Нуқтаи назар

Тавсия ба нотавонбинони давлат ва миллати тоҷик

№ 05.09.2022

КоллажШиносоӣ бо мазмуну муҳтавои матолиби солҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ дар воситаҳои ахбори омма, хоса гузориш аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, маро дар шинохти бештари чеҳраҳо, дарки беш аз пеши воқеият, огоҳии комилтар аз аъмоли шахсияту гурӯҳҳо дар он даврон амиқтар бурд.

Ҳарчанд ба ёд овардани он айёми буғранҷ ва муташанниҷ чандон хушоянд нест, вале рисолати инсониву қарзи виҷдони хеш медонам, то ёдовар шавам, ки чанд сол пештар мо бо чӣ мушкилот мувоҷеҳ будем ва кадом шахсият боис гардид, ки рӯзгори саодатманд таъмин гардад. Муҳимтар аз ҳама дар хотир дошта бошем, ки як лаҳза фаромӯш кардани гузаш­та, аз ёд бурдани сабақҳои таърих боиси он гардид, ки миллат по ба канори вартаи бетаг гузорад. Таҳрикбахши иншои матлаби мазкур низ ҳамин аст.

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки дар мақолаи мазкур меҳвар қарор додем, аз рӯйдодҳои таърихие мебошад, ки дар давлатдории муосири тоҷикон марҳилаи комилан навро оғоз бахшида, давлати дар вартаи нобудӣ қарор­доштаро наҷот бахшид ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷиконро пешгирӣ кард. Ба ғайр аз ин, ба бесарусомонӣ ва беҳокимиятӣ нуқта гузошт, Роҳбари оқилу хирадманд ва дурандешро интихоб кард, рамзҳои давлатиро тасдиқ намуд.

Он замон бо вуҷуди соҳиб­истиқлолӣ, ҳатто рамзҳои давлати соҳибистиқол — Парчам ва Нишони миллӣ надоштем ва дар мамлакат Конститутсияи соли 1978 амал мекард. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки он вақт на ҳар кас қудрат ва хоҳиши мансаб гирифтан дошт.

Интихоб гардидани муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ яке аз ҳазор қаҳрамониҳои ин абармард маҳсуб мешавад. Қаблан навишта будам ва иловатан таъкид менамоям, ки дар баъзе ҳамсоякишварҳо солиёни зиёд ҷанг идома ­дошта, қисмате аз мамлакатҳои ҳамҷавор, бинобар надош­тани шахсияте чун муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон, ба майдони рақобати абарқуд­ратҳо табдил ёфтаанд.

Касе наметавонад инкор кунад, ки Тоҷикистон он айём киштии шикастаеро мемонд, ки ба шахси ҷасур ва сарсупурда ниёз дошт. Шоҳидон, дар мусоҳиба ба камина нақл карда буданд, ки он замон шахсони дар мактаби сиёсат обутобёфта ва дар мансаб­ҳои баланд фаъолияткарда вазифаҳои калидиро рад мекарданд. Гуфта буданд, ки: «ин Ҳукумат умри 7 — рӯза дорад».

Ҳадафи руҷӯи мазкур огоҳии бештар пайдо намудани аҳли ҷомеа ва муътақид кардани ашхоси аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ маҳсуб мешавад, зеро зиёд дида мешавад, ки нотавонбинон бо меҳвар қарор додани бечоранолӣ ва дар заминаи сафсатапароканиву афсонапардозӣ мехоҳанд «обро лой карда, моҳӣ гиранд». Чунин «дилсӯз»-ҳо дар умрашон ягон кори хайрро анҷом надодаанд. Дороиҳояшон «подош»-и хиёнату ҷиноятҳояшон мебошад…

Ин «аллома» — ҳо, ба ҷои он ки дар заминаи далелҳои асоснок сиёсати Ҳукуматро ба чолиш кашанд ва гӯянд, ки «шумо дар фалон маврид иштибоҳ мекунед» (агар чунин иштибоҳ ҷой ­дошта бошад), ба эҷоди тавтеа машғуланд. Агар иқдомоти амалинамудаи ин тӯдаро ба риштаи таҳлил кашем, аён мегардад, ки онҳо саропо муғризона буда, аз аҳдофи нопок маншаъ гирифтаанд.

Илова бар ин, «муколама»-и ин ашхос, матолиби иншонамудаи думравону обсофкунакҳояшон аз лиҳози моҳият ва мазмун бамаротиб пасттар аз ғайбати «занакои лаби об» аст. Ҳазёнгӯии иддаи дигар дар зеҳн гумонро дар бобати рӯҳан носолим буданашон шакл медиҳад.

Хуб дарк менамоям, ки пешравиҳои кишвари азизи мо барои инҳо мисли кордест, ки ба гӯшту нохунашон расидааст, хорест, ки муназзам ба дидагонашон мехалад ва устухонеро шабеҳ аст, ки дар гулӯяшон дармонда. Табиист, ки онҳо бо ҳар роҳу васила мехоҳанд «интиқод» кунанд. Миёни мардум маҳбубияти зиёд доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси рашкашон аст. Тавре тоҷикон мегӯянд, «алам карда бошад, биниашонро газанд…».

Чаро нотавонбинон эътироф ва арҷгузорӣ намекунанд, ки оғози давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи мураккабу душвори гузариши мамлакат аз як сохт ба сохти дигар рост омада буд?

Магар фаромӯш кардаанд, ки дар он айёми басо ҳассос ва тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз ҷанг ва душвориҳои дигарро паси сар мекард?

Оё метавонанд нодида гиранд ва инкор кунанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо аз душвортарин шароиту ­вазъият бо сарбаландӣ берун омаданд ва ба ин васила ягонагӣ ва тамомияти давлату миллатро ҳифз карданд?

Чаро эътироф намекунанд, ки маҳз дар он марҳилаи тақдирсоз обрӯву эътибори мавсуф афзуд ва дар ниҳоди сокинони ҷумҳурӣ эътимоду боварӣ ба роҳе, ки ин абармард интихоб кардааст, мустаҳкамтар гардид?

Нотавобинон ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд нодида гиранд, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи ин абармард сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид.

Ҳамзамон, таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот давлати соҳибистиқлоламон муназзам рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демок­ратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.

Дар ҳоле ки ин «бузургон» бо мусоидати хоҷаҳояшон паи тахриби давлат тасмим доранд, шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар мамлакат устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқ­бунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.

 Боке нест, агар чанд нотавонбине дастовардҳоро нодида гирад, зеро дар давоми давлатдории муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аҳдофи созандаашон дар заминаи нияти нек ва азми қавӣ татбиқ ёфта, ин раванд муттасил аст. Ин дастовардҳо боис шуданд, ки дар ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд.

Ин «бузургон» мунтазам кишвари моро бо дигар давлатҳо муқоиса намуда, солиёни зиёд сари қудрат будани як нафарро далел барои гӯё паст шудани обрӯи миллат дар арсаи байналмилалӣ «арзёбӣ» мекунанд. Гӯё намедонанд, ки дар кишварҳое, ки барои «демократия»-­ашон оби даҳонашон мешорад, аз ҷумла ИМА, садсолаҳо инҷониб «намояндагони» як гурӯҳ давлатро сарварӣ мекунанд.

Садҳо далел мавҷуд аст, ки дар хориҷ аз кишвар низ кори нотавонбинон «аз гиря гузаштаасту ба онҳо механданд». Биноан, аз ҳилаҳои нав кор мегиранд ва дар заминаи бечораноливу афсонапардозӣ тасмим доранд мардумро гумроҳ кунанд. Хестед, ки хобед!

Амалкарди ин қабил аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доштану зидди Тоҷикистон шиорпароканиашон маҳз бо кумаки хадамоти махсуси кишварҳои манфиатдор имконпазир гардидааст. Як назари сатҳӣ кифоя аст то муътақид гардем, ки нотавонбинон комилан дар банди хурофоту таассуб қарор дошта, ҳамеша ҷонибдори ба минтақаҳо ҷудо намудан ва таҳмили ҷанг ба давлатамон мебошанд. Ба ибораи дигар, ин қабил ҳама вақт дар фикри амалӣ кардани ҳадафҳои муғризонаи худ буданду ҳастанд .

Ҳувияти миллӣ аз арзишҳои олии инсонӣ маҳсуб шуда, дар сурати аз даст додани он шахс аз муқаддасоти дигари инсонӣ низ орӣ шуда, қодир аст аҳдофи муғризонаи хоҷаҳояшро татбиқ ва андешаҳои сафсатаомезашонро талқину таҳмил намояд.

Зиндагиву «фаъолият»-и ин «бузургон» монанди «як бому ду ҳаво» аст. Мунтазам аз эҳтиром қоил будан ба арзишҳои милливу инсонӣ ҳарф мезананд, вале дар асл ин муқаддасот барояшон як фулус арзиш надорад. Ба тамоми баҳсу қазия, ки ба кишвари мо рабт дорад, «равған мерезанд»-у мехоҳанд дар замони «ҳафт шаҳри ишқро гаштани Аттор» моро «андар хами як кӯча қарор диҳанд».

Ин тоифа гӯё намедонанд, ки дар солҳои навадуми асри гузашта бо ҷурми онҳо ва «доҳӣ»-ҳояшон ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистон маҳдуд ва ба хотири «дигарандешӣ» қисме аз онҳо қатлу беватан шуданд.

Бидуни шубҳа ин «дилсӯзон»-и миллати тоҷик барои ба вуҷуд омадани нооромӣ ҳавасманданд. Барояшон бефарқ аст, ки дар ин сурат нафарони зиёде ба мотам мешинанд ва фарзандони ятиммондаи тоҷикро на дигарон, балки модаронашон бо оби чашм ба воя хоҳанд расонд.

 Ҳама медонанд, ки (ҳатто онҳое, ки вонамуд мекунанд, ки намедонанд) нотавонбинони мавриди назар тасмими бо роҳи ғайриқонунӣ расидан ба қудратро доштанд. Биноан, аз имконоти фароҳамбуда суиистифода намуда, бозии хатарнокро оғоз карданд.

Таассуб, каҷфаҳмӣ, пайгирии манфиатҳои маҳаллию гурӯҳӣ ва боз иллатҳои дигари зиёде дар кишвари ба тозагӣ истиқлолият бадастовардаи мо асоси ҷанги шаҳрвандиро гузоштанд, ки оташи он ҳаёти ҳазорон ҳамватанони моро ба коми худ кашид, Ватан хароб шудаву тамомияти марзии кишвар зери хатар қарор гирифт.

 Зарур ва ногузир аст, ки насли ҷавон аз ҳодисаҳои фалокатбори ибтидои солҳои навадуми қарни рафта сабақ гиранд. Фаромӯш накунанд, ки солҳои навадуми асри гузашта давлати мо, ки бо заҳмати миёншикан, бо устуворию матонати ҳайратовари намояндагони тамоми маҳаллу манотиқи ҷумҳурӣ ободу корам ва шукуфон шуда, шуҳрати хоса касб карда буд, ба саҳрои ваҳшоният ва маъвои бераҳмию бешафқатӣ табдил ёфта буд.

Аз ҷониби дигар, таҳаввулоти охири ҷаҳони муосир, ки пора-пора гардидани давлатҳои мутараққӣ, заволи иқтисоди миллӣ, кушта шудани нафарони бегуноҳ, зуҳури гурӯҳҳои ифротгаро ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд, ҳушдор медиҳанд, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Муҳим он аст, ки ба ҳама пешравӣ воқеъбинона ва бидуни тамаллуқ баҳогузорӣ кунем, таҳаввулот дар фарҳанги сиёсӣ, афкори ҷомеа, инчунин тағйироти куллӣ дар рӯҳия ва афкори оммаро эътироф ва арҷгузорӣ намоем.

Ба нотавонбинон бошад, бо иқтибос аз Саъдии Шерозӣ чунин тавсия медиҳам:

Бимир, то бираҳӣ аз ҳасуд, к-ин ранҷест,

Ки аз машаққати он ҷуз ба марг натвон раст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»