Ваҳдат фаслро ба васл ва мамотро ба ҳаёт табдил дод

№88 (4671) 30.06.2023

Таърихи беш аз 31-солаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаҳоеро аз сар гузаронд, ки аз саҳифаҳои таърих ҳеҷ гоҳ сутуда намешаванд. Воқеае, ки бо хати сиёҳ навишта шуданд, ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, ки дар ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён) оғоз гашта, қариб дар тамоми хоки азизи кишвар паҳн гашт. Пеши роҳи низоъ ва бесарусомониҳоро ягон қувва гирифта натавонист. Қонун ҳукмашро гум кард. Тамоми шохаҳои давлат, минҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, фалаҷ шуданд. Меъёрҳои конститутсионӣ, дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткорию зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба рафтори муқаррарӣ табдил ёфт.

Барои барқарор кардани хисороти ҷанг миллионҳо сомонӣ сарф шуд. Дар сарчашмаи селоби ҷанги шаҳрвандӣ, яъне дар ҳамон ноҳияи Коммунистӣ, аз 45 деҳа 32-тоаш пурра аз байн рафта, зиёда аз 6400 хона ба коми оташ андохта шуд. Китобхонаҳо, клубу мағозаҳо, кӯдакистону хонаҳои хизмати маишӣ, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ осеби зиёд диданд. Умуман, дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат 17000 хона хароб гардида буд.

Осоишу оромиши халқи кишвар баъди қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муяссар гардид. Ин ҳуҷҷат омили асосии наҷоти миллат ва давлат гардида, аз ҷониби сиёсатмадорону коршиносон шоҳкории муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон эътироф шуд. Созишнома дар таърихи навини халқи тоҷик аз он сабаб сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, ки он оташи муноқишаҳоро хомӯш кард ва ба чашми мардум нуру ба дилҳо сурур бахшид. Он вақт шоҳид будем, ки Президенти мамлакат баъд аз имзои созишнома бо рӯҳияи болида аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба Ватан баргаштанд. Модарон Сардори давлат­ро бо гулу гулдастаҳо ва оғӯши пур аз меҳру садоқат истиқбол гирифтанд.

Бегуфтугӯ, дар саргаҳи хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳу осоиш Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Сулҳу ваҳдат, ки ормони деринаи халқи мо ва мақсаду мароми Сарвари хирадмандамон буд, дар як фосилаи кӯтоҳ мавриди пазироии тамоми қишрҳои ҷомеа қарор гирифта, ба унвони Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи бениҳоят баланд дорад.

Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон устувор гардида, мардуми кишвар ба ояндаи неку дурахшон боварии бештар ҳосил намуданд. Илова ба ин, санади мавриди назар, барои пешравии истеҳсолот, илму фарҳанг, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ва мукаммал шудани заминаи қонунгузорӣ мусоидат намуд.

Сарвари оқилу доно муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат муттаҳид карда, наҷоти давлат ва миллатро таъмин намуда, қувваю дониш ва иродаю имконияти хешро барои таъмини ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, ба Ватан баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ равона сохтанд.

Тарҳрезӣ шудани таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон, ки асосгузораш Пешвои миллат мебошанд, дастоварди муҳими таърихи муосири тоҷик арзёбӣ мегардад.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикис­тон барои дастовардҳои минбаъдаи мардуми Тоҷикистон дар самти мусолиҳаи миллӣ, гуногунандешӣ, ташаккули ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ иқтисодӣ, равандҳои демократӣ ва тақвияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ заминаи мусоид фароҳам оварда, нафрату адоватро ба дӯстию меҳрубонӣ, харобиро ба ободӣ, фаслро ба васл ва мамотро ба ҳаёт табдил дод.

Ваҳдат ба тамоми маънӣ, аз он ҷумла аз нигоҳи сиёсӣ, барои бани башар дар кадом шакли давлатдорие набошад, арзишманд буда, ҳамин тавр бо арзишҳои волояш боқӣ хоҳад монд.

Шодӣ НАЗАРЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Файзобод