Ватандӯстӣ — арзи садоқат ба Ватан, миллат ва Давлат

№ 22.09.2022

 Шоҳид ҳастем, ки ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси ҳалокат расидани ҳамватанони мо ва расидани хисороти моддӣ ва маънавӣ гардид, дар дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла  дар Ҷумҳурии Қирғизистон маҳкум карда истодаанд. Ҳолати баамаломада гувоҳи он аст, ки сиёсати хориҷии мо муваффақ ва ҷавобгӯи талаботи рӯз ва бар мабнои манфиатҳои милливу давлатӣ роҳандозӣ шудааст.

  Бегуфтугӯ, ҳамагуна муноқиша пайомади ногувор дорад ва ягон фард ҳавасманди сар задани нофаҳмӣ, хоса миёни ҳамсоякишварҳо набуду нест. Вале вақте як ҷониб, бо зери по намудани муқаррароти шартномаҳои қаблан қабулшуда ва сарфи назар намудани қонунгузории байналмилалӣ ҳуқуқу манфиатҳои тарафи дигаррро нақз мекунад, чораандешӣ зарур ва ногузир мебошад.

   Ба «шарофат»-и ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон тоҷику тоҷикистониён бори дигар муътақид шуданд, ки хизматчиёни ҳарбии мамлакат аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ мебароянд.

   Таҳаввулоту ҳаводисе, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд ва аксар маврид водор менамоянд, ки баҳри  ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои заруриву бетаъхир андешида ва иқтидори мудофиавии мамлакат боз ҳам баланд бардошта шаванд.

    Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд ифтихорманд аз он бошанд, ки тӯли 30 сол хизматчиёни ҳарбии мамлакат аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд.

   Маҳз онҳо буданд, ки дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандории хешро содиқона иҷро карда, дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми бориз гузоштанд.

   Касе наметавонад инкор намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъбири Пешвои миллат, дар  як хайма  таъсис ёфта буд. Дар ҳоле ки сарварони  дигар мамлакатҳо техникаву таҷҳизоти ҳарбии дар дохили кишварҳояшон бударо миллӣ карданд, роҳбарияти вақти кишвари мо, бо баҳонаҳои содалавҳона  замина фароҳам оварданд, ки онҳоро аз кишвар берун баранд.

   Ба онҳое, ки хотираи «заиф» доранд ва ба дастоварду пешравиҳо аз паси панҷа менигаранду моҳияти чунин чорабиниҳоро дуруст дарк намекунанд,  хотиррасон кардан салоҳ аст, ки ҳаждаҳуми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд.

    Садҳо далел мавҷуд аст, ки Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёд аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии неруҳои низомӣ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳимот ва таҷҳизоти муосир иқдом намуд.

   Шоҳидони ҳол гуфтанд, ки вазъи мураккаби сиёсӣ, касодии иқтисодӣ, набудани техника ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ, озуқаворӣ, либос ва нарасидани кадрҳои соҳибихтисос аз мушкилоте буданд, ки дар он айёми басо ҳассосу тақдирсоз соҳа ба онњо мувоҷеҳ буд.

   Дар чунин шароити бисёр душвору ҳассос Пешвои миллат чун ҳарвақта  бо азми қавӣ, нияти нек ва рӯҳияи шикастнопазир  ба бунёди Артиши миллӣ шурӯъ намуда, 23-юми феврали соли 1993 аввалин гузашти низомии афсарону сарбозони содиқи Ватан доир гардид.

   Минбаъд ин раванд тақвият ва тавсеа ёфта, бо мақсади тарбияи кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ҳазорон ҷавонро ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии кишварҳои хориҷӣ фиристода, бори нахуст дар мамлакатамон литсей ва донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт.

  Моҳиятан ватандӯстӣ арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлат буда, Пешвои миллат зимни яке суханрониашон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  барҳақ таъкид карданд: «Бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем. Зеро ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем!»

Далер АБДУЛЛО,

 «Садои мардум»