Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки бадалшавии тадриҷии фазои ҷаҳонӣ ба минтақаи ягона мебошад ва авзои сиёсии ҷаҳони имрӯза дар ҳоли дигаргунӣ қарор дорад, яке аз масъалаҳои муҳмтарини глобалӣ ва дохилидавлатӣ эҳтироми ҳуқуқи инсон мебошад. Ҳуқуқи инсон ба ҳар як одами дар ҷаҳон зиндагикунанда танҳо ба он хотир хос аст, ки ӯ, пеш аз ҳама, инсон аст. Ҳуқуқҳои инсон барои он лозим ва зарур аст, ки моҳияти инсонии ҳар одам нигоҳ дошта шуда, барои ҳар як инсон дар рӯи замин зиндагии шоистаю шарафмандона таъмин гардад.
Бадалшавии тадриҷии фазои ҷаҳонӣ дар нимаи дуюми садаи бистум нишон дод, ки мақсади оламгирии қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳон, беандешагӣ ва носипосӣ ба ин арзиши муқаддас, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш, ба сари инсоният чӣ қадар нохушӣ ва фалокатҳои азимеро бор овард. Бахусус, ҷанги дуюми ҷаҳон, қи дар натиҷаи он зиёда аз 60 миллион одам аз беҳтарин арзиши умумиинсонӣ — ҳуқуқ ба ҳаёт маҳрум гардиданд. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд ва ҳамзамон, ба хулоса омад, ки эҳтироми падидаи ҳуқуқи инсонро ба яке аз принсипҳои муҳимтарини фаъолияти давлат, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи ҳуҷҷатҳои муҳимтарини байналмилалӣ эътироф ва мустаҳкам намояд.
Баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон маркази ҳамкории давлатҳо оид ба эътироф ва ҳифзи ҳуқуқи инсон Созмони Милали Муттаҳид гардид. Оинномаи СММ, ки соли 1945 қабул шуд, эҳтироми ҳуқуқи инсонро дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода, онро дар сатҳи меъёрӣ-ҳуқуқӣ мустаҳкам намуда, кафолат дод. Аз ҷумла, дар моддаи якуми санади мазкур муҳимтарин нуктаҳои ҳамкории давлатҳои ҷаҳон дар заминаи эҳтироми падидаи ҳуқуқи инсон мустаҳкам гардид, ки минбаъд он ба яке аз принсипҳои муҳимтарини ҳуқуқи байналмилалӣ табдил ёфт.
Фаъолияти густурдаи СММ-ро дар бахши эътироф ва ҳимояи ҳуқуқи инсон метавон ба таври назаррас маънидод намуд, зеро аз лаҳзаҳои аввали ташкилшавӣ ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ эҳтироми падидаи ҳуқуқи инсонро дар маркази таваҷҷуҳ ва фаъолияти хеш қарор дода, дар ин замина, як қатор санадҳои байналмилалии ҳуқуқиро, ки кафолатдиҳандаи ҳуқуқи инсон мебошанд, ба тасвиб расонд. Ҳанӯз дар иҷлосияи аввалини созмони мазкур моҳи январи соли 1946 дар хусуси қабул намудани ҳуҷҷати махсус оид ба ҳуқуқи инсон қарор қабул гардида, ҳамзамон, оид ба қабули ҳуҷҷати мазкур комиссияи махсус дар моҳи феврали ҳамон сол таъсис дода шуд. Дар аввал ҳуҷҷати мазкур бояд дар шакли санади том қабул мешуд, аммо баъдан ба хулоса омаданд, ки он бояд дар шакли се ҳуҷҷат: эъломия, ки хусусияти тавсиявӣ дошт ва ду паймон, ки барои давлатҳои иштирокчӣ хусусияти ҳатмӣ дошта бошад, қабул шавад. Ҳамин тавр, 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби иҷлосияи кул Эъломияи умумии ҳуқуқи башар бо ҷонибдории 48 овоз қабул гардид. Эъломия аз 30 модда иборат буда, дарбаргирандаи муқаррароти умумӣ оид ба муҳимтарин нуктаҳои хуқуқи инсон мебошад, ки барои давлатҳои иштирокчӣ хусусияти тавсиявӣ дорад. Ин заминаи нахустин дар ҷодаи кафолатнокии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии ӯ мебошад.
Баъдан, дар заминаи эъломияи мазкур зиёда аз 100 санади байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул гардид, ки метавон онҳоро махзани муҳимтарини ҳуқуқӣ зимни эътирофу ҳифзи ҳуқуқи инсон номид. Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсия дар бораи манъи табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва монанди инҳо аз ҷумлаи он санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд.
Аҳамияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуда, бо мақсади гиромидошти он 4 — уми декабри соли 1950 Ассамблеяи генералии СММ резолютсияи 423-ро дар бораи эълон намудани 10-уми декабр Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон қабул намуд ва аз ҳамон сол инҷониб ин рӯз дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Байни ҳадафҳои СММ амалисозии ҳамкориҳои бисёртарафа дар ҳавасмандсозӣ ва рушди эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама бе фарқ кардани нажод, ҷинс, забон ва дин ҷои махсусро ишғол мекунанд.
Қарордодҳои байналмилалии дар соҳаи ҳуқуқи инсон тибқи ҳадафҳо ва принсипҳои СММ барои ҳифзи сулҳу амният, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ қабулшуда барои Тоҷикистон аҳамияти бағоят бузург доранд. Зеро кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз аломатҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, дар шароити барпо намудани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфтаю пурқувват эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ба яке аз вазифаҳои муҳимтарин мубаддал гаштааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии дорои эътибори олии ҳуқуқие мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эълон намуда, кафолат додааст. Боби 2 Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, дар он номгӯи васеи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон ва шаҳрванд эътироф гардидааст. Дар баробари ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои баробарӣ ва манъи табъиз, дахолат накардан ба корҳои шахсии инсон, ҳуқуқу озодиҳое, ки мақоми ҳуқуқии на танҳо шаҳрвандони мамлакат, балки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандро низ ташкил медиҳад, ҳифзи категорияи алоҳидаи одамон, маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Тавре аз дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, озодӣ ва ҳуқуқи шахс муқаддас буда, мустаҳкамнамоии ин меъёр дар дигар моддаҳои Конститутсия асоси ҳуқуқии худро ёфтааст, ки тасдиқи он моддаи 5 ва боби 2-и он мебошад.
Метавон гуфт, ки моҳияти асосии давлати Тоҷикистон умумииҷтимоӣ буда, танҳо амали воқеии қонун бо нишондодҳои он метавонанд ҳуқуқу озодиҳои инсонро воқеӣ гардонида, муташаккилии назму субот ва инкишофи рӯзафзуни ҷомеаро таъмин намояд.
Намоз АМОНЗОДА,
судяи Суди шаҳри Душанбе