Ваҳдати миллӣ — таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ

№75 (4658) 09.06.2023

Баъд аз 1100 соли суқути давлати абарқуд­рату паҳновари Сомониён, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон беназир аст, бахт ба рӯйи миллати тоҷик хандид. Ба қавле, бе инқилобу хунрезӣ, ҳамчун ҳадяи Худованд ба миллати тамаддунофари мо истиқлолияти давлатӣ насиб гардид. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо номи Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол арзи ҳастӣ кард ва ормонҳои ҳазорсолаи фарзонафарзандони сарсупурдаи миллати тамаддунофару таърихӣ ҷомаи амал пӯшид. Дигар халқу миллатҳои собиқ давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ, ки истиқлолияти комил ба даст оварданд, бо шодиву нишот пайи ободиву пешрафт талош мекарданд. Мутаассифона, халқи тоҷик ба ҷои шодиву нишот ва талош барои ободии Ватан ба гирдоби дасисаву фитнаҳои хориҷиён ва мансабталошони дохилӣ фурӯ рафт.

Мардум дар пойтахти мамлакат ба ду майдон ҷудо шуда, ақидаҳои мухолиф доштанд, ки боис ба мураккаб шудани вазъи сиёсӣ гардид. Аркоми давлатдорию сохти конститутсионӣ фалаҷ шуда, мақомоти давлатӣ ваколатҳояшро амалӣ карда натавонист. Нофаҳмӣ дар байни намояндагони ҳар ду майдон торафт зиёдтар шуда, кинаву адоват аланга гирифт. Яке «вовчик» ва дигаре «юрчик» лақабгузорӣ шуданд.

Оид ба вазъи ҳамонвақтаи давлати тозаистиқлоли тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронӣ ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ гуфтанд: «Андешаву мафкураи халқ амалан ду тақсим шуда буд ва ҷавонони бетаҷрибаву гирифтори эҳсосот бо дастури хоҷагони дохиливу хориҷии хеш ба майдонҳо баромада, вазъиятро боз ҳам мураккаб месохтанд. Яъне, дар кишвар ба ҷои қонун ва  низому тартибот бенизомиву бесарусомонӣ ҳукмрон буд. Тамоми шохаҳои ҳокимият — аз мақомоти марказӣ то зинаҳои маҳаллӣ аз фаъолият бозмонда, бисёре аз роҳбарони онвақта дар чунин шароити ҳассос иродаи сиёсӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва азму ҷасорати роҳнамоӣ кардани мардумро аз даст дода буданд».

Муноқишаҳои сиёсӣ оқибат ба муборизаҳои мусаллаҳона табдил ёфтанд. Бархе аз минтақаҳои кишвар ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуданд. Авзои сиёсии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе торафт ноамн мегашт. Мақомоти давлатӣ барои ҷорӣ намудани тартибот нотавонтар мешуданд. Аз миёни ҳар ду гурӯҳи ба ҳам мухолиф шахсияте пайдо нашуд, ки мардумро ба сулҳу салоҳ ва бо роҳи осоишта ҳал намудани моҷаро даъват кунад. Ба гуфти шоири ваҳдатсаро Ҷумъа Қувват:

Дар Душанбе ҷову имконе набуд,

Аз ду майдон марди майдоне набуд.

Роҳ бар сӯи Душанбе банд буд,

Охирин умед бар Хуҷанд буд.

Бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ — наҷоти миллату давлати ҷавони тоҷикон аз фаношавӣ, вакилони ҳамонвақтаи Шӯрои Олии мамлакат ба хулоса омаданд, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро дар шаҳри Душанбе баргузор нанамоянд. Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи онҳо ҳамин тавр ҳам шуд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар шаҳри Хуҷанд, дар шароити ниҳоят ҳассос доир гардида, бо душворӣ бошад ҳам, он вазифаҳои таърихиро анҷом дод. Аз ҷумла, зимни он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Шӯрои Олӣ аз 19-уми ноябри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки он рӯзро мебояд ҳамеша чун рӯзи наҷоти миллат арҷгузорӣ намоем.

Дар меҳвари нахустин суханронию талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оштӣ, васлу тавҳид, ҷустуҷӯи роҳҳои ободии Ватан, сарҷамъии миллат ва амсоли инҳо қарор гирифтанд ва як моҳ пас аз интихоб шудан ба вазифаи Сарвари давлат дар муроҷиатнома ба мардуми кишвар, аз ҷумла изҳор доштанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷоннисорӣ мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам боварӣ дорам». Ин ҳолатро низ шоир Ҷумъа Қувват ба гунаи зер тасвир кардааст:

Рафт бар минбар чу як ҳикматнигор,

Сулҳпарвар, чорагар, ваҳдатшиор.

Гуфт: -Эй халқи гирифтори ситам,

Эй сар омад оқибат кори ситам.

Муҳим он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қавлашон содиқ монда, бо заҳмату талош ва ҷоннисориҳои бесобиқа Тоҷикистони азизро аз вартаи ҷанг берун кашида, ба кишвари шукуфону рӯ ба тараққӣ табдил доданд. Аз ин лиҳоз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдирсоз ва наҷотбахши давлату миллати тоҷикон меноманд. Мардуми кишвар ҳоло аз доштани давлати соҳибистиқлол шукрона ва аз Сарвари хирадманду сулҳофари худ ифтихор мекунанд.

Бегуфтугӯ, пойдориву таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар Тоҷикистони маҳбубамон натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз меҳру муҳаббати самимии Пешвои миллат ба Ватан ва худшиносию худогоҳии миллати фарҳангсолорамон боис шуд, ки ҳисси ватандӯстиву худогоҳии халқи кишвар боло рафта, ин раванд хусусияти устувор ва бебозгашт касб намояд.

Ваҳдат ва худшиносии миллӣ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувор гузошта, давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса касб ва низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мустақилона пеш бурда истодааст.

Самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳилаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бун­ёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор номгӯи нопурраи дастовардҳои назарраси ин марҳила мебошанд.

Фаромӯш набояд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, таъмини суботи сиёсию ҳамгироии ҷомеа, пойдориву бардавомии давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабули аввалин Конститутсияи давлати мустақил, такмили заминаҳои ҳуқуқии кишвар ва таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ саҳми беандоза дошта, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Пойдории сулҳу субот ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии мамлакат мусоидат намуда, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз дар арсаи байналмилалӣ боло гардад ва давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи қавии мардуми шарифи мамлакат дар муддати кӯтоҳ рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар таъмин гардид. Дар он рӯзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боис ба пароканда шудани миллат ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад.

Бинобар ин, халқи тамаддунофар ва меҳнаткаши ҷумҳурӣ бояд, ки барои устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, ки хеле бо ҷонфидоӣ ба даст омадааст, тамоми неру ва маҳоратро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба харҷ диҳанд.

Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА,

судяи Суди конститутсионӣ