Ваҳдати мо ҷовидон бошад

№96 (4836) 05.08.2024

Пешвои миллат 2Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аз муҳимтарин рӯйдоди таърихи миллату давлат буда, бо он ҳар соҳибватан ифтихор мекунад ва баробари дигар неъмату муқаддасоти миллат ваҳдати миллиро ҳифзу гиромӣ медорад. Ин санаи мубораку фархундаест, ки бо шарофаташ ягонагии халқ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳким ёфта, Тоҷикистон ба марҳилаи рушду пешрафт роҳ ёфт. Маҳз, ба туфайли ваҳдат пояҳои асосии давлатдорӣ тақвият дода шуда, мардуми тоҷик ба ояндаи дурахшони Ватан умеду эътимоди комил пайдо кард.

Оид ба зарурият ва муҳимияти ин ҷашни сарнавиштсоз ҳазорҳо факту далелҳои таърихӣ мавҷуданду хушбахтона, моҳияти ҳифзу гиромӣ доштани онро аксарияти тоҷикистониён кайҳо боз дарк намудаанд.

Сокинони Бадахшон чун дигар мардуми ранҷкашидаи мамлакат аз хурд то бузург буҳрону оқибатҳои талхи низоъҳои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуда, қимату баҳои суботу оромӣ, волоияту авла­вияти қонуният ва тартиботи ҷамъиятиро медонанд.

Соли 2010 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти самимӣ ва суханронӣ бо сокинони вилоят изҳор доштанд, ки: «Мо аз халқи азизу миллати соҳибфарҳанги тоҷик, аз ҷумла мардуми баору номуси Бадахшон, ки бо сабру таҳаммул ва хиради азалӣ тавонистанд оташи ҷанги шаҳрвандиро барқасди нақшаҳои шуми бадхоҳон хомӯш сохта, бо сулҳу созиш, ваҳдати миллӣ ва майлу иродаи қавӣ роҳи ояндаро барои эъмори як давлати соҳиб­истиқлоли демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ муайян намоянд, ҳамеша сипосгузорем».

Кунун аҳли вилоят бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ба марҳилаи тозаи рушд даст ёфта, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат кору фаъолият карда истодаанд. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳаҳо, ҳатто, гӯшаҳои дурдасттарини вилоят корҳои созандагию бунёдкорӣ беист идома дошта, сол ба сол сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ беҳтару хубтар гардида истодааст.

Муттаҳидсозии ҷомеа, аслан аз масоили умдаи ҷаҳониест, ки баъзе сарони давлатҳо баҳри ҳалли он нерую тавон надоранд ё имкониятҳои хешро барои муттаҳид кардани ҷомеа ба кор намебаранд. Дар натиҷа, дар пайи низоъҳо, нифоқу ҷанг­ҳо ҳамарӯза ҳазорон нафар одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд ва ё мавриди ҳамлаҳои террористӣ қарор мегиранд. Баъзе давлатҳои ҷидолзадаи олам, аз ҷумла Афғонистон, ба бошгоҳи террористон табдил ёфтааст, ки таҳдиду хатарҳои навро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ эҷод мекунанд.

Абарқудратҳо бар ивази он ки барои субот, таҳкими қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандони давлати ҳамсоя мусои­дат намоянд, баръакс, бар оташи мухолифат равған рехта, ҳамкориро бевосита бо гурӯҳҳои террористӣ ба роҳ мондаанд ва ба мушкилоту ҷафокашиҳои сокинони одӣ коре надоранд. Яъне, миллиардҳо доллару евро барои хариду воридоти муҳимот ва аслиҳаи ҷангию бесуботӣ дар давлатҳои соҳибихтиёр мераванд, лекин барои решакан кардани фақру бенавоӣ дар давлатҳои ҷангзадаи дунё гӯё пулу мол надоранд.

Барои шахси худогоҳ маълум аст, ки абарқудратҳо, пеш аз ҳама, дар фикри манфиат, амбитсияҳои геосиёсӣ, доираи нуфузу таъсироти худ мебошанд ва мардуми одии афғонро боре ҳам намепурсанд, ки онҳо чӣ мехоҳанд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки бо шарофати ҳамдилӣ кишварҳои хурд сабзида рушд мекунанд, вале давлатҳои абарқудрат аз барои чунин «таъсиргузорӣ» ва ҷангу ҷидоли худ рӯзе барҳам хоҳанд хӯрд. Аз таърихи давлатдории давлатҳои абарқуд­рат, мисли Иттиҳоди Шуравӣ ва дигар кишварҳои пеш аз он вуҷуддошта, хуб дар ёд дорем.

Роҳбари давлати мо ҳини ташриф овардан ба Бадахшон иброз намуданд: «Ман сафари нахустинамро моҳи июни соли 1993 дар мақоми Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб дар хотир дорам ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ки мардуми одиву заҳматкаши ин диёр маро чун фарзандашон бо чеҳраи кушода ва нону намак истиқбол гирифтанд. Он замон фазои сиёсиву иҷтимоии кишвар чандон ором набуд, вале мардуми Бадахшон ҳама хоҳони сулҳу субот ва оромӣ дар Ватани азизамон — Тоҷикистон буданд. Онҳо бо вуҷуди мушкиливу норасоиҳои зиёди рӯзгор, ки он рӯзҳо қариб саросари мамлакатро фаро гирифта буданд, аз ман ҳамчун Сарвари давлат танҳо як чизро дархост мекарданд: ҳар чӣ зудтар дар кишвар сулҳу оромӣ барқарор гардад».

Дарвоқеъ, Президенти кишвар ягона роҳбаранд, ки манфиати халқу миллатро болотар аз ҳама гузошта, ҷавонмардона ба аҳдашон вафо карданд. Ӯ халқи парешонгаштаи тоҷик­ро баъди ҷанги фалокатбори солҳои навадуми асри гузашта ба ҳам оварда, ваҳдату муттаҳидии миллатро тақвият доданд ва давлатро ба масири нави инкишоф расониданд.

Дар идома Роҳбари давлат ишора намуданд, ки: «Аз ҳамон вақт меҳр ва ихлоси ман ба мардуми фурӯтану покдили Бадахшон беҳтар ва бовариам қавитар гардид. Ман амиқан эҳсос кардам, ки барои расидан ба ҳадафи неки пешгирифтаамон, яъне ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи пойдор, аз ҳама бештар одамони одӣ манфиатдоранд ва ин мардуми шариф моро сидқан дастгирӣ менамоянд».

Эътироф бояд кард, ки ваҳдати миллӣ чун кафили давлатдории муосир барои ягонагӣ, озодӣ ва пешравии мамлакату халқ аҳамияти хоса дорад ва талқини ин ҳадяи бебаҳои таърих ҳоло аз аввала бештар зарур аст, зеро тарғиботи бепояи феълии шабакаҳои интернетӣ, арзишҳои бегонаву хурофотпарастӣ, фаъол шудани гурӯҳҳои гуногуни экстремистӣ ва равияву гурӯҳҳои иртиҷоӣ таҳдиди рақами як бар афкори ҷомеа мебошад. Набояд гузошт, ки ваҳдати милӣ аз ҷониби хасме халалдор шаваду муҳимияти он инкор гардад.

Ба қавли Пешвои миллат: «Мо ба ояндаи дурахшони Ватан ва зиндагии босаодати халқи азизамон умед баста, ба даргоҳи Худованди мутаъол дуо мекунем, ки моро ба ҳадафҳои некамон расонад, ба мардуми сулҳдӯсту ваҳдатсози мо пирӯзиву сарфарозӣ ва иқболу сарбаландиҳо ато фармояд ва ваҳдати миллии моро ҷовидона гардонад».

Машҳури ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»