Дар яке аз рӯзҳои соли 2001 роҳбари вақти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Султонов ба дафтари кораш даъватам кард. Рафтам, ки ҷавонмарди гандумгуни лоғарандому чеҳракушоде наздаш нишастааст. Баробари ворид шуданам ҷавон аз ҷой бархост ва бо табассуми малеҳ вохӯрӣ кард. Шуҳрат Султонов моро ба якдигар муаррифӣ намуду ба ман гуфт:
- Суҳроб Шарифов доктори илми сиёсатшиносӣ аст, имрӯз бо амри Президент ба вазифаи муовини мудири шуъбаи шумо таъин гардид. Ба шуъба се воҳиди кории дигар илова шуд, номи шуъба ҳам тағйир ёфту доираи вазифаҳояш низ васеъ гашт. Хулоса, бо ҳам кор мекунед, бовар дорам, ҳамдигарро мефаҳмеду бо ҳам унс мегиред. Ин сохтори нави шуъбаатон (варақеро ба ман дароз кард), вазифаҳоро тақсим кунед ва пайи кор шавед.
Раҳравон ба коғаз чашм давондам. Номи шуъба, ки иттилооти омма буд, иттилоотию таҳлилӣ шуда, шумораи кормандон аз чор ба ҳафт нафар расидааст. Ҳол он ки дар лоиҳае, ки бо сарварии собиқ роҳбари дастгоҳ омода шуда буд, на ин ки васеъ кардан, балки умуман барҳам додани шуъба ва ба шуъбаи фарҳанг таҳмил кардани вазифаҳои он ба миён гузошта шуда буд. Шуҳрат Музаффарович замони нав ба кор омаданаш маро даъват намуда, аз вазифаҳои шуъба, сатҳу салиқаи кормандон пурсиданд, аз лоиҳаи сохторие, ки то омадани ӯ омода гардида буд, изҳори тааҷҷубу нигаронӣ мекард. Вай, ки дар самти ташкили кор таҷрибаи ғанӣ дошт, бо таҳайюр арз карда буд: «Аҷаб, дар замоне ки иттилоот калиди тамоми корҳо шудааст, чӣ тавр метавон шуъбаи иттилоотро барҳам дод? Баръакс, шуъба ва вазифаҳои он бояд васеътар бошад…».
Ҳамин тавр, ҳам ҳайати шуъба васеъ шуд, ҳам вазифаҳояш зиёд гардид ва ҳам дар назди шуъба маркази иттилоотӣ таъсис ёфт. Суҳроб Ибронович бо шогирдаш Ромиш Шералӣ фаъолияти маркази иттилоотиро ба дӯш доштанд. Ҳар моҳ мунтазам як-ду гузориши иттилоотию таҳлилӣ омода мекарданд. Баъди дуюним соли фаъолият маро ба мудирияти шуъбаи фарҳанг гузарониданд, Суҳроб Шарифов ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Азим Аминов ноиби ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъин шуд. Ромиш Шералӣ ба яке аз лоиҳаҳо ба кор рафт ва сатҳу самти кори шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйир ёфт.
Дар муддати ҳамкорӣ дар шуъбаи мазкур боре ҳам байни ману Суҳроб Шарифов дар ягон масъала нофаҳмӣ рух надод. Ҳамдигарро хуб мефаҳмидем. Хислатҳои мо аз бисёр ҷиҳат ба ҳам монанд буд. Ҳар ду, ба қавле, шартакигӯ будему аз такаббур ва хушомадгӯию тамаллуқ парҳез. Ба иҷрои вазифа сидқан мекӯшидем, чизеро намедонистем, аз ҳамдигар ё аз нафаре, ки мавзуъро беҳтар аз мо медонист, мепурсидем. Ҳамин тариқ, муддати ҳамкорӣ аз якдигар хеле чизҳо омӯхтем, гуфтан мумкин аст, ҳамдигарро такмил ҳам додем.
Замоне ки роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон интихоб шуд, тариқи телевизион дар мавзуъҳои доғи рӯз суҳбат мекард. Он замон дарёфтам, ки Суҳроб Шарифов аз ҷумлаи беҳтарин сиёсатшиносоне шудааст, ки метавонист дар мавзуъҳои гуногуни соҳа ба забони тоҷикӣ озодона, возеҳу фаҳмо суҳбат кунад, истилоҳоти тоза бисозаду мавриди истифода қарор диҳад.
Дар маҳфилу нишастҳои дӯстон Суҳроб Шарифов гули сари сабади маърака буд. Шахси аслан камгапу ҷиддӣ дар чунин мавридҳо мешукуфт, зарофат мегуфт, ҳеҷ намехост, ки маҳфил хотима ёбад.
Тақрибан моҳе қабл аз фавташ Суҳроб Шарифовро дар маркази савдои «Пойтахт» вохӯрдам, ҳамроҳи ҳамсару фарзандаш буд, биноан зиёд суҳбат накардем. Гила кард, ки барои меҳмонӣ рафтан ба хонааш борҳо ваъда дода, вафо накардам. Узр пурсидам, гуноҳамро ба нохубии сиҳатӣ ва маҳдудияти вақт рабт дода, боз ҳам ваъда додам, ки хонааш ба меҳмонӣ меоям. Надонистам, ки ин дидори охирин бо дӯсти азизу мушфиқам будааст. Рӯзи дафни Суҳроб Шарифов на танҳо пайвандону дӯстон мегиристанд, балки осмон низ сели ашк мерехт, ашки видоъ, ашки ҳасрат, ашки маломат…
Абдураҳмони АБДУМАННОН,
адиб ва рӯзноманигор