Ҳамовозӣ ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Зарқу томот ба бозори хурофот барем

№90 (4830) 15.07.2024

53576651748_1e62b842f1_oМо дар айёме умр ба сар мебарем, ки ҳар соат фарзанди одам дар гӯшаю канори дунё бо ақлу ирода ва илму маърифат бозёфт дорад. Бозёфти эшон боиси фахри миллату мустаҳкамии давлаташон мегардад. Яке кайҳонро фатҳ карду дигаре дастгоҳе, ки метавон ба воситаи он мушкилиҳои зиёдро бартараф намуд. Аммо дар диёри мо иддае аз мардум побанди хурофотанд.

Ин маънӣ дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар хеле рӯшан инъикос гардидааст: «Дар ҳоле ки аксар кишварҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир, ҳатто барои фатҳи кайҳон, кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастию ифротгароӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст».

Имрӯз бозори хурофот авҷ гирифта, одамон баъзан аз ноогоҳӣ дар кӯчаю растаҳои хавфноки он раҳгум мезананд. Ин бозор он қадар шуҳрат пайдо кардааст, ки гоҳе муқобили он ҳарфе ба забон меорӣ, бисёриҳо даст ба гиребон мебаранду лаб ба накӯҳишу андарз мекушоянд.

Тоҷирони ин бозори гарми пур аз шӯру шағаб аз шумори он ашхосе, ки мехоҳанд бо роҳи осон соҳиби даромади муфту зиндагии осуда шаванд, ҳар рӯз зиёд мегардад. На ба хотири қиёмат, балки ба хотири осоишу даромад. Эшон на аз Худо метарсанду на аз мардум хиҷолат мекашанд. Як-ду сураи Қуръони каримро қориазёд мекунанд ва аз китобҳое, ки имрӯз бо хати кириллӣ ба табъ расидаанд, чанд ҳарфакро азбар менамоянд. Гурӯҳи дувуми ин тоифа нафароне мебошанд, ки на дар мактаби имрӯза ва на аз муллои мактабдор савод наомӯхтаанд. Базӯр ҳарфҳои алифбои арабиро аз худ карда, бо машаққат як-якуним оёт азбар намудаанд. Баъд риш мемонанду яктаҳи дароз пӯшида, дар кӯчаю бозор тасбеҳ дар даст мегарданд. Агар равшантар гӯем, ба шикор мебароянд. Бо суханҳои ширину фиребанда одамонро ба дом меоранд. Он қадар аз худ шахси заминию хоксор месозанд, ки на ҳар бинанда метавонад аз чанголи фиреби ин шағолони одамсурат раҳо ёбад.

Аксаран афроди ба доми онҳо афтида касоне мебошанд, ки аз ҳақиқат огоҳӣ надоранд, аммо ба мазҳаб эътиқод дошта, ба ҳама гуна андешаҳое, ки аз забони ин «олиммаобон» баён мегардад, бовар мекунанд. Ҳамин тариқ, муллоҳои навбаромад, ки мисли занбурӯғи баъд аз борони баҳорӣ дар ҷомеа рӯидаанд, на танҳо ба решаи эътиқоди мардум теша мезананд, балки дини мубини исломро низ бадном менамоянд. Мукофоти нокомиҳои худро дар дарёфти илму маърифат аз бозори хурофот пайдо менамоянд. Аҷиб он аст, ки ин тоифа метавонанд дар андак муддат бо суханҳои нарми омиёна бозори худро гарм созанд. Барои эшон на суннатҳо ва на муқаддасоти миллӣ ва на эҳтироми мазҳабӣ баробари донаи арзан арзиш надорад.

Дар замонҳои мозӣ, ки ҳанӯз ҷомеа пеш нарафта буду асрори табиат барои одамон нуҳуфта, бозори хурофот гарм буд. Яке гурбаи ромкардаашро ҳузури мардум ба бозӣ меовард ва бад-ин васила «каромот»-и хешро намоиш медоду дигаре шаби дароз пешорӯи мардум болои ҷойнамоз сукут мерафт ва бо махлуқоти ғайб «ҳарф» мезад. Уламои асил ва пуштибонони дини мубини ислом, ки мехостанд мардум Худовандро сирф ба хотири ободии охират парастанд, ба муқобили эшон мубориза мебурданд. Хоҷа Ҳофиз ба ин маънӣ фармуда:

Хез, то хирқаи суфӣ ба харобот барем,

Зарқу томот ба бозори хурофот барем.

Пеш аз ҳама, бояд ба маънои вожаи «хурофот» сарфаҳм равем. Хурофот дар луғат ба маънии сухани беҳуда, ақида ва фикри мавҳуми беасос шарҳ дода шудааст. Яъне, аксар фикрҳое, ки ба дини мубини ислом шахсони ғаразнок ба хотири манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ мепайванданд, асоси илмӣ надоранд. Ишораи Хоҷа Ҳофиз ба хирқаи суфӣ он аст, ки буданд муридони гумроҳ, ки ба суфиёни барҷаста пайравӣ мекарданд, вале аз мероси муршид танҳо як хирқа (ҷомаи суфиёна) дар бар доштанд ва ба мардумфиребӣ машғул буданд. Маънои вожаҳои зарқ ва томот низ дар луғат маънии ­макру фиреб ва даъвоҳои бесару нӯгро дорад. Баъд шайхҳо пайдо шуданд. Шайхоне, ки дар дарёи гумроҳӣ ғарқ гашта, нафарони зиёдро дунболи худ кашола мекарданд. Маънии аслии вожаи «шайх» пир, солхӯрда аст, вале онро ба маънии маҷоз истифода бурдаанд. Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мефармояд:

Шукри Худо, ки на шайхам, на шайхзодаам,

На аз муридони гӯли аз раҳ фитодаам.

53576886825_895f6bc3e4_oЯк рӯз тасодуф шоҳиди суҳбати гурӯҳе аз корафтодагон будам. Нафаре барои ҳамсуҳбатони худ қисса мекард, ки писарам чанд сол боз бедарак буд, назди фолбин рафтам, хабарашро гуфт. Шукр, ки зиндаю саломат будааст. Фолбин супориш дод, ки куртаи ӯро ҳамроҳи як хурӯси сиёҳ ба назди вай барам. Хурӯсро кушта бо хун дар курта чизе менавиштааст, ки писарам баъд аз анҷоми амали фолбин фаврӣ бармегаштааст.

- Писари ман ҳам вақтҳои охир ба хотири занаш ба ҳарфи мо гӯш намекард. Ба назди фалон мулло рафтам. Тӯмор навишту таштов дод. Пинҳонӣ ба ӯ хӯрондам. Умед дорам, ки рафтораш дигар мешавад, — гуфт нафари дигар.

Сеюмӣ мегуфт, ки чанд муддат корам омад накард. Ба фалон мазор назр кардам ва ба комёбӣ ноил гардидам. Чаҳорумӣ илова кард, ки фалон домулло каромот доштааст. Нисбати вай дар дил нияти бад кардам ва ӯ аз ин ҳол бо каромоти худ огоҳ шуду бадам гирифт. Шикаст болои шикаст омад. Наздаш рафтам, зорию тавалло кардам. Назр бурдам, шукр, ки ғазабаш паст шуд…

Ба ҳарфи онҳо гӯш медодаму табъам хира мешуд.

Агар он домулло дар ҳақиқат каромот дошта бошад, пас бояд дар дил кинаву адоват ва душманӣ наварзад, зеро ин сифатҳоро дини мубини ислом намеписандад. Дуюм ин ки фолбин чизи ғайбро намедонад. Худованд дар китоби худ мефармояд: Астаъизубиллоҳ; «Ва ъиндаҳу мафотиҳу ал-ғайби ло яъламуҳо илло ҳува» (Ва калидҳои ғайб назди Ӯст, ба ҷуз Ӯ онро касе намедонад.)

Ба ин маънӣ Умари Хайём чунин фармудааст:

Асрори азалро на ту донию на ман,

В-ин ҳарфи муаммо на ту хонию на ман.

Мардуми эътиқодманд бояд Худовандро дӯст доранд ва бетамаъ ибодат намоянд. Дар корҳои созандагӣ фаъол бошанду ба Ватан ва миллат содиқона хизмат кунанд. Мардумозорӣ нанамоянд. Ростқавлу покизарӯзгор бошанд. Дар он сурат ба муроди худ мерасанд.

Соҳиби «Тазкират-ул-авлиё» ҳикоят мекунад, ки чанд тан аз уламои замон ба зиёрати Робиаи Адвия рафтанд. Робиа аз пушти парда якеро пурсид:

- Ту барои чӣ намоз мехонӣ?

Гуфт:

- Аз тарси оташи дӯзах.

Дувумиро суол кард.

Гуфт:

- Ба хотири он ки дар ҷаннат маъво дошта бошам.

Робиа аз ин ҷавоб ба ғазаб омад ва аз ҷо бархосту аз дар берун шуд.

Дар як даст манқали оташ ва дар дасти дигар кӯзаи об давид ҷониби бодия. Мардуми зиёд дунболи ӯ давиданд. Лаҳзае, ки истод, одамон наздаш расиданд ва пиромунашро печонда бо ҳайрат гуфтанд:

- Ё саидӣ, ин чӣ ҳолат аст? Обу оташро дар ин бодияи дур аз ободӣ, куҷо хоҳӣ бурд? Мақсад аз ин шитобу ҷадал чист?

Гуфт:

- Мехоҳам бо ин оташ, ки пӯлод наметавонад дар муқобилаш тоб овардан, биҳиштро бисӯзонам ва ин оби сарду зулолро бар оташи ҳалҳали дӯзах бирезам. Бунёди оташи дӯзахро барандозам, то дар миёни мардум ишқ бидуни тамаъ пойдор бимонад.

Яъне, Худовандро дӯст доштан ва ибодат кардан ба хотири дидори ҷамоли Ӯ дар рӯзи маҳшар бояд бошад. Дар ин роҳ на муллое мадад расонда метавонад, на каси дигар.

Ислом покизагӣ ва покизакориро дӯст медорад. Қалб бояд покиза бошад. Бо амалҳои нек метавон Худованди мутаъолро аз худ розӣ гардонд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин маъниро возеҳ шарҳ додаанд: «Мехоҳам хотирнишон намоям, ки дар натиҷаи дарки арзишҳои миллӣ ва фарҳангу ахлоқи ҳамидаи мардумамон тайи беш аз сӣ соли соҳибистиқлолии кишварамон ҳазорон нафар соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бонангу номуси ҷомеа сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоии давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, бисёр иқдомоти савобу созандаро анҷом доданд.

Онҳо то имрӯз ҳазорон мактабу кӯдакистон, беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ бунёд карда, садҳо ҳазор сокинони мамлакатро бо ҷойи кор таъмин намуданд, ҳар сол чор – панҷ маротиба ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кумак расониданд ва ҳоло боз бисёр корҳои хайру савобро амалӣ карда истодаанд».

Хурофотпарастӣ имрӯз дар ҳар кори мардум ба чашм мерасад. Он чӣ мо гуфтем, қатрае аз баҳр аст. Вақти он расидааст, ки ҳар фарди ҷомеаи мо барои имрӯз ва фардои худ кӯшиш кунад. Илм омӯзад, то сиёҳро аз сафед фарқ кунад. Агар он «мулло»-ҳое, ки мардумро фиреб медиҳанд, дар ҳақиқат аҳли илм мебуданд, ба муқобили хурофот худашон мубориза мебурданд, то мардуми мусалмон дар эътиқоди худ ба ширк роҳ надиҳанд.

Имрӯз дар ҷомеаи мо олимони барҷастаи мазҳабӣ ҳастанд. Онҳо ба чунин бидъат ва хурофот даст намезананд, балки бо рафтори худ намунаи ибратанд. Онҳо дар қатори беҳтарин зиёиён мавқеъ доранд. Мардум эшонро эҳтиром мекунанд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»