Тоҷикистон-2024

№№1 (4897) 02.01.2025

54018134097_8a5747b378_oАз даъват ба сулҳ то эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол

Соли 2024 барои Тоҷикистон ва мардуми сарбаланди он соли муаррифии арзанда, ташаббусҳои нави сатҳи ҷаҳонӣ, қадамҳои устувор дар масири бунёдкорӣ ва талошҳои созандаю дас­товардҳои тоза  буд. Дар фароварди сол чанде аз рӯйдодҳои фараҳбахшу хотирмони солро манзури хонандагони рӯзнома менамоем.

Мавқеъгирию тасмимҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мушкилоти ҷаҳони муосир аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид  ва дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ ( дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ) Тоҷикистонро дар ҷаҳон парчамбардори сулҳ муаррифӣ намуд. Роҳбари давлатамон дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардад.

Дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ дар баробари нақши ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумла, аз Созмони ҳамкории исломӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақа ҷонибдорӣ карданд. Ҷониби Тоҷикистон дар ҳамоиш  даъват намуд, то ҷонибҳои даргири минтақа ҳамаи ихтилофотро аз роҳҳои гуфтушунид, дипломатия, бахусус Оинномаи СММ, ҳаллу фасл намоянд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  муҳтарам Рустами ­Эмомалиро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иттифоқи оро пазируфт. Зимни ҷаласаи 80-уми пленарии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии футбол» қабул шуда, ҳамасола 25-уми май дар саросари ҷаҳон  Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад.

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии морхӯр (Capra falconeri — бузи пармашох, яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) тариқи қатъномаи дахлдор якдилона қабул намуд ва 24 май Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид.

Маҷаллаи «Top 10 of Asia», ки аз бонуфузтарин нашрияҳо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳисоб меравад, Тоҷикистонро «Мамлакати дорои беҳтарин манзараҳои табиат  дар Осиё» эълон намуд.

Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 11 июн оғоз шуд, беш аз ду ҳазор нафарро аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе ба ҳам овард. Чорабиниро беш аз 300 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ инъикос намуданд.

Иқтисоди Тоҷикистон солҳои охир ба таври бесобиқа рушд ёфтааст, омадааст дар хабарномаи Бонки ҷаҳонӣ аз 16 июли 2024. Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023-юм 8,3% ва дар нимаи аввали соли 2024-ум 8,2% афзудааст, ки ин нишондиҳандаи хеле баланд мебошад. Тавре аз ин хабарнома бармеояд, рушди иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши даромад аз содироти маҳсулоти дохилӣ, беҳсозии инфрасохтор, сиёсати мутавозии пулию қарзӣ, назорати мизони таваррум ва ҳамкории босамар бо шарикони байналмилалӣ ҳосил шудааст.

Ҷашни Меҳргон, яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод, ки туфайли талошҳои пайвастаи Пешвои миллат аз нав эҳё гардида,  дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун иди миллӣ дар кишварамон таҷлил мешавад, расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  раддабандии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар бахши «Беҳтарин макони сайёҳӣ аз ҷиҳати қабули сайёҳони хориҷӣ» сазовори ҷойи сеюм гардид. Ин  раддабандӣ зимни машварати омӯзишӣ дар шаҳри Бангкоки Таиланд эълон шуд.

Зимни раддабандии дигари созмон дар самти «Бозорҳои беҳтарини сайёҳӣ аз рӯи хароҷоти сайёҳии содиротӣ» Ҷумҳурии Тоҷикистон дар садри ҷадвали Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ қарор гирифт. Дар ҷадвали мазкур баъд аз Тоҷикистон Сербия, Непал, Латвия, Ирландия ва Туркия ҷойгир шудаанд.

Шашмақомсарои тоҷик, дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Хуршед Иброҳимзода дар Озмуни байналмилалии «Мақом», ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуд, аз рӯйи номинаи «Иҷроиши якка» сазовори ҷойи аввал гардида,  бо диплому ҷоиза ва 10 ҳазор доллари ИМА сарфароз шуд.

Дар қароргоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои таърихӣ» намоиши байналмилалӣ доир шуд. Дар намоиш аксҳо аз осори нодири таърихии тоҷикон, имрӯзи шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои сайёҳии мамлакат ба маъраз гузошта шуданд.

Шаҳри Истаравшан аз ҷониби Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шаҳри ҳунармандӣ эътироф гардида, ба аъзогии шурои мазкур пазируфта шуд.

Дар доираи намоиши «Роҳи бузурги Абрешим» дар Осорхонаи Британия осори таърихии тоҷикон муаррифӣ шуд, ки ин нахустин намоиши осорхонавии мероси антиқаи Тоҷикистон дар шаҳри Лондон мебошад.

Бо ташаббуси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии парлумонӣ доир шуд, ки бори нахуст буд. Дар он роҳбарони парламентҳои 11 кишвари ҷаҳон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Табиби тоҷик профессор Сурайё Шукурова ба ҷоизаи Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (APLAR) қадр гардид. Ҷоиза мукофоти бонуфузи тиббии ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  қароргоҳи ЮНЕСКО — шаҳри Париж бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ ва намоиши осори донишманд баргузор шуд, ки дар он донишмандону муҳаққиқон ва мавлоношиносони ҷаҳон ҷамъ омада буданд.

Имсол нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) доир шуд. Дар он 110 ширкати сайёҳӣ, ҳунармандон ва намояндагони 16 давлат иштирок намуданд. Субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаю тарабхонаҳо, муассисаҳои табобатию солимгардонӣ, фарҳангию таърихӣ ва фароғатӣ, маҳсулот ва хизматрасонии худро муаррифӣ ­намуданд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»