Ватандӯстӣ ба гуфтор аст ё кирдор?

№19-20 (4602-4603) 03.02.2023

1660474103_52-kartinkin-net-p-gorod-dushanbe-stolitsa-tadzhikistana-kras-53Мутаассифона, баъзеҳо ба ҷанбаи аввал афзалият дода, Ватанро танҳо бо сухан дӯст медоранд

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми январи соли 2023 баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин хотирнишон карданд: «Ҳар яки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».

Дар маҷлиси зикршуда муовини Сарвазири мамлакат, вазири фарҳанг, муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи дин, танзими ­анъана ва ҷашну маросим оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 ҳисобот доданд ва аз ҷониби Роҳбари давлат дар назди сохторҳои мазкур барои амалӣ кардани тадбирҳо, аз ҷумла ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Вазифагузории Пешвои миллат, бо назардошти авзои ҷаҳони муосир, рамзу ҳикмати зиёд дорад ва боварӣ дорем, масъулин бо диди нав баҳри иҷрои онҳо ҷаҳду талош менамоянд.

Эътироф бояд кард, ки аксар маврид дар робита ба ин масъала як идда танҳо шиорпароканӣ мекунанд, ки дар натиҷа тадбирандешии дахлдору бетаъхир то андозае аз мадди назар дур мондааст.

Барои ашхосе, ки Ватанро танҳо бо сухан дӯст медоранд, фарқ надорад, ки «об боло меравад ё поён». Аксарият мақому маснадашонро муваққатӣ дониста, аз он мунтазам суиистифода мена­моянд. Ибтикорашон низ содалавҳона, қолабӣ ва хасакӣ буда, бо назардошти он таҳия мешавад, ки дар сурати «зарурӣ» аз масъулият гурехтан имконпазир бошад. Ба таъбири Лоҳутии бузургвор:

Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор ё ҳар ду.

Чӣ бояд кард, ки ҷоннисориҳои Пешвои миллат ба таври шоиста арҷгузорӣ гардида, истиқлолияти давлатӣ комилан устувор монад? Посухи ин ҷониб, ки самараи пажӯҳиши масъалаи мавриди назар мебошад, чунин аст: Қадршиносии хизматҳои Абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати ватандорӣ ва қарзи фарзандии ҳар шаҳрванди баору номуси Ватан буда, бояд шурӯъ аз муҳити хонавода талқин гардад. Барои тақвияти андеша оид ба мақому манзалат ва нақши Пешвои миллат мо ба ҳеҷ ваҷҳ ба нокифоягии далелу рақамҳо мувоҷеҳ намегардем. Ҳазорҳо далели вобаста ба ҷоннисорӣ, садоқат, самимият ва ҷасорати Роҳбари мамлакат мавҷуд аст, ки дар сурати истифодаи як қисмати он метавон афкори дилхоҳ нафарро ба самти мусбат шакл дод. Истиқлолияти давлатӣ дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиати дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодӣ расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.

Дар робита ба ин Пешвои миллат таъкид карданд: «Тамоми кӯшишу талошҳои мо бояд ба он сафарбар карда шаванд, ки истиқлолият дар радифи «миллат», «ватан» ва «ваҳдат» ба мафҳуми ҷудонашавандаи ҳастиву шуур, ҷаҳонбинӣ ва арзиши бунёдии зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар мубаддал гардад».

Ихтиёрдории тақдири имрӯзу фардо орзуву ормони ҳар як миллат буда, на ба ҳар халқият муяссар мегардад. Зиёданд дар ҷаҳон миллатҳое, ки теъдодашон то 40 миллион нафар аст, вале на давлат доранду на истиқлолият. Агар ба далелу рақамҳои таърихӣ мутаваҷҷеҳ гардем, ғояи истиқлолият яке аз аркони калидии инсон ва шаклдиҳандаи андешаву ҳувияти миллӣ маҳсуб мешавад.

Соҳибистиқлолӣ агар, аз як ҷониб, ифтихор бошад, аз тарафи дигар, масъулияти азим буда, аз ҳар фарди миллат ҳисси баланди ватандӯстӣ, сатҳи волои ҳувияти миллӣ, садоқат ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатиро тақозо менамояд. Аллакай дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудааст, ки маҳз ба шарофати зуҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста ба он ки истиқлолияти Тоҷикистон ба айёми мухолифатҳо рост омад, тоҷику тоҷикистониён, бо назардошти ҷанбаҳои милливу таърихӣ роҳи дурустро пеш гирифта, дар ҷодаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ собитқадаманд.

Муҳимтар аз ҳама, усули вежаи давлатдории миллии Тоҷикистони соҳиб­истиқлолро ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намуд ва кишвари мо мақому манзалати шоистаи худро дар ҷомеаи башарӣ пайдо кард. Ҷанбаи дигари муҳим дарки моҳияти истиқлолият маҳсуб мешавад, зеро бидуни ин омил пойдории давлат ва бақои миллат имконнопазир аст.

Мутаассифона, баъзеҳо чун сухан дар бораи истиқлолият равад, бештар ба ҷанбаҳои моддӣ ва иҷтимоӣ афзалият медиҳанд. Ин тоифа нодида мегиранд, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ шароит муҳайё намуд, ки номаи тақдири худро бо дасти худамон нависем ва дар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамрадиф бо абарқудратҳо овоз ва мақому манзалатро соҳиб гардем. Вазифаи ҷонии масъулини мақомоти давлатӣ ва аҳли зиё он аст, ки ба мардум фаҳмонанд норасоӣ ва мушкилоти зиндагӣ танҳо дар сурати соҳибистиқлол будан ва мавҷудияти фазои сулҳу оромӣ ҳаллу фасл мегардад. Зеро миллате, ки истиқлолияту озодӣ дорад, имконият ҳам дорад, ки камбудиҳои мавҷударо бе таъсири ғайр ҳаллу фасл намояд.

Баробари ба даст овардани истиқлолият кишвари мо ба гирдоби мухолифату низоъҳои дохилӣ ва оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва ҳастии миллату давлати тоҷикон зери суол қарор гирифт. Хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу салоҳро дар кишварамон таъмин карда, бетаъхир ба барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз намуданд. Аз ин лиҳоз, қатъи хунрезӣ, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нахустин ва арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб шуда, дурнамои истиқлолияти давлатӣ низ ба ҳифзу гиромидошти он робитаи ногусастанӣ дорад. Барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба шаҳрвандон талқин бояд кард, ки сабақҳои талхи низои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро зинҳор аз хотир набароранд.

Эҳё ва барқарор намудани аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб рафта, қабули Конститутсия дар таърихи давлатдории мо саҳифаи навро оғоз намуд. Тавре Пешвои миллат ёдрас шудаанд «Даҳсолаи аввали давлатдории миллии мо асосан ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, аз ҷумла ба эътидол овардани вазъияти кишвар, баргардонидани гурезаҳо, бо хонаву ҷой таъмин кардани онҳо, бесилоҳ гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ҳалли масъалаҳои дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муайяншуда сарф гардида, танҳо пас аз соли 2000-ум ба Давлату Ҳукумат муяссар гардид, ки ба таври ҷиддӣ ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоиро роҳандозӣ намояд».

Дар ин раванд месазад аз дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш вобаста ба татбиқи чор ҳадафи стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ифтихор ва иқтибос намоем.

Корро бояд ба роҳ монд, то тамоми қишрҳои ҷомеа дарк ва арҷгузорӣ намоянд, ки маҳз ба шарофати мақому манзалати бениҳоят баланди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ, обрӯву нуфузи хоса ва маҳбубияти беназири ин Абармарди дунёи сиёсат дар дохил ва хориҷи мамлакат Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хосро соҳиб аст.

Маҳз ба шарофати истиқлолият раванди худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ расид. Дар ин замина, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол метавонад бо сарфарозӣ худро фарзанди миллати куҳанбунёду фарҳангсолор ва соҳибдавлати тоҷик муаррифӣ карда, аз Ватану ватандорӣ ва аз муқаддасоти миллии хеш — Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ ифтихор намояд.

Вале ифтихор аз дастовардҳо ва истинод ба таърихи ғанӣ набояд боиси зоҳир гардидани муносибати дуюмдараҷа ба дурнамои соҳибистиқлолии мамлакат бошад. Мадди назар бояд дошт, ки ҷомеа дар шароити таҳаввулоти босуръат ва бисёр мураккаби ҷаҳони муосир қарор дорад, ки дар он раванду тамоюлҳои гуногуни манфӣ низ ҳастанд ва метавонанд ба истиқлолият, пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва гузашта аз ин, ба ҳастии миллат хатар эҷод намоянд.

Дар чунин шароити пуртазод ва торафт маъмул гардидани сиёсати духӯра таҳкими истиқлолияти давлатӣ афзалияти бештар касб намуда, чунин вазъ ҳамаро, сарфи назар аз мансубияти иҷтимоӣ, водор месозад, ки беш аз пеш зиракии сиёсиро меҳвари кору зиндагӣ қарор диҳем.

Ҳақиқати бебаҳс аст, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари мусоидат кардан ба пешрафти бесобиқаи илму техника, кашфиёти технологӣ, рушди босуръати иқтисодиёт ва ҳамгироии кишварҳо ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатҳое, ки тараққиёти ноустувор доранд, хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Роҳбари мамлакат ин равандро ба селоби бузургу босуръате ташбеҳ доданд, ки «дар роҳи худ чашмаҳо ва рӯдҳои хурдро ба комаш фурӯ мебарад».

Бо хулоса аз вазъи кунунии сайёра метавон гуфт, ки минбаъд низ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба масъалаҳое мувоҷеҳ мегардад, ки дурнамои истиқлолияти давлатӣ ба чигунагии ҳалли онҳо рабт дорад. Бегуфтугӯ, дар тамоми марҳалаҳо ҳифзу таҳкими соҳибистиқлолӣ масъалаи муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ боқӣ мемонад.

Вале мо бояд бештар сари он андешем, ки бо кадом роҳҳо истиқлолияти давлатиро метавон таҳким бахшид? Қабл аз ҳама, ташаккул додани тафаккури давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз соҳибистиқлолӣ бояд ягон вақт аз мадди назар дур намонад.

Баргузории чорабиниҳои қолабӣ бо иштироки ашхосе, ки худ моҳияти ин муқаддасотро дарк накардаанд, суханрониҳое, ки наметавонанд аудиторияро ҷалб намоянд, ҷалби нафароне, ки дар ҷомеа обрӯву эҳтиром надоранд, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест ва метавонад натиҷаи баръакс диҳад.

Мебояд бо ҷалби ашхоси донишманду аз набзи замон огоҳ, ба маънои том ватандӯст, ба Пешвои миллат воқеан ҳам содиқ, чорабиниҳои ба масъалаи мавриди назар рабтдоштаро дар сатҳи хубу сифати баланд доир намуд, то ҳисси ифтихор аз доштани Пешвое чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибистиқлолӣ дар қалби ҳар сокини Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, дину маҳзаб ва мавқеи сиёсиву иҷтимоӣ маскан гирад.

Барои комёб будан дар ин самт ба болоравии маърифати сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва зиракии сиёсии мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан бениҳоят муҳим аст. Мусаллам аст, ки дар сурати баланд будани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон нотавонбинон дар самти фирефта намудани онҳо ноком мемонанд. Ба ибораи дигар, ҳувияти баланди милливу ватандӯстии мардум пойдевори амният ва суботи сиёсии давлат маҳсуб мешавад.

Дар тӯли 31 соли соҳибистиқлолӣ собит гардид, ки тоҷику тоҷикистониён бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи иҷрои ин рисолати таърихӣ — бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосир сарбаландона баромаданд.

Дар шароити кунунӣ ба даст­овардҳои ноилгардида иктифо накарда, баҳри тамоюли афзоишро касб намудани онҳо ҷаҳду талош бояд кард. Барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида мо дар симои Пешвои миллат роҳнамо дорем, ки сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаашон комёбиҳоро дар тамоми самтҳо афзун намуда, ба рушди устувори сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа таҳрик бахшидааст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»