Масъалаи асосие, ки 25 — уми июли соли 2023 дар Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати 6-ум) вакилон мавриди баррасӣ қарор доданд, рафти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1- уми июни соли 2021 таҳти №187 «Дар бораи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» буд.
- Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян, вазифаҳои мақомоти давлатиро барои аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакат дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад, — гуфт муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода.
Бино ба гуфти ӯ, бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1- уми июни соли 2021 таҳти №187 «Дар бораи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025», қарори раиси вилоят аз 17- уми октябри соли 2021 таҳти №485 «Дар бораи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025» дар вилояти Суғд» қабул гардида, дар ин самт корҳои муайян ба сомон расонида шуданд.
Сабаби асосии зуҳури терроризму экстремизмро раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тадриси ғайриқонунии сокинон, аз ҷумла ноболиғон, донист:
-Дар 7 моҳи сипаришуда 110 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор шуд, ки дар он 512 нафар ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шуда буданд. Бештари ин амали носавоб дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Исфараю Бӯстон ва Панҷакент ошкор шудаанд,- изҳори нигаронӣ кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Раиси вилоят, инчунин аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки то 1-уми июни соли ҷорӣ зиёда аз 1000 нафар сокини вилоят дар мамлакатҳои даргири Шарқи Наздик қарор доранд.
Сабаби хурӯҷи терроризму экстремизмро Раҷаббой Аҳмадзода дар нокифоя будани пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ва норасоии кадрҳои самти идеология арзёбӣ кард: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли гузашта ва нимсолаи аввали соли равон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 35 вазифаи масъулони идеология ва 19 ҷои кори кормандони бахши дин холист. Табиист, ки ин норасоӣ дар пешбурди мукаммали корҳои идеологӣ мушкилот эҷод мекунад».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд якҷо бо мақомоти қудратӣ бобати пешгирии ин ҳодисаи номатлуб корбариро ба таври васеъ ба роҳ мондааст. Ин аст, ки дар баробари ошкор намудани ҳодисаҳои таълими ғайриқонунии динӣ айни ҳол зиёда аз 250 нафар дар ҷустуҷӯ бо ҷурми иштирок дар амалиёти ҷангии давлатҳои Шарқи Наздик қарор доранд. Аз ин ҳисоб 7 нафар зан бо 17 фарзанди ноболиғашон ба Ватан баргардонида шуданд.
- Мубориза бар зидди терроризм вазифаи танҳо кормандони мақомоти дахлдор нест, балки амали дастаҷамъист. Биноан, мо ҳама вазифадорем нисбат ба ин масъала корбарӣ кунем, нагузорем, ки душманони миллат кишварро аз нав ба рӯзҳои сахту сангин дучор оваранд, — хулоса кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Дар Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати 6-ум) вакилон, ҳамчунин ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масъалаҳои оила ва занон, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Пӯлотон», №18 шаҳри Конибодом Абдураҳим Шокировро оид ба иҷрои ваколати вакилиаш шуниданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»