Ифтихор аз ибтикор

Ташаббусҳои Пешвои миллат — ташаккулдиҳандаи сиёсати маърифати экологӣ дар ҷаҳон

№88 (4671) 30.06.2023

Дар асри XX олимони соҳаи астрономия пешгӯӣ намуда буданд, ки садаи XXI-ро раванд­ҳои тағйирёбии иқлим фаро мегирад. Бо гузашти беш аз сад сол пешгӯии коршиносони соҳа дуруст баромад. Агар имрӯз хушксолӣ ва норасоии оби ошомиданию маҳсулоти озуқаворӣ як қисми давлатҳои оламро дучори мушкилӣ намуда бошад, давлатҳои дигар аз пайваста рӯй додани ҳодисаҳои табиӣ ва обшавии пиряхҳо азият мекашанд.

Ҳар сол талабот ба оби ошомиданӣ дар кураи Замин то 64 млн. метри мукааб меафзояд. Масалан, агар солҳои 1950 — 2016 аҳолии Замин се маротиба зиёд шуда бошад, дар ин давра талабот ба оби ошомиданӣ 17 маротиба афзуд. Дар асоси пешгӯиҳои коршиносон, соли 2025 қариб 50 дарсад ва дар соли 2050 қариб 75 дарсади аҳолии Замин бо норасоии оби ошомиданӣ мувоҷеҳ мешаванд.

Дар аксар кишварҳои қораи Африқо сокинон 5 соати як рӯзро дар ҷустуҷӯи оби нӯшокӣ сарф мекунанд. Ҳамасола дар ҷаҳон то 5 миллион одам аз норасоии оби ошомиданӣ ба ҳалокат мерасанд.

 Олимони Донишкадаи тадқиқотии уқёнуси Ором исбот намудаанд, ки дар бист соли оянда 34 миллион сокини сайёраи Замин дар пайи мушкилии норасоии оби ошомиданӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ба назари мутахассисон норасоии об, аз ҷумла дар мамлакатҳои осебпазир, боис ба хурӯҷи бемориҳо гардида, бар асари он давоми ҳар 8 сония як кӯдак бо марг рӯ ба рӯ шуда истодааст.

Агар дар таркиби бадани кӯдак аз таваллуд то яксолагӣ 80-85 дарсад об бошад, ин шумора то ба 18-солагӣ расидани шахс 65-70 дарсад ва дар пиронсолӣ то ба 25 дарсад мерасад. Бинобар ин, лозим аст, ки барои таъмин кардани организми хеш бо оби босифат ва бо миқдори лозима мубодилашавии оби сифатнок­ро баробар нигоҳ дорем. Бояд гуфт, ки ҳаёти инсон аз сифатнокии об вобастагии калон дорад, чунки он барои организми инсон пас аз кислород моддаи дуюм ба шумор меравад.

Олимон исбот намудаанд, ки барои фаъолияти муътадили организми инсон дар як шабонарӯз 20-25 литр оби нӯшокӣ лозим аст.

Вобаста ба ин масъалаи муб­рами байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 зимни суханронӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид иброз намуданд: «Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият мекашанд, мо мардуми Осиёи Марказӣ наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем».

Бо назардошти муҳимияти масъа­ла ва идомаи тадбирандешиҳо дар ин самт 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Тавре маълум аст, эълони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида буд.

Аз нигоҳи коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев, рушди устувор рушдест, ки се омилро дар бар мегирад: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ. Ба андешаи номбурда, ҳамон вақт ба рушди устувор ноил гашта метавонем, ки ин се омил тавъам бошанд. Маҳз, қатъномаи чорум, яъне «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба ташаккули афкори аҳли ҷаҳон дар рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон саҳм гузошта истодааст.

- Агар ба муҳтавои қатъномаҳои қабулшуда дар масъалаи об, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, аз лиҳози илмӣ назар намоем, паҳлуҳои гуногун доранд. Агар аз як тараф, онҳо ба ташаккул додани сиёсати маърифати экологӣ дар арсаи ҷаҳон равона гардида бошанд, аз ҷониби дигар, масоили дипломатияи об, об ва ҳаёт ва дастрас шудан ба рушди устувор маҳаки асосии барномаҳои мазкурро ташкил медиҳад. Дар асоси қатъномаҳои қабулшуда, мо тавонис­тем сиёсати экологии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ роҳандозӣ намоем,- афзуд ҳамсуҳбатам.

 Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад. Захираҳои обии Тоҷикистон асосан дар пиряхҳо ҷойгир шудаанд. Миқдори пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 14 500 ададро ташкил намуда, масоҳати умумии яхҳо 11146 километри мураб­баъ мебошанд. Захираи умумии ях тақрибан ба 845 километри мукааб баробар аст, ки миқдори оби онҳо аз ҳаҷми яксолаи обҳои дарёҳои Тоҷикистон 13 маротиба зиёд аст. Дар ҳудуди Тоҷикистон 947 дарё мавҷуд аст, ки дарозии умумии онҳо 28500 километр­ро ташкил медиҳад. Аз ин дарёҳо зиёда аз 80 дарсади оби Амударё сарчашма мегирад, ки он ба 55,4 дарсади оби ба баҳри Арал ворид­мешуда баробар аст. Дар Тоҷикис­тон тақрибан 1300 кӯл бо масоҳати умумии 705 километри мураббаъ ҷойгир шудаанд, ки захираи обии онҳо 46,3 километри мукаабро ташкил медиҳад. Инчунин, нуҳ обанбор мавриди истифода қарор дорад, ки ҳаҷми пурраи онҳо ба 15,344 километри мукааб баробар аст. Ҳаҷми фоиданокии онҳо 7,63 километри мукаабро ташкил медиҳад.

Дигар масъалае, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, босуръат об шудани пиряхҳо мебошад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳалли ин мушкилот худро бетараф гузошта наметавонад.

Вобаста ба масъалаи мазкур 7-уми ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27), ки дар Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, суханронӣ намуда, бори дигар нигаронии хешро аз тағйирёбии иқлим дар кураи Замин иброз доштанд. Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки захираҳои об зери таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор доранд ва намунаи возеҳи ин падидаро мо дар обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем.

Зимни суханронии хеш дар ин конфронси сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигаронӣ карданд, ки тайи чанд даҳсолаи охир ҳазор пиряхи Тоҷикистон пурра аз байн рафтааст.

Бо назардошти арзиши байналмилалӣ доштани масъала дар идомаи суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пир­яхҳо» эълон карда шавад.

Ба андешаи коршиноси соҳа Ҳасан Асоев, ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намудан, агар аз як тараф, ба ташаккули сиёсати экологии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида бошад, аз ҷониби дигар, аз лиҳози илмӣ омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аст.

Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади мониторинги равандҳо ва андешидану татбиқ намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим чанд сол қабл дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд.

Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ 25 қонун ва даҳҳо санади меъёрӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба ташаккули маърифати экологии аҳолӣ ва аз нигоҳи илмӣ рушд додани соҳаи экология мусоидат намуда истодаанд.

Инчунин, дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба беш аз 10 конвенсияи байналмилалӣ вобаста ба ҳифзи муҳити зист шомил шуд. Дар ин замина, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологии шаҳрвандон, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2021-2025» қабул шуд.

Муҳтавои барномаҳои дар ин самт қабулшуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки маърифати экологӣ боиси шукуфоии табиат ва судманд гаштани таъсири инсон ба муҳити зист мегардад.

Бояд гуфт, ки дар самти омӯзиши фанни экология низ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии кишвар низ дар даврони истиқлолият корҳои назаррас ба сомон расидаанд. Махсусан, агар қаблан омӯзиши фанни экология танҳо барои фанҳои табиатшиносӣ ба роҳ монда шуда буд, имрӯз фанни мазкур дар тамоми зинаҳои таҳсилот таълим дода мешавад. Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва ғамхории шаҳрвандон нисбат ба табиат 14-уми апрели соли 2021 дар Тоҷикистон телевизиони «Илм ва табиат» ба фаъолият шурӯъ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғибгари маърифати экологии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор мераванд. Маҳз, ба туфайли қатъномаҳои қабулнамудаи СММ вобаста ба масоили об Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ҳамчун Роҳбари кишвари ташаббус­кор таваҷҷуҳи аҳли сайёраро ҷалб намоянд.

Хусрав ШОСАИДЗОДА,

рӯзноманигор