Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифадорем, ки муттаҳиду сарҷамъ бошем!

№26 (4766) 26.02.2024

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиро мо, сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, низ тариқи воситаҳои ахбори омма тамошо кардем, шунидем ва мутолиа намудем.

Даъвату суханҳои арзишманди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо, хоса пиронсолону собиқадорони ҷангу меҳнат, рӯҳу илҳоми тоза бахшида, моро баҳри кору фаъолияти пурсамар роҳнамоӣ менамояд. Акнун ҳамаи мо — шаҳрвандони кишвар вазифадорем, ки дар ин шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар ­босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барҳақ, изҳор доштанд, ки «Тоҷикистон ҳамон вақт шукуфону мутамаддин ва халқи тоҷик бою бадавлат мешавад, ки агар мо сарфу харҷи худро ба низом дароварда тавонем».

Имрӯз бо ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар тамоми минтақаҳои кишвар ҷанбаҳои бузурги созандагӣ ва бунёдкорӣ ҷараён доранд. Ободкориҳо, махсусан ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вусъати тоза пайдо карда, гӯшаю канори мамлакат симои дигар мегирад.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ аз он ҷумла аст. Симои ноҳия маҳз, бо ҳидояту нишондодҳои Президенти мамлакат ва ташаббусҳои роҳбарияту масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дастгирии мардони саховатпеша, саҳмгузории соҳибкорони бонангу номус ва кулли мардуми сарбаланди ноҳия сол ба сол ҳусни тозаю озодаро касб мекунад.

Аз хотирам ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад, ки зимни мулоҳизарониашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Ҳар як шахсе, ки нангу номус дорад, худро соҳиби Ватан ва фарзанди миллат мешуморад, бояд бо сохтмони иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинондани дарахте аз худ нақше боқӣ гузорад. Сангеро аз сари роҳ дур афканад, дасти фитодае бигирад, ҳоҷати бечораеро барорад, бо амали шоиста номи худ ва номи миллатро баланд бардорад. Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагию озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем. Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам».

Бо итминон изҳор менамоям, ки мо агар ҳама якҷо ба кору фаъолияти аҳлона машғул гардем, Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ — 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мебардорем.

Дар ин умри 85-солаам пастию баландиҳои зиёдро дидам, бо хубу бади ҳаёт аз наздик ошно гаштам ва махсусан, аз ҳаёту фаъолияти аксари роҳбарони аввал хуб воқифам. Рӯирост мегӯям, ки агар Шумо — Ҷаноби Олӣ намебудед, ҳоли мардуми тоҷик хароб мешуд ва агар Шумо намебудед, вазъи рӯзгор, аҳволи халқи мо вазнину мураккабу муташанниҷ мегашт. Аз даргоҳи Яздони пок таваллою илтиҷо мекунем, ки ҳамеша Сарвари маҳбуби давлатамонро дар паноҳу исматаш нигоҳ дорад.

Бояд иқрор шавам, ки ҳар як ташрифи Пешвои миллат ба ноҳияи Ш. Шоҳин як рӯйдоди муҳим, хотирмон ва такондиҳандаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-маънавии ноҳия маҳсуб меёбад, ки мардуми меҳнатдӯст ва меҳанпарасти моро барои боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани азизамон ҳидоят намуда, рӯҳбаланд мегардонад. Мардуми ноҳия — пиру барно, зану мард, ҷавонписарону ҷавондухтарон, ҳизбиён ва дигар табақаҳои ҷомеа аз таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгирии ҳамарӯзаи Пешвои миллат миннатпазиранд ва нисбат ба он кас эътиқоду садоқати беандоза доранд, Сарвари давлати худро зиёд дӯст медоранд ва ҳамеша интизори ташрифи мубораки Ҷаноби Олӣ мебошанд.

Итминон медиҳем, ки минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиат­ҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона месозем.

Сафаралӣ НАЗАРОВ,

собиқадори ҷангу меҳнат, сокини деҳоти «Чагам»-и ноҳияи Ш. Шоҳин