1471 медали варзишгарони суғдӣ

№121 (3422) 09.09.2015

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, соли 2014-ум 1668 нафар варзишгарон, ки 264 нафарашон бонувонанд, дар 80 мусобиқа ва чемпионатҳои  ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 1471 медал, аз ҷумла 514 медали тилло, гардиданд. Ҳамчунин дар ин давра 325 варзишгари вилоят дар 48 мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок карда, бо 193 медал, ки 42 ададаш медали тилло мебошад, ба Ватан баргаштанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2015 варзишгарони вилоят дар ҳайати тими Тоҷикистон дар 22 мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя карданд ва соҳиби 17 медали тилло, нуҳ медали нуқра ва 25 медали биринҷӣ гардиданд.

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»