Зӯроварӣ аз куҷо маншаъ мегирад?

№39 (4779) 29.03.2024

Солҳои охир, ба шарофати истиқлолият ва дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати бонувон дар ҷомеа боло рафт.

«Мо, ҳамчунин, ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад», — таъкид намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар.

Мутаассифона, бо вуҷуди сол то сол баланд шудани мақоми занон дар ҷомеа, таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат ва дигар бузургони гузаштаву имрӯза дар ­масъалаи арҷгузорӣ ба занону бонувон, ҳанӯз ҳам қисме аз онҳо дар оила дучори зӯроварӣ мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки зӯроварӣ нисбат ба занон дар ҷаҳон яке аз шаклҳои маъмултарини табъизи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Ин шакли табъиз аз тасаввуроти нодуруст дар бораи нақш ва мавқеи занон дар ҷомеа маншаъ мегирад. Зӯроварӣ дар оила ҳуқуқҳои бунёдии инсонро поймол намуда, яке аз ҷиноятҳои вазнинтарини зидди шахсият маҳсуб меёбад. Хушбахтона, дар кишвари мо ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки муҳимтаринаш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мебошад. Қонуни мазкур на фақат ҳуқуқҳои занону шаҳрвандони дар ақди никоҳи расмибуда ва кӯдакони онҳо, балки ҳуқуқҳои онҳоеро, ки бидуни ақди никоҳи расмӣ зиндагии якҷоя доранд, инчунин, ҳуқуқҳои кӯдаконеро, ки дар чунин оилаҳо ба дунё омадаанд, низ ҳимоя мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки оилаи солим ҷомеаи солимро ба вуҷуд меорад. Асоси оилаи солимро маърифатнокии оила ташкил медиҳад. Фарзанд дар оилаи бомаърифат чун инсони комил ба воя мерасад.

Зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви он буда, дар шакли ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодӣ инъикос меёбад.

Истифодаи қувваи ҷисмонӣ ба шахс зарба задан, латукӯб намудан, буғӣ кардан, ба қатл расонидан ва ғайра мебошад, ки ин омилҳои зиддиҳуқуқӣ аз паст будани маърифати оиладорӣ шаҳодат медиҳад. Зӯроварӣ дар оила ҳам аз ҷиҳати меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳам ҳуқуқӣ амали манъшуда ба ҳисоб меравад. Он амале мебошад, ки бештар хосияти харобиовар дорад. Қайд намудан бамаврид аст, ки зӯроварӣ дар оила на танҳо ҳолати равонӣ, ҷисмонӣ ва эҳсоси амнияти дохилии ҷабрдидаро суст мекунад, инчунин, дорои дигар оқибатҳои манфӣ барои тамоми ҷомеа мебошад. Ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила одатан аз ҷомеа худашонро дур мегиранд, ба атрофиёни наздик алоқаро гум мекунанд, дар таҳсилу кор мушкилӣ мекашанд. Онҳо наметавонанд ба фаъолияти пурсамар ба манфиати ҷомеа машғул бошанд. Аз ин рӯ, зӯроварӣ дар оила раванди номатлуб ба ҳисоб рафта, он ба поймол гардидани ҳуқуқҳои инсон замина мегузорад. Мутаассифона, аксаран дашному ҳақорат, масхара кардан байни аъзоёни оиларо чун баҳс, низоъ ва ҷанҷоли оилавӣ ҳисобида, онро ба кирдори дохилиоилавӣ шомил мекунанд.

Ҳисоботи оморӣ ва таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки миқдори зиёди парвандаҳои оилавии баррасигардидаро асосан даъвоҳо оид ба бекор кардани ақди никоҳ ташкил медиҳанд. Амалияи суд ҳангоми омӯзиш ва баррасии чунин категорияҳои парвандаҳо муайян намуд, ки яке аз сабабҳои асосии содиршавии зӯроварӣ дар оила вайрон шудани муносибатҳои оилавӣ, бекор гардидани ақди никоҳ ва ғайра мебошад. Омӯзиши парвандаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон вобаста ба масъалаи никоҳу оила дар сатҳи паст қарор дошта, он ба вайрон шудани оилаҳои ҷавон ва халалдор гардидани ҳуқуқу манфиати кӯдакони ноболиғ оварда мерасонад. Сабаби дигар дар сатҳи паст қарор доштани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон мебошад. Бояд қайд намуд, ки баҳри бунёди оилаи солиму устувор пешгирии зӯроварӣ дар оила ва дар рӯҳияи неки инсонӣ тарбия намудани фарзандонро бояд ба роҳ монд.

Намоз АМОНЗОДА,

судяи Суди шаҳри Душанбе,

Қубод ЮСУФЗОДА,

корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе