ин тамоил басо хатарнок аст. Мо набояд ба нобудшавии пиряхҳо роҳ диҳем, зеро онҳо дар минтақаи бузург манбаи ҳаёт мебошанд».

Гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо бо ҳам вобастагии зич доранд. Бори аввал моҳи августи соли 1981 олимони иқлимшинос дар бораи хатари гармшавии иқлим бонги изтироб зада буданд. Дар он айём олимон сабаби асосии гармшавии глобалии сайёраро дар афзоиши газҳои гулхонаӣ (парникӣ) дар атмосфера медонистанд. Баъдтар омилҳои дигар, аз қабили тӯфони электромагнитӣ, ифлосшавии сатҳи манбаъҳои об, афзоиши масоҳати хатҳои баландшиддати барқ низ, ба ин фарзия илова гардиданд.

Сабаби дигари босуръат обшавии пир­яхҳо афзудани хокбориш (шамоли серчангу ғубор) мебошад. Солҳои охир дар фаслҳои тобистону тирамоҳ бинобар камборонӣ зуд-зуд хокбориш ба назар мерасад. Шамол омехтаи чангу ғубори намакинро аз майдони хушкшудаи баҳри Арал ба масофаи 800-1000 километр мебарад. Таҳшиншавии чангу ғубор дар болои пиряхҳо боиси ифлосшавӣ ва боз ҳам тезтар обшавии онҳо мегардад.

Мувофиқи ҳисоби муҳаққиқон, тайи 200 соли охир дар натиҷаи афзоиши истифодаи сӯзишвориҳои карбондор (нефт, газ, ангиштсанг) ва буридани дарахтзор ҳаҷми оксиди карбон дар атмосфера 30 фоиз боло рафтааст.

Яке аз роҳҳои кам кардани газҳои парникӣ зиёд кардани масоҳати дарахтзор аст. Номзади илмҳои кишоварзӣ Шамсиддин Солиев мегӯяд, ки як дарахт соле ба ҳисоби миёна 6 кило гази карбонатро фурӯ мебарад. Ин дар 40 сол қариб ба 250 кило мерасад. Мувофиқи ҳисоби олимони соҳаи биология, як гектар ҷангали кӯҳсор соле то 40 тонна оксиген ихроҷ намуда 4,6-6,5 тонна гази карбонатро фурӯ мебарад.

Тибқи маълумоти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1930 қариб 23 дарсади ҳудуди кишварамонро ҷангалзор ташкил медод. Ҳоло ин рақам ҳамагӣ 3 дарсадро ташкил медиҳад. Солҳои охир бун­ёди ҷангалзори нав ва корҳои барқароркунии ҷангал дар ҷумҳурӣ вусъат ёфта истодааст. Аз рӯи маълумоти оморӣ масоҳати пистазор дар кишварамон ба 78000 гектар, чормағззор — 10 000, саксавулзор — 12 000, арчаи кӯҳистонӣ — 150000, теракзор — 11 ҳазор ва дигар дарахту буттазор ба 250000 гектар мерасад.

Соли 1991 масоҳати боғу токзор дар мамлакат 118000 гектарро ташкил медод. Ин рақам соли 2024 ба 205 141,1 гектар расид, ки 39 838,7 гектари онро токзор ташкил медиҳад.

Тозашавии фазои кишвар аз чангу ғубор ва гази карбонат то андозае обшавии босуръати пиряхҳоро пешгирӣ хоҳад кард. Бо ин мақсад дар мамлакат «Барномаи миллии «кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва «Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи пленарии Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки якуми декабри соли 2023 дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, чунин таъкид намуданд: «Бо мақсади паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030»-ро татбиқ менамояд. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ин стратегия, инчунин, кумаки молиявии ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла барои баланд бардош­тани иқтидор ва интиқоли «технологияҳои сабз», зарур мебошад».

Дар боби якуми стратегияи мазкур, ки «Тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳои он барои Тоҷикистон» ном дорад, чунин омадааст: «Обшавии идомадор ва коҳиш ёфтани пир­яхҳо, ки ба тағйирёбии иқлим алоқаманд аст, барои Тоҷикистон боиси нигаронӣ аст, зеро пиряхҳо ва захираҳои барф дар Тоҷикистон манбаи асосии оби ирригатсионӣ (обёрӣ) мебошанд. Тахминан 30 дарсади қабати пиряхҳо аз соли 1930 талаф ёфта, айни замон суръати обшавии онҳо талафи 0,5-0,8 дарсади андозаи солонаро ташкил медиҳад. Бузургтарин пиряхи Тоҷикис­тон пиряхи Федченко мебошад, ки ба масофаи 1 км кӯтоҳ шуда, аз ибтидои асри ХХ қариб 5 км яхро талаф додааст. Пиряхҳои начандон калон дар сатҳи поён аз тағйирёбии иқлим бештар таъсир меёбанд ва бо суръати бесобиқа об шуда истодаанд. Масалан, дар Деҳқондара пир­яхе ба масоҳати сатҳаш камтар аз 1 километри мураббаъ, ки дар болооби рӯди Қаратоғ воқеъ мебошад, пурра об шуд. Пиряхи Зарафшон ба 10 дарсади давраи солҳои 1927- 2010 коҳиш ёфта, ба 2,5 км кӯтоҳ шудааст».

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳои ба тағйирёбии иқлим хеле осебпазир баҳо додааст. Тибқи баҳодиҳии индекси мутобиқшавии глобалӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳи Нотр-Дам арзёбӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни 185 кишвар ҷойи 111-умро ишғол мекунад.

Мувофиқи дурнамои тағйирёбии ҳарорати ҳаво минтақаҳои пиряхҳо дар муқоиса бо сатҳи кунунӣ 15-20 дарсад коҳиш меёбанд. Дар ин ҳангом, мувофиқи пешгӯиҳое, ки ба суръати кунунии обшавии пиряхҳо асос меёбанд, аксарияти пиряхҳои хурд дар Тоҷикистон давоми 30-40 сол пурра нест мегарданд. Коҳишёбии минтақаҳои пиряхҳо ба захираҳои оби тоза дар дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон, Қаратоғ ва Обихингоб таъсири назаррас хоҳад гузошт.

Ҳар сол офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти мамлакат садҳо миллион доллар зарар расонида, дар бисёр мавридҳо талафоти ҷониро низ ба бор меоранд. Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиярхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Саммити «Гурӯҳи 77 ва Чин» дар доираи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP- 28) дар хусуси чораҳои кам кардани партовҳои гулхонаӣ сухан ронда, аз ҷумла чунин иброз намуданд: «Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори он, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда, афзоиши истеҳсоли «энергияи сабз» мебошад. Бунёди иншооти энергетикӣ, бахусус неругоҳҳои барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ, аз қабили иқдомоти муфид дар ин самт ба ҳисоб мераванд. Иқтидори Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда хеле васеъ мебошад».

Ҳар сол дар ҷаҳон бо мақсади истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои ҳароратӣ ва сӯзишвории нақлиёт миллионҳо тонна маҳсулоти нефтӣ сарф мешавад, ки ихроҷи газҳои парникиро бештар мекунад. Коршиносон бо мақсади пешгирии партоби газҳои парникӣ истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия (об, офтоб, шамол, биогаз, биоэтанол, неруи обҳои гарм) ва гузаштан ба нақлиёти барқиро тавсия медиҳанд. Тавре вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромӣ иброз намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои якум ва дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол мекунад. Дар кишвари мо қариб 98 дарсади неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Илова бар ин, сол ба сол дар мамлакат таваҷҷуҳ ба дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мисли энергияи офтоб ва шамол низ, зиёд шуда истодааст. Мувофиқи ҳисоботи коршиносони Бунёди байналмилалии табиат (WWF) то соли 2050 кишварҳои ҷаҳон пурра ба энергияи барқароршаванда рӯ меоранд.

Боиси ифтихор аст, ки дар пойтахти мамлакат бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақлиёти мусофиркаш давра ба давра ба нақлиёти барқӣ гузашта истодаанд. Ҳоло дар кӯчаҳои пойтахт ғайр аз электромобил, инчунин, электробус ва микроэлектробусҳо низ дар ҳаракатанд. Дар назар аст, ки то моҳи сентябри соли равон тамоми таксиҳо дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби электромобил хоҳанд шуд.

Ледник в Таджикистане viza.3dn.ruДар ҳифзи пиярхҳо ва пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ҳар яки мо метавонем ҳисса гузорем. Сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи об, пешгирии ифлосшавии манбаъҳои об, шинондани ниҳоли дарахтон ва зиёд кардани майдони гулу рустаниҳо, ҳифзи арчазор, истифодаи самараноки энергияи офтобу шамол, кишоварзии органикӣ, кам кардани партовҳои пластикӣ ва ғайра аз ҷумлаи иқдомҳои экологие мебошанд, ки дар самти пешгирии оқибатҳои номатлуби тағйирёбии иқлим самара хоҳанд дод.

Маҷмаи умумии СММ 14-уми декабри соли 2022 зимни Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиярхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қабул кард. Дар асоси он пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе бо иттифоқи оро аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд. Ин ҷонибдорӣ бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ эътимоди комил дорад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»