Зиракии сиёсиро аз даст надиҳед!

№39 (4779) 29.03.2024

Моҳияти ин таъкиди Пешвои миллат дар шароити кунунӣ садчанд афзун гардид

Ҳамлаи террористӣ ба маҷмааи «Крокус Сити Холл» дар наздикии Москва, ки бар асари он шумораи зиёди шаҳрвандони Россия ба ҳалокат расида ва қисме захмӣ шуданд, айни замон дар сархати расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дорад. Ба сифати шаҳрванди Тоҷикистон аз фавти ашхоси бегуноҳ андуҳгинем ва орзуманди шифои оҷили нафарони захмӣ ҳастем. Ҳамзамон, боиси нигаронист, ки гумонбарони ин ҳамлаи террористӣ, ҳамон тавре ки сохторҳои дахлдори Федератсияи Россия эълон карданд, ҳамватанони мо мебошанд.

Дар ин бобат норавшаниҳо зиёд буда, мутмаинем ба шарофати таҳқиқи мӯшикофонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ҳатман возеҳ хоҳанд шуд. Ҳамон тавре намояндаи Вазорати корҳои хориҷии кишвари мо Шоҳин Самадӣ иброз дошт: «вобаста ба ин масъала саволҳо зиёданд…».

Ба ҳеҷ ваҷҳ ҷонибдори бетарафию бетафовутӣ доир ба дилхоҳ мас­ъалаи ба миллату меҳан рабтдошта нестем. Бо дарки масъулият мегӯем ва ифтихормандем, ки дар ягон ҳолат бетарафиро пеша накардаем, зеро, тавре Пешвои миллат фармудаанд: «Бетарафӣ нишонаи марг аст».

Аз ин лиҳоз, бояд аз манфиатҳои миллию давлатӣ ва ҳуқуқҳои ҳамватанонамон дар хориҷи кишвар ҳимоя кунем, вале ин амал бояд таври шоиста амалӣ шавад, то пайомадаш хизмати хирсона нагардад.

Роҳу василаҳои садо баланд кардан барои ҷонибдории ҳамватанонамон зиёданд, танҳо садоқат, самимият ва касбияти баланд лозим аст, то дар ин самт комёб бошем. Биноан, ҳар як шахси қонунмеҳвар ва аз набзи ҷаҳони муосир то андозае огоҳ бояд зимни ибрози андешаҳои марбут ба ин масъала назокату махсусияти дахлдорро риоя намояд. Вале, мутаассифона, аз андешарониҳои як идда ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар бораи моҳияту мақсади ин ҳамла умуман маълумот надоранд ва ё дидаю дониста зери табли касе арғушт рафта истодаанд. Дар ин марҳилаи ҳассос ашхосе «зуҳур» карданд, ки бо вуҷуди аз кӯчаи сиёсат ва дипломатия нагузаштан, пандгӯю пайи эрод шуда, дар рафтору гуфтор ва кирдорашон аз популизми сиёсӣ ва ҳолати баамаломада суиистифода карданианд.

Бинобар ин, сармашқи кори мо бояд таъкиди Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар бобати аз даст надодани зиракии сиёсӣ бошад, вагарна, ҳар як сухани носанҷидаю беасоси мо метавонад то андозае аз ҷониби доираҳои ҳавасманд ва манфиатдор суиистифода гардад.

Мутаассифем, ки аз лаҳзаи аввали рух додани ин ҳодиса дар сигманти тоҷикии Фейсбук баъзе ҳамватанони мо ба осиёби чунин ашхос об рехтанд, дар ҳоле ки мақомоти расмии Федератсияи Россия дар аввал гумонбаршудаҳоро шаҳрвандони кишвари хориҷӣ номида буданд ва номи кишвари мо дар ягон сарчашма зикр нагардида буд.

Илова бар ин, ашхоси андешаҳояшон дар Федератсияи Россия қобили пазириш, аз ҷумла журналисти маъруф Владимир Соловёв, вазири сиёсати миллии Ҷумҳурии Чеченистон Аҳмад Дудаев, овозхони шинохта Тимати ва даҳҳо нафари дигар, ба ҷонибдории мо — тоҷикон садо баланд карданд.

Ҳатто блогери маъруф Гасан Гусейнов, ки ташрифу тибқи таомули тоҷикон меҳмондорӣ шуданаш дар кишвари мо боиси нороҳатии баъзеҳо шуда буд, таври шоиста ҳаммиллатони моро ҳимоя кард.

РАФОҚАТУ ФАЗИЛАТ ВА ДУРАНДЕШӢ

Арзишҳое, ки президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар ин марҳилаи ҳассос ба маъраз гузоштанд

Ба сифати журналист то андозае аз авзои ҷаҳон огоҳ ва мутмаинем, ки маҳз, нақши Пешвои миллат баҳри муайяннамоӣ ва расидан ба ҳадафҳо, коркарду пешбурди усулҳои самаровар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул дар сиёсати хориҷии мамлакат меҳвар ва муассир аст.

Муҳиму беназир он аст, ки тавсеа ва тақвияти сиёсати хориҷии кишвари мо ба тахайюли коршиносону ба истилоҳ назария­пардозон рабте надошта, маҳсули фаъо­лияти пурмаҳсул, иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

Дурандешии Сарвари давлати мо вобаста ба ин қазия ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надошта, зимни баёни мавқеъ тамоми назокатҳо риоя шудаанд. Дар ин робита, 23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуда таъкид карданд: «Мо ин кирдори зӯроварии ғайриинсониро, ки наметавонад бо ягон далел асоснок карда шавад, қотеона маҳкум мекунем».

Илова бар ин, 24-уми март муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар рафти суҳбат Пешвои миллат кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмааи «Крокус Сити Холл» қатъиян маҳкум карда таъкид намуданд, ки «террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод».

Муҳимтар аз ҳама, ҷонибҳо, ҳамчунин, рағбати худро ҷиҳати идомаи ҳамкории зич дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва зуҳуроти тундгароии динӣ, ки хатари ҷиддиро ба амният ба бор меоранд, тасдиқ намуданд. Дар ин замина, аҳамияти минбаъд ҳам вусъат бахшидани талошҳои муштарак ҷиҳати тамосҳои доимӣ ва ҳамоҳангсозиҳо байни идораҳо ва хадамоти марбутаи ҷонибҳо бо мақсади аксуламали самарабахш ва муборизаи муштарак алайҳи ин хатарҳо таъкид гардид.

Масъалаи муҳиме, ки мехоҳем онро алоҳида таъкид намоем, муроҷиати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин вобаста ба ҳодисаи мавриди назар ба мардуми кишвараш аст. Дар ин муроҷиат Президенти Федератсияи Россия ҳамраъйии худро ба суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати он ки «террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад» иброз намуд.

Муҳимтар аз ҳама, Президенти Федератсияи Россия чунин таъкид кард: «Ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедиҳем, то дар кишвари сермиллати мо тухми заҳрогини низои нажодӣ кошта шавад». Дар фарҷом эътироф намуд, ки Федератсияи Россия борҳо бо чунин ҳолат мувоҷеҳ шуда, онҳоро паси сар намудааст.

Мутаассифона, зимни ибрози андешаҳо вобаста ба ҳамлаи террористии зикршуда ба ин муроҷиати Президенти Федератсияи Россия таваҷҷуҳ ва истинод нисбатан кам буд.

Дар маҷмӯъ, рафоқату фазилат ва дурандешӣ омилҳое мебошанд, ки президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Россия дар ин марҳилаи ҳассос ба маъраз гузоштанд.

ГӮШ ҲАРФИ РОҲБАР БОЯД КУНЕМ!!!

Ҳодисаи мазкур аҳли ҷомеаро дар дарки моҳияти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9-уми марти соли равон) амиқтар бурд. Кулли шаҳрвандони мамлакат бори дигар мутмаин гардиданд, ки ба таъбири Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб: «Гӯш ҳарфи Роҳбар бояд кунем …».

Дар ин мулоқот Сарвари давлат доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаю низоъҳои динию мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо, андешаҳои пурҳикмат иброз карданд.

Набояд фаромӯш кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои 90-уми асри XX дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террорис­тону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт. Дар он айём маҳз шохаҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи муғризона табдил дода буданд.

«Орзуи мушкил»-и саркардаю сарпарас­тони онҳо ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаю тафаккури асримиёнагӣ буд.

Хушбахтона, мардуми шарифи кишварамон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунад. Фидокорию мардонагии Пешвои миллат боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохилию хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад.

Ҳаводиси охири ҷаҳони муосир бори дигар исбот кард, ки бояд дар робита ба терроризм ва ифротгаройӣ мавқеъ ва меъёрҳои ягонаю умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати тадбирандешиҳои бетаъхирро дар ин самт таъкид карда буданд.

Ҳамон тавре муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ёдовар шуданд: «Дар суҳбатҳои хоса баъзе сиёсатмадорони сатҳи баланд мегуфтанд, ки ин мушкилоти шумо ва минтақа аст, на мушкилоти мо. Илова бар ин, чунин мешумориданд, ки сабабҳои пайдо шудани ин мушкилот рақобатҳои носолими қавмиву этникӣ дар минтақа аст». Мутаассифона, бо сабаби бетафовутӣ ва ривоҷ ёфтани «меъёрҳои дугона» гурӯҳҳои террористӣ тавонистанд дар як қатор кишварҳои аврупоӣ даст ба амалҳои террористӣ зада, боиси ҳалокати одамон ва нооромии вазъ шаванд.

Бо гузашти вақти на он қадар зиёд моҳияти суханони пурҳикмати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгаройӣ ва тундгаройии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати «меъёрҳои дугона»-ро намепазирад» ва «Террорист террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бегона» ва ё «таҳаммулгаро»-ву «тундгаро» буда наметавонад», собит гардид.

Натиҷаи беэътиноии сиёсист, ки мушкилоти онвақта имрӯз ба хатару таҳдиди глобалӣ табдил ёфтааст. Ин зуҳуроти номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб намуда, ба таъбири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯйӣ».

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»