Таваҷҷуҳи Президент, баракати соҳибистиқлолӣ ва эътимоди мардум

№111-112 (4531-4532) 07.09.2022

Омилҳои асосии рушди парламентаризм дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳаминҳоанд

17Бегуфтугӯ, парламенти мамлакат аз замони таъсисаш баҳри таҳкими асосҳои давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун, гус­тариши муносибатҳои гуногунҷанба бо созмон ва иттиҳодияҳои байнипарламентӣ фаъо­лияти шоиста дорад. Муҳим он аст, ки зимни баррасии масъалаҳои ба парламент воридгардида махсусияти фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ ба назар гирифта мешавад.

Нафарони аз набзи ҷомеа ва рӯйдодҳои ҷаҳони муосир огоҳ хуб медонанд, ки фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ аз самтҳои афзалиятнок дар умури давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд ба ном мухолифин мавҷудияти парлумони Тоҷикистонро атрибути давлатдорӣ, ки гӯё фаъолияти начандон муассир дорад, арзёбӣ менамоянд, аммо дар асл ин гуна набуду нест.

Аз фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ дар бораи ҳар як давлат роҷеъ ба дараҷаи демокративу муосирӣ ва тамаддуннокии он баҳо дода мешавад. Хоса, дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо беш аз пеш шиддат ёфта истодааст, масоили марбут ба тавсеаи фаъолияти қонунгузорӣ ва мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқӣ сатҳу сифати навро касб намудаанд.

Мутаассифона, дар баъзе воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ чун сухан дар бораи мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор равад, аз ҷониби баъзе ба ном «коршиносон» зикр мегардад, ки «Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои аз ҷониби Ҳукумат пешниҳодгардидаро бидуни баррасӣ ва муҳокимаву баҳс қабул менамояд». Ибрози чунин андешаҳо далели умуман огоҳ набудани ашхоси мавриди назар аз фаъолияти мақоми олии қонунгузори мамлакат аст. Онҳо, ҳамчунин, намедонанд, ки рисолати ду зинаи парлумон мутобиқи талаботи қонуни конститутсионӣ муайян шудааст ва амалӣ намудани хоҳишу дархости як иддаи аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ ваколат ва рисолати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон нест.

Тааҷҷубовар аст, ки як идда зимни таҳлили масоили ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор рабт­дошта парлумонҳои пурмоҷарои дигар кишварҳоро намунаи ибрат нишон медиҳанд. Парлумонҳои пурхархашаеро, ки ба «шарофаташон» кишварҳои воҳид ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта ба давлатҳои пароканда табдил ёфтанду иқтисодиёташон фурӯ пошид. Қисме аз ҳудуди чунин давлатҳоро давлати дигар бидуни парронидани тире ба қаламраваш «ҳамроҳ» намуду дар манотиқи дигар задухӯрд идома дорад.

Ҳадафи иншои ин матлаб амиқтар бурдани ҳамватанонамон андар шинохт, дарки зарурату моҳияти ин шохаи алоҳидаи давлатдорӣ, инчунин бозгӯӣ намудани дастовардҳои парлумон дар замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад.

Дар ин бора метавон зиёд навишт. Вале бо овардани чанд далел иктифо менамоям. Қабл аз ҳама бояд ёдовар шавем, ки 6 ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард ва мувофиқи он, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқ­бунёд, дунявӣ, ягона ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки интихобот ба даъвати якуми он 25 феврали соли 1995 баргузор гашт, мақоми олии намояндагӣ эътироф гардид.

Минбаъд, дар баробари дигар соҳаҳо, зарурати такмили парламент низ ба миён омада, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқии 26 сентябри соли 1999 оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи Маҷлиси Олии думаҷлиса қабул гардид. Дар ин замина, ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид гардид, ки боби сеюми он — моддаҳои 48 — 63 фаъолияти Маҷлиси Олиро дар бар гирифт. Мутобиқи он, Маҷлиси Олӣ, ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ду маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст, ки иқдоми фавқ барои пурмаҳсул, тибқи талаботи байналмилалӣ қабул гардидани қонунҳо ва асноди ҳуқуқӣ-меъёрӣ заминаи мусоид муҳайё кард.

Зарурату моҳияти ин иқдомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла гуфтанд: «Таъсис ёфтани парламенти думаҷлиса дар сохтори давлатдории мо дигаргунии бунёдӣ мебошад ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ имрӯз ба яке аз рукнҳои боэътимоди мақоми қонунгузори кишварамон табдил ёфтааст, зеро мутобиқи Конститутсия аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда шудани қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон кафолати муҳими қабули қонунҳои мукаммал, босифат ва ҷавобгӯ ба манфиати мардум мебошад».

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон доир ба рисолати ин ниҳод таъкид карданд: «Мақоми қонунгузор на танҳо дар қабули қонунҳо, балки дар таъмини иҷрои қонунҳо, роҳ надодан ба мухолифати онҳо, инчунин пуррагии низоми танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ низ ҳавасманд бояд бошад».

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамон тавре Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр карданд: «Мақомоти намояндагии умумимиллист, ки вазифаи қонунгузориро иҷро мекунад. Мақомоти намояндагист, ки дар он аҳолӣ ва минтақаҳои кишварро вакилони интихобгардида намояндагӣ мекунанд. Дар сохтори ҳокимияти давлатӣ мавқеи басо муҳим дошта, дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди ҷомеа ва давлат, такмили фаъолияти қонунгузорӣ ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ нақши арзанда мегузорад. Яке аз вижагиҳои фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар он аст, ки бахши асосии аъзои он намояндагони воҳидҳои марзиву маъмурӣ, яъне минтақаҳои кишвар буда, Маҷлиси миллӣ дар фаъолият манфиатҳои онҳоро ба манфиатҳои умумимиллӣ мувофиқ мегардонад ва ба ин васила, андешаи онҳоро ҳангоми қабули қонунҳо ба назар мегирад».

Муҳимияти мавҷудият ва фаъо­лияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дар он зоҳир мегардад, ки Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳи баъди интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ даъват ва дар он иштирок мекунанд. Тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулода, ризоят ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, таъини интихоботи Президент, қабули истеъфои Президент ва сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ дохил мебошад.

Дар қонуни зикршуда салоҳияти Маҷлиси миллӣ дар алоҳидагӣ низ мушаххас шудааст, ки таъсис, барҳам додан ва тағйир додани сарҳади воҳидҳои марзиву маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, интихоб ва бозхонди раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент, бекор кардани дахлнопазирии раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, ризоят барои таъин ва озод намудани прокурори генералӣ, муовини якум ва муовинони ӯ, интихоби намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамон ҷумлаанд.

Пӯшида нест, ки баъзеҳо дар бораи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ маълумоти кофӣ надоранд ва маҳз ин ҷанба то ҷое боиси ба миён омадани андешаҳои нодуруст мегардад. Ҳуқуқэҷодкунӣ, чунон ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шудааст, фаъолияти расмии субъекти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Ба ибораи дигар, раванди эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оғоз ёфта, минбаъд зинаҳои баррасӣ, қабул, интишор ва қатъи ин санади меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад, фарогири пурраи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад.

Мусаллам аст, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ тавассути субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда амалӣ мешавад. Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», субъектони ҳуқуқэҷодкунанда халқи Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд.

Табиист, ки пешсафи ин раванд парлумон аст. Ваколати мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун субъекти ҳуқуқэҷодкунанда дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст.

Далелҳо бениҳоят зиёданд, ки тӯли солҳои фаъолият Маҷлиси миллӣ дар самти такмили қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои ҳаётан муҳим, ки ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва беҳтар шудани шароити зисти мардум нигаронида шудаанд, корҳои назаррасро анҷом додааст.

Месазад арҷгузорӣ намоем, ки дар даъвати кунунӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сармашқи кор қарор додани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намуда, дар ин замина пешравиҳои назарррас рӯи кор омаданд. Далел: Дар чор иҷлосияи даъвати шашум маҷмӯан, 108 қарор қабул шуда, аъзои Маҷлиси миллӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ теъдоди зиёди лоиҳаи қонунҳои конститутсиониро таҳия ва пешниҳод намуданд.

Илова бар ин, бо ибтикори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташкили муҳокимаҳои парламентӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, тавсияҳои дар онҳо қабулшуда ба рафъи мушкилоту камбудиҳои соҳаҳо таҳрик бахшиданд.

Дар ин давра робитаҳои байнипарламентӣ низ тақвияту тавсеа ёфта, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ташаббускори Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ, Ассамблеяи парламентии осиёӣ ва Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мебошад.

Далелҳои мазкур гувоҳи онанд, ки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми пешбарӣ ва интихоб гардидани Раис, муовинон ва аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ, дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати шашум, дар бобати он ки «аъзои Маҷлиси миллӣ бояд қонунҳоеро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки ба таҳкими истиқлолият, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла пешрафти соҳибкорӣ, беҳдошти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд», сармашқи кор қарор дода, дастовардҳо қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоишанд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолиятро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ мондааст.

Ба зиммаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти азим вогузор буда, ҳамон тавре ки Роҳбари мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Вакилон бояд намунаи поквиҷдонӣ ва садоқат ба Ватану миллат бошанд ва дар сафи пеши мубориза бо ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ қарор дошта бошанд».

Тӯли фаъолият Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро қабул намуд, ки ба рушди соҳаҳои гуногун такони ҷиддӣ бахшиданд. Ба шарофати ин иқдом, дар бахшҳои иқтисодиёт, тандурустиву иҷтимоӣ ва илму маориф навгониҳои назаррас рӯи кор омада, рушди муттасил таъмин гардид.

Ҳадафи санадҳои меъёрии қабулгардида дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва ташкили ҷойҳои кор маҳсуб шуда, ин ибтикор барои ҳалли мушкилоти соҳаҳо, мусоидат кард.

Роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба тавсеаи равобити байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо 76 кишвари дунё гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст. Ба шарофати ин иқдом таҷрибаи қонунгузории давлатҳои мутараққӣ дар раванди фаъолият васеъ истифода мегардад.

Тавре Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум иброз дошт, «Дар ин давра 35 ҷаласаи Шӯро ва 28 иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, 665 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷониби субъектҳои ташаб­буси ҳуқуқи қонунгузорӣ барои баррасӣ 127 қонун, аз ҷумла 20 қонуни мукаммал, 3 кодекс, 6 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 56 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 42 қонун оид ба ворид кардани ­тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 39 созишномаву протокол ва дигар санадҳои меъёрӣ манзур гардиданд».

Дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, дар як вақт субъекти ҳуқуқэҷодкунанда муқаррар гардидаанд. Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баробари ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, инчунин салоҳияти ҳуқуқэҷодкуниро доро мебошанд. Ҳамзамон, мутобиқи қонуни зикргардида, гарчанде ­аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, субъе­кти ҳуқуқэҷодкунанда нестанд. Ба ибораи дигар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, танҳо ҳуқуқи таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро барои баррасӣ ва қабул доранд. Бо назардошти ин ҷанба, вакилони Маҷлиси намояндагон 45 лоиҳаи қонунро пешниҳод кардаанд.

Ба мисли Маҷлиси миллӣ, дар фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ мавқеи хос дорад. Дар давраи мавриди назар 11 муҳокимаи парламентӣ баргузор шуда, аз тариқи таҳлили барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба сохторҳои марбута тавсияҳо барои рафъи камбудиҳо ирсол гардиданд.

Барои амалӣ сохтани раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мавҷудияти заминаи мукаммали ҳуқуқӣ нақши бориз дорад. Бо назардошти ин, солҳои соҳибистиқлолӣ барои дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафтани фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Ҳамон тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Танҳо бо роҳи танзими қонунии равандҳои мухталифи ҳаёт ва муносибатҳои ташаккулёбандаи ҷомеа, ки дар давраи гузариш қарор дошт ва мардуми кишвар ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои нахустин мегузоштанд, ноил шудан ба пешравиҳо, амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имконпазир буд».

Хулоса, таваҷҷуҳи Президенти мамлакат, баракати соҳибистиқлолӣ ва эътимоди мардум омилҳои асосии рушди парламентаризми миллӣ маҳсуб шуда, ба шарофати фаъолияти вакилони халқ собит гардид, ки ин ниҳод дар пешрафти мамлакат саҳми босазо дорад.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»