Ҳарбӣ ва маънавӣ

Усулҳои маъмулу эътирофшудае, ки истифодаашон дар ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ саҳми бориз доранд

№65 (4648) 17.05.2023

_DSC0050 копияАз таҷрибаи давлатдории қаблӣ ва муосир бармеояд, ки вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар як давлатдор ҳифзи истиқлолияти давлатист. Касе инкор карда наметавонад, ки ин рисолати таърихиро аз рӯзҳои аввали давлатсозиву давлатдорӣ, замоне ки аксарият арзишҳои милливу давлатиро фурӯхтанд, ба ояндаи неки кишвар бовар надоштанд, аз умури давлатдорӣ худро канор гирифтанд, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон самимона, ҷасурона ва фарзандвор ба зимма гирифта, он то кунун меҳвари аъмоли сиёсӣ ва ҳуқуқиашон ба ҳисоб меравад.

Мутаассифона, дар андешарониҳои аксар муаллифону нотиқон вобаста ба омилу усулҳои таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ умумигӯӣ ва таҳлили сатҳӣ ҷой дорад. Дар натиҷа, моҳияти масъала ба таври зарурӣ инъикосу бозгӯӣ нагардида, ин иқдом дар ташаккули афкори ҷомеа саҳми бориз нахоҳад дошт.

Агар ба тадбирандешиҳо барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ мутаваҷҷеҳ гардем, пас аз ду усули маъмулу эътирофшуда — ҳарбӣ ва маънавӣ огоҳ мегардем. Усули ҳарбии ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба ташкили қӯшун, мақомоти амниятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, дигар аркони давлатдорӣ ва муттасил ташаккул додани фаъолияти онҳо рабт дорад. Дар робита ба усули ҳарбии таҳкими истиқлолияти давлатӣ месазад аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки зодаи даврони истиқлолият ва яке аз даст­овардҳои муҳимтарин мебошанд, ёдовар шавем. Махсус бояд таъкид кард, ки замони соҳибистиқлол гардидани кишварамон мо Артиши миллӣ надоштем.

 Илова бар ин, дар заминаи муносибати дуюмдараҷа зоҳир намудани роҳбарони вақти кишвар имкон фароҳам шуд, ки силоҳу муҳимоти ҳарбии дар кишвар мавҷудбуда берун бурда шавад. Дар он марҳилаи ҳассос, ҳамон тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд: «Мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассису кадрҳои касбӣ».

 Бо вуҷуди ин, Пешвои миллат ташкили Артиши миллиро аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият дар маркази диққати худ қарор доданд. Лозим ба ёдоварист, ки «Зарурати ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шӯрои Олии кишвар «Дар бораи Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардида буд. Вале вазъи ниҳоят ҳассосу душвор, мушкилиҳои солҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки Тоҷикистон Артиши миллии худро таъсис диҳад.

 Ин иқдоми таърихӣ низ ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ марбут буда, 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид. Шурӯъ аз ҳамон вақт бо ташаббуси Роҳбари мамлакат, сарфи назар аз мушкилоти зиёд, барои бунёди инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тадбирҳои бетаъхир андешида шуданд.

 Дар навбати аввал, 23-юми июни соли 1993 Қӯшунҳои хушкигард, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва неруи сершумортарину пешбарандаи амалиёти ҷангӣ ба ҳисоб мераванд, таъсис дода шуданд ва аз рӯзҳои аввал барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҳарбиву сиёсии мамлакат сафарбар гардиданд.

 Муҳимияти ин иқдом дар он зоҳир мегардад, ки замоне ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Пешвои миллат ба ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷоъ иқдом намуда, хушбахтона, комёб гардиданд. Аз ҷониби дигар, Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсис­ёбиаш дар мубориза барои барқарорсозии Ҳукумати конститутсионӣ ҷонфидоӣ карда, ташаккул ва обутоб ёфтанд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд».

 Бо ин мақсад як қатор қонунҳои нав, аз ҷумла «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд ва ҳадафу вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти ташкили мудофиа ва ҳимояи кишвар муайян карда шуданд.

 Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таъсис додани Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти низомӣ ва қисмҳои ҳарбӣ оид ба таъминоти ҷузъу том идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб меравад. Бунёди 2600 иншооту биноҳои нав барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат самараи усули ҳарбии таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебошад.

 Чун дар бораи усули ҳарбии таҳкими истиқлолияти давлатӣ сухан меравад, ҳатман бояд ёдрас шавем, ки замони таъсиси Артиши миллӣ мо хеле кам афсарону мутахассисони касбӣ доштем. Бинобар ин, яке аз аввалин воҳидҳои ҳарбие, ки дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис ёфт, муассисаи таълимии Коллеҷи ҳарбӣ буд, ки имрӯз ҳамчун Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа фаъолият карда истодааст.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Дар зарфи сӣ сол муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро 5300 нафар, аз ҷумла академияҳои ҳарбии хориҷи кишварро 650 нафар ҷавонони мо, хатм карда, ҳоло аз байни онҳо садҳо нафар хизматчиёни ҳарбии дорои рутбаи олии ҳарбӣ дар вазифаҳои роҳбариву фармондеҳии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, дар замони соҳиб­истиқлолӣ барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Артиши миллӣ, дигар сох­торҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат беш аз 28 ҳазор мутахассис тайёр карда шуд».

Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони нав, хусусан дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа, танҳо бо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муташаккилу тавоно ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, хизматчиёни ҳарбии ватандӯсту ватанпараст, далеру ҷасур ва содиқ ба давлат ва халқи Тоҷикистон имконпазир мебошад.

Дар робита ба ин Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Вазъи бисёр мураккабу ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақозо менамоянд, ки барои пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд».

Ҳоло боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки Артиши миллии сӣ сол қабл дар ҷойи холӣ таъсисдодаи Пешвои миллат имрӯз ба як сохтори муназзам ва неруманду боэътимод табдил ёфтааст.

 Усули дуюми таҳкими истиқлолияти давлатӣ — маънавӣ, ки дар давлатсозиву давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авлавият дорад, аз бедор кардани эҳсоси ватандорӣ дар вуҷуди ҳар тоҷику тоҷикис­тонӣ маншаъ мегирад. Ҷавҳари ин иқдомро беш аз пеш ошно намудани мардум бо фарҳанг, таърих, забон, дину мазҳаб ва анъанаҳои миллӣ ташкил медиҳад.

Арҷгузорӣ ба шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои мондагор оғозбахши ин раванд буда, он аз баргузории Симпозиуми байналмилалии ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ёдбуди 680 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675 — солагии Хоҷа Камол, 1000 — солагии Носири Хусрав, 1025 — умин солгарди Абӯалӣ ибни Сино, 800- солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 90 — солагии мавлуди академик Бобоҷон Ғафуров, 90 ва 100 — солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода то қадршиносии Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва поси хотираи шахсиятҳои бузург ва қаҳрамонони таърихӣ, ба мисли Спитамен, Деваштич, Темурмалик, масир дорад.

Баланд бардоштани мақом ва нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии усули маънавии таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар ин робита Пешвои миллат ибтикореро амалӣ намуданд, ки дар таърих назир надорад. Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ба ҳукми анъана даромад, Қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ мавриди истифода қарор гирифта, ному насаби шаҳрвандон, номи кӯчаву деҳа ва шаҳру ноҳияҳои кишварро бо исмҳои зебои таърихию абармардони миллати тоҷик иваз гардид. Марказҳои маъмурӣ — ҳудудие, амсоли Суғду Рашт, Рӯдакию Фирдавсӣ, Синову Носири Хусрав, Темурмалику Спитамен, Ҷомию Ҳамадонӣ, таъсис ёфтанд, пули миллӣ, бо назардошти махсусиятҳои ба миллати мо марбут ба муомилот баромад.

Бо назардошти суиистифода шудани дини мубини ислом ва ба хотири пешгирии хурофот Сарвари хирадсолори мамлакат соли 2009 — умро «Соли бузургдошти ­Имоми Аъзам» эълон карда, 300 ҳазор нусха ­«Қуръон»-и каримро бо забони тоҷикӣ, асарҳои Имоми Аъзам, Муҳаммад Исмоили Бухорӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Абуҳакими Самарқандӣ, Бурҳониддини Марғилонӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар мутафаккирони барҷастаи тоҷикро чоп намуданд.

Вақте назокату махсусиятҳои истифодаи усули маънавии таҳкими истиқлолияти давлатиро аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мавриди пажӯҳиш қарор додем, мақому моҳияти ташаббусҳои дигари Роҳбари мамлакат — эълони солҳои 2020 -2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикис­тон — Ватани азизи ман» бароямон бештар ҳувайдо гашт. Тарбияи инсони солеҳ, содиқ ва ватандӯст ҳадафи ин иқдомҳо буда, дар заминаи зуҳури чеҳраҳои нав тафаккури ҷомеа тамоюли комилан мусбатшавиро касб намудааст.

 Таҷлили санаҳои пураҳамият, аз ҷумла 1100 — солагии давлатдории Сомониён, 2500 — солагии шаҳри бос­тонии Истаравшан, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 — солагии шаҳри Ҳисори Шодмон ва 5500 — солагии Саразм ҷузъи усули маънавии таҳкими истиқлолияти давлатӣ мансуб шуда, ҳаққи таърихии тоҷиконро ба арзишҳои мавриди назар қавитар гардонид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати поягузор ва наҷотбахши давлату миллат мушкилоти мавҷударо беш ва пеш аз дигарон дарк менамоянд. Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба хотири расидан ба ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар, пеш аз ҳама, таъмини рафтуомад ва робита зарур буд. Сардори давлат бо завқу идроки хоси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ин вазъият­ро эҳсос намуда, ба хулоса омаданд, ки яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш бероҳӣ, мебошад. Истиқлолияти иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст.

Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасох­тори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаи роҳу нақлиёт, даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то барои бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад.

Роҳбари мамлакат бо қатъият иброз дош­танд, ки ҳадафи асосии Ҳукумат бо бунёду сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, туннелу пулҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва аз тариқи онҳо дар байни минтақаҳои мамлакат фароҳам овардани робитаҳои нақлиётӣ, инчунин ба як қаламрави воҳид табдил додани Ватани азизамон мебошад. Рӯи кор омадани ҳадафи аввали стратегӣ — раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ба ин хулосаи Президенти ҷумҳурӣ марбут аст.

Минбаъд ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, шахсияти фавқулода, бо назардошти махсусияту мушкилоти ҷомеа ҳадафҳои дигари стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро муайян намуданд. Муҳим он аст, ки ҳадафҳои зикршуда бо ҳамдигар пайвасти ногусастанӣ дошта, моҳиятан ва мантиқан силсила мебошанд.

Омили мазкур исботи он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш мекунанд, ки зимни тасмимгирӣ вобаста ба дилхоҳ масъала, аз ҷумла глобалӣ ва дохилӣ, тавозуни манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ риоя гардида, ҷанбаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ осебнопазир бошанд. Ин яке аз фазилатҳои абармардони дунёи сиёсат буда, чунин ашхос дар марҳилаҳои муайян барои бақои давлату миллатҳо ва таъмини суботи сиёсӣ дар ақсои олам масъулият доранд. Муҳимтар аз ҳама, дар ҳолатҳои бениҳоят ҳассос ва ҳамзамон сарнавиштсоз усул ва тартиби тасмимгириашон ба манфиатҳои миллат, давлат ва сайёра созгор бояд бошад.

Ҷаҳонбинии ин Абармард ба як мафкура ё усули сиёсӣ маҳдуд нест. Аз ин лиҳоз, корномаи ӯро бо як вожа, аз қабили либерал, демократ, ислоҳотгаро, консерватор, иҷтимоъгаро, анъанапараст бозгӯӣ кардан ғайриимкон аст.

Дар он аёми бениҳоят ҳассос интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идора, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат гувоҳи азми қавӣ ва нияти неки Роҳбари тозаинтихобу бениҳоят ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафолати бақои давлати тоҷикон арзёбӣ мегардид. Он замон барои созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҳамсоя омилҳои мазкур хеле муҳим буд.

Дар марҳилаи мазкур, ки аксар нухбагони кишвар ва ташкилоту созмонҳои мазҳакаофар оташи ҷанги шаҳрвандиро аланга медоданд, Роҳбари ҷавони давлат эълон карданд, ки «халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад». Дар заминаи ин иқдом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, иродаи шахсиро ба иродаи мардум пайвастанд.

Далер АБДУЛЛО,

 «Садои мардум»