Зинаҳои тайкардаи Артиши миллӣ шурӯъ аз сифр…

№27 (4610) 20.02.2023

АРТИШ (2)Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ ҳар сол 23-юми феврал ҷашн гирифта мешавад. Сарфи назар аз мушкилоти зиёди вақт, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ роҳи пурпечутобро тай карда, таҷриба андӯхт. Шоистаи зикр аст, ки он ҳоло яке аз артишҳои касбии минтақа ба шумор меравад. Айни ҳол шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хуб буда, сол то сол шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, зиёд мегардад. Тоҷикистон баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ шурӯъ кард, вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт.

МАРҲИЛАҲОИ АРТИШ

 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Нахустин паради ҳарбӣ 23-юми феврали соли 1993 баргузор гардида, маҳз ҳамон рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ се марҳиларо паси сар кардааст. Даври аввал таъсис ва фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Даври дигар марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсист, ки он ҳанӯз идома дорад. Даври асосӣ бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ.

ҲАСТИИ АРТИШ-ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон ба низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз кардани арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишварро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимӣ қарор додаанд, чунки дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳ пойдор буда наметавонад, балки он сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд. Ҳукумати мамлакат баҳри мустаҳкам кардани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддиву техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.

Танҳо дар соли 2020 дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ беш аз сад ҳазор нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ба ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни таълимӣ фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, зиёда аз ҳазор адад техникаи зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, техникаҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ, автомашинаҳои боркашу нақлиётӣ дар машқҳои муштараки дохили кишвар истифода шуданд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди экстремизму терроризм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он, дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша, ­пайвас­та машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронида мешаванд. Аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои гуногуни силоҳу муҳимоти ҷангӣ, аз қабили нишонгири снайперҳо, парашутчиён, минаҷӯён, тирандозон, нишонгиру ронанда, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси неруҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.

АРТИШ ПУРҚУВВАТ МЕГАРДАД

Ҳоло сафи Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. То ин дам аз ҳисоби хатм­кунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳар сол беш аз 200 нафар афсарони касбӣ онро аз рӯйи 17 ихтисос хатм менамоянд, наздики 4 ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд. Илова бар ин, ҳар сол афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд. Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр кардани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имконият фароҳам овард, ки сафи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шаванд.

ВУСЪАТ ЁФТАНИ ҲАМКОРИҲО

АРТИШ (1)Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои гуногуни низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), «Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст. Айни замон Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷониба дорад.

КОНСЕПСИЯИ КОРҲОИ СИЁСИЮ ТАРБИЯВӢ

20-уми феврали соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расонида шуд, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи сис­темаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ кардани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рӯҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам кардани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин менамояд. Чунки сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон ба маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тар­бияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокчиёни фаъоли ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд. Бо мақсади пешгирӣ кардани қонуншиканӣ, аз байн бурдани сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба нақшаи пешбинишудаи фаъолият дар қисмҳои низомӣ бо хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ асосан, ҷиҳати пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи бечунучарои оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ муташаккилона ба роҳ монда мешаванд.

РУШДИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Дар самти рушду нумӯи Артиши миллӣ маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланд, бо меъёри ҳарбӣ ва талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Шарифхон САЙДАЛИЗОДА,

судяи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе,

Сироҷиддин ҚОДИРОВ,

котиби маҷлиси Суди ҳарбии гарнизони Душанбе