31 Бозии олимпӣ дар 120 сол

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

722956524ё Бозиҳои тобистонаи олимпии муосир кай ва дар куҷо баргузор гардиданд?

Дар Бозиҳои I олимпӣ, ки 6-15 апрели соли 1896 дар шаҳри Афина (Юнон) доир гардид, 241 варзишгар аз 14 мамлакат иштирок ва барои ба даст овардани 43 маҷмӯи медал аз 9 намуди варзиш талош карданд. Сабқат миёни занон доир нагардид. Нахустин Қаҳрамони олимпӣ аз рӯи ҷаҳиши секарата сабукварзи америкоӣ Ҷеймс Конноллӣ (нишондод 13 метру 71 сентиметр) дониста шуд. Ӯ он замон донишҷӯйи Донишгоҳи Гарвард буд. Таваҷҷуҳи аз ҳама бештарро хизматчии алоқа Спиридион Луиси юнонӣ зимни дави марафонӣ (наздики 40 километр) ба худ ҷалб кард. Аз он баъд дар Бозиҳои II олимпӣ (Париж) марафончиён 40,26 километр давиданд. Дар Бозиҳои III олимпӣ (Сент-Луис) масофа расо 40 километр муқаррар гардид. Зимни Бозиҳои IV олимпӣ (Лондон) бори аввал дави марафонӣ 42,195 километрро ташкил дод ва ниҳоят, ин масофаро дар Бозиҳои VIII олимпӣ (Париж) пурра ба расмият дароварданд. Спиридион Луис миёни 24 иштирокчӣ, ки 5 мамлакатро намояндагӣ мекарданд, дар 2 соату 58 дақиқаю 50 сония нахустин шуда, ба марра расид. Баъди ин ғалаба ба Спиридион Луис унвони Қаҳрамони миллии Юнон доданд. Дар маросими пӯшидашавии бозиҳо ғайр аз медали тилло, диплом ва шохаи дарахти зайтун, ки рамзи сулҳро дорад, ӯро инчунин, бо Тоҷи ифтихор сарфароз гардониданд. Ҳамчунин, Ҳукумати Юнон ба Луис як хум шароб, 10 сентнер шоколад, 10 гов, 30 гӯсфанд, талон барои хӯрокхӯрии бепул дар тарабхонаҳо ба муҳлати як сол ва истифодаи ройгони бемуҳлат аз нуқтаҳои таъмири пойафзолу сартароширо ҳадя кард.

Ба унвони Қаҳрамони мусобиқаи шиноварӣ (аз рӯи ҳаракати тарзи озод дар масофаҳои 100 ва 1200 метр), ки дар баҳри кушоди ҳарорати обаш 130С доир гардид, «делфини маҷорӣ» (журналистон ӯро ҳамин тавр ном ниҳоданд) Алфред Хайош мушарраф шуд.

Ғолибон рӯзи охири мусобиқа қадрдонӣ гардиданд. Ба шарафи онҳо барафрохтани Парчами давлатӣ зери садои мутантани Суруди миллӣ низ аз Бозиҳои I олимпӣ ба ҳукми анъана даромад.

Бозиҳои II олимпӣ бо иштироки зиёда аз 1300 варзишгар аз 21 мамлакат (аз ҷумла, бори аввал Осиёро Ҳиндустон муаррифӣ кард) 20 май-28 октябри соли 1900 дар шаҳри Париж (Франсия) ҷараён гирифт. Яке аз сабабҳои асосии дароз кардани муҳлати он ба рӯзҳои баргузории Намоишгоҳи байналмилалӣ рост омадан маънидод мешавад. Дар он бори аввал бонувон аз рӯи намудҳои теннис ва голф иштирок карданд ва нахустин Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ миёни занон Шейла Купери инглис (теннис) дониста шуд.

Аз 88 медали тиллои мусобиқот 26-то ба варзишгарони Франсия, 20-то ба ИМА ва 17-то ба намояндагони Британияи Кабир насиб гардид. Қаҳрамонони зӯрозмоиҳо сабукварзони америкоӣ: Юри Раймонд – ғолиби мусобиқаи ҷаҳидан ба дарозӣ (3 метру 21 сантиметр), баландӣ (1 метру 65 сантиметр) ва ҷаҳиши секарата (10 метру 58 сантиметр), ки тахаллуси «одам-резин»-ро гирифт ва Алвин Крентслейн – ғолиби чор навъи барнома, дутоаш рекорди олимпӣ – аз рӯи давидан ба масофаи 110 метр бо монеаҳо (15,4 сония) ва 200 метр бо монеаҳо (25,4 сония) ва ду рекорди ҷаҳонӣ – давидан ба масофаи 60 метр ва ҷаҳидан ба дарозӣ (7 м 18 см) шинохта шуданд.

Бозиҳои III олимпӣ низ ба рӯзҳои баргузории Намоишгоҳи байналмилалӣ мутобиқ омаданд: 1 июл – 23 ноябри соли 1904 дар шаҳри Сент-Луис (ИМА). Дар он аз 12 мамлакат 600 варзишгар иштирок кард. Бо сабаби нархи баланди билетҳо аз Аврупо танҳо 39 варзишгар ширкат варзид (иштирокчиён аз ИМА зиёда аз 500 касро ташкил медоданд). Дар натиҷа, дастоварди аз ҳама беҳтар ба шамшербози забардасти кубагӣ Рамон Фонст насиб гардид. Ӯ аз рӯи ду намуди аслиҳа – рапира ва шпага се медали тилло ба даст овард. Дар ин бозиҳо варзишгарони америкоӣ ба гирифтани 70 медали тилло, 75 медали нуқра ва 65 медали биринҷӣ мушарраф шуданд.

Бозиҳои IV олимпӣ бо ширкати 2 ҳазор варзишгар аз 22 мамлакат 27 апрел – 31 октябри соли 1908 дар шаҳри Лондон (Британияи Кабир) доир шуд. Дар он давлатҳои Россия, Туркия, Финляндия ва Австралазии (дастаи якҷояи Зеландияи Нав ва Австралия) бори нахуст (иштирок дар Бозиҳои олимпӣ дар назар аст) ширкат карданд. Маҳз дар он рӯзҳо усқуфи Пенсилван (мансаби олии рӯҳониёни насронӣ) Этелберт Тэлбот ба ҳангоми вазъ гуфтан дар калисои ҷомеи Павлаи муқаддас, аз ҷумла, гуфта буд: «Дар Олимпиада асос ғалаба нест, балки иштирок аст».

Бозиҳои V олимпӣ 5 май – 22 июли соли 1912 дар шаҳри Стокголм (Шветсия) бо иштироки 2 ҳазор варзишгар аз 22 давлат доир гардид. Дар он намояндагони Ҷопон, Египет ва Португалия иштирокчии бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Бозиҳои VI олимпӣ аз сабаби Ҷанги якуми ҷаҳон соли 1916 дар шаҳри Берлин (Олмон) баргузор нагардид.

Зимни Бозиҳои VII олимпӣ, ки 20 апрел – 12 сентябри соли 1920 дар шаҳри Антверпен (Белгия) сурат гирифт, зиёда аз 2600 варзишгар 29 давлат (мамолики бори аввал дар бозиҳо иштироккарда инҳо буданд: Аргентина, Бразилия, Чехославакия ва Югославия) -ро намояндагӣ карданд. Дар ин бозиҳо бо қарори махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Олмон ва иттифоқчиёнаш зимни Ҷанги якуми ҷаҳон аз ҳуқуқи иштирок маҳрум шуда, намояндагони Россияи шӯравӣ даъватӣ набуданд. Бори аввал дар ин бозиҳо Парчами олимпӣ барафрохта шуд. Инчунин, иштирокдорони мусобиқот Қасами олимпиро қабул карданд.

Беҳтарин варзишгар даванди финӣ Пааво Нурмӣ, ки се медали тилло (зимни пойга ба масофаи 8000 метр дар ҳисоби даставию инфиродӣ ва давидан дар масофаи 10 000 метр) ва як нуқра (давидан дар масофаи 50 000 метр) ба даст овард, эътироф гардид.

Зимни Бозиҳои VIII олимпӣ, ки 4 май – 27 июли соли 1924 дар шаҳри Париж (Франсия) доир гардид, зиёда аз 3 ҳазор варзишгар шарафи варзишии 44 давлат (давлатҳои бори нахуст дар бозиҳои олимпӣ иштироккарда: Мексика, Лаҳистон, Руминия, Уругвай, Филиппин) -ро ҳимоя карданд.

Зимни зӯрозмоиҳо, ки аз рӯи 19 намуд ҷараён гирифт, варзишгарони Олмон дубора роҳ дода нашуданд. Ҳамин тариқ, стайер (варзишгаре, ки ба масофаи дур медавад)-и финӣ Пааво Нурмӣ (бо дарёфти 5 медали тилло) ва шиновари америкоӣ Ҷоннӣ Вайсмюллер (3 медали тилло) варзишгарони беҳтарин эълон гардида, намояндагони ИМА 45 медали тилло (аз 126) ба даст оварданд.

Ба ҳангоми Бозиҳои IХ олимпӣ, ки 17 май – 12 августи соли 1928 дар шаҳри Амстердам (Нидерланд) баргузор шуд, зиёда аз 3 ҳазор варзишгар (аз 46 давлат) маҳорат санҷиданд. Дар қувваозмоиҳо варзишгарони Малта, Панама ва Родезӣ бори аввал иштирок мекарданду намояндагони Олмон баъди танаффуси шонздаҳсола.

Зимнан, нахустин маротиба ба сифати рамзи сулҳ дар маросими кушодашавӣ кабӯтарон ба ҳаво сар дода шуда, занон бори аввал дар мусобиқаи гимнастика (бисёрҳарбаи даставӣ) ва варзиши сабук иштирок карданд.

Сабукварзи финӣ Пааво Нурмӣ охирин медали тиллои олимпии худро дар мусобиқаи давидан ба масофаи 10 000 метр ба даст овард.

Бозиҳои Х олимпӣ, ки бо ҳузури зиёда аз 1400 варзишгари 37 мамлакат 30 июл – 14 августи соли 1932 дар шаҳри Лос-Анҷелес (ИМА) ҷараён гирифт, дар таърих ҳамчун олимпиадаи рекорд (41 рекорди олимпӣ ва 18 рекорди ҷаҳонӣ) -ҳо ёд мешавад.

Дар он Хитой ва Колумбия давлатҳои бори аввал дар бозиҳо иштироккунанда ба ҳисоб мерафтанд. Инчунин, бори нахуст махсус барои иштирокчиён қароргоҳи олимпӣ бунёд карданд.

Баъди натиҷагирӣ, ғолибияти шиноварони Ҷопон аз рӯи 5 навъи барнома (аз 6-то) ҳангомаи калон ба бор овард.

Замон ва макони баргузории Бозиҳои ХI олимпӣ чунин аст: 1-16 августи соли 1936, шаҳри Берлин (Олмон). Дар он иштирок карданд: зиёда аз 4 ҳазор варзишгар аз 49 давлат. Мамолики бори аввал дар бозиҳо иштироккунанда инҳо буданд: Афғонистон, Ҷазираҳои Бермуд, Боливия, Коста-Рика, Лихтенштейн ва Перу.

Қаҳрамони асосии бозиҳо зангибачаи сабукварз Ҷесси Оуэнс, ки чор рекорди олимпӣ (дар давидан ба масофаҳои 100-у 200 метр, эстафетаи 4 бар 100 метр ва ҷаҳидан ба дарозӣ (8 метру 06 сентиметр) нишон дод, эътироф гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои ғайрирасмии даставӣ варзишгарони Олмон бори аввал (бо ба даст овардани 33 медали тилло, 26 нуқра ва 30 медали биринҷӣ) ҷойи аввалро ишғол карданд.

Бори аввал машъали олимпии аз шуои офтоб дар маҳалли Олимпи Юнон даргиронда, тибқи эстафета ба варзишгоҳи олимпии Берлин оварда шуд.

Бозиҳои ХII олимпӣ аз сабаби Ҷанги дуюми ҷаҳон соли 1940 дар шаҳри Хелсинки (Финляндия) баргузор нашуд.

Бозиҳои ХIII олимпӣ аз сабаби Ҷанги дуюми ҷаҳон соли 1944 дар шаҳри Лондон (Британияи Кабир) доир нагардид.

Бозиҳои ХIV олимпӣ  29 июл -14 августи соли 1948 бо иштироки зиёда аз 4 ҳазор варзишгар (59 мамлакат) дар шаҳри Лондон (Британияи Кабир) баргузор гардид. Давлатҳое, ки бори нахуст дар бозиҳо иштирок мекарданд, инҳо буданд: Бирма, Венесуэла, Ироқ, Эрон, Покистон, Сурия, Сейлон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ямайка. Аммо намояндагони Олмон ва Ҷопон ба мусобиқаҳо роҳ дода нашуданд. Яке аз қаҳрамонони асосии бозиҳо «голандии зуд ҳаракаткунанда» Франсина Бланкерс–Кун, ки дар чор сабқати давидан (100 метр, 200 метр, 80 метр бо монеаҳо ва эстафетаи 4 бар 100 метр) миёни занон ғолиб омад, эътироф шуд. Боксёри 22-солаи маҷорӣ Ласло Папп низ дар вазни миёна шаҳди пирӯзӣ чашид ва ҳатто дар ду бозии олимпии баъдӣ ҳам (1952 ва 1956) ба ӯ касе баробар нашуд.

Дар Бозиҳои ХV олимпӣ, ки 19 июл – 3 августи соли 1952 дар шаҳри Хелсинки (Финляндия) доир гардид, наздики 5 ҳазор варзишгар аз 69 мамлакат иштирок карданд. Аз ин миён варзишгарони як қатор давлатҳои африқоӣ, Исроил, Индонезия ва дастаи муттаҳидаи Олмон (зери байрақи он варзишгарони Ҷумҳурии Федеролии Олмон баромад карданд) бори аввал дар бозиҳо иштирок мекарданд. Қаҳрамонони бозиҳо даванди чехословакӣ Эмил Затопек (дар масофаҳои 5000 метр, 10 000 метр ва марафон рекорди олимпӣ нишон дод) ва варзишкори шӯравӣ Виктор Чукарин (бо дарёфти 4 медали тиллою 2 медали нуқра) дониста шуданд. Аммо ғайричашмдошти олами варзиш, намояндагони ИҶШС аз рӯи натоиҷи ғайрирасмии даставӣ баробари тими ИМА медал ба даст оварданд.

Дар Бозиҳои ХVI олимпӣ, ки 22 ноябр – 8 декабри соли 1956 дар шаҳри Мелбурн (Австралия) ҷараён дошт, иштироки зиёда аз 3 ҳазор варзишгар аз 68 давлат таъмин гардид. Дар он намояндагони давлатҳои Кения, Эфиопия, Уганда ва Фиҷӣ бори аввал дар бозиҳо иштирок доштанду варзишгарони немис аз Ҷумҳурии Демократии Олмон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар ҳайати дастаи муттаҳидаи Олмон баромад карданд. Аммо мутобиқи қонуни Иттифоқи Австралия дар бораи карантини шашмоҳаи ҳайвоноти воридотӣ мусобиқаи аспсаворӣ дар шаҳри Стокголм (11-17 июни соли 1956) баргузор шуд.

Баъди натиҷагириҳо сабукварзи шӯравӣ Владимир Кутс дар масофаҳои 5000 ва 10 000 метр рекорди олимпӣ нишон дода, беҳтарин варзишгар дониста шуд. Дар маҷмӯъ, варзишгарони шӯравӣ аз ҳама зиёд медал (37 тилло, 29 нуқра, 32 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Бозиҳои ХVII олимпӣ-ро, ки 25-11 сентябри соли 1960 дар шаҳри Рим (Италия) баргузор гардид, дар таърих ҳамчун олимпиадаи навигарию рекордҳо (76 рекорди олимпӣ, аз он ҷумла, 30-то ҷаҳонӣ) ном мебаранд. Дар он зиёда аз 5 ҳазор варзишгар аз 84 давлат иштирок доштанд. Аз ин миён Марокко, Ҷумҳуриҳои муттаҳидаи Арабистон, Сан-Марино ва Тунис давлатҳои бори аввал дар бозиҳо иштироккунанда ба ҳисоб мерафтанд. Дар натиҷа, беҳтарин варзишгарон — вазнбардори шӯравӣ Юрий Власов, даванди америкоӣ Вилма Рудолф (бо ба даст овардани 3 медали тилло) ва марафончии эфиопӣ Абебе Бикила эътироф шуданд.

Ҳамчунин, варзишкори шӯравӣ Лариса Латинина бори дуюм аз рӯи гимнастикаи варзишии бисёрҳарба қаҳрамони мутлақ дониста шуд. Инчунин, нахустин маротиба зимни бозиҳо аз сабаби истифодаи доруи ба ҷӯшу хурӯш оваранда (допинг) велосипедрон аз Дания К.  Йенсен ба ҳалокат расид. Аз рӯи натоиҷи ғайрирасмии даставӣ дастаи ИҶШС мақоми аввалро ишғол кард.

Бозиҳои ХVIII олимпӣ нахустин бозии олимпие ба ҳисоб меравад, ки дар Осиё ҷараён гирифт. Аниқтараш, 10-24 октябри соли 1964 дар шаҳри Токио (Ҷопон), ки зиёда аз 5 ҳазор варзишгар иштирок карданд. Дар он намояндагони давлатҳои Алҷазоир, Камерун, Кенго, Сенегал, Ливия, Малайзия, Муғулистон ва Непал бори аввал дар бозиҳои олимпӣ иштироккунанда ба ҳисоб мерафтанд.

Абебе Бикалаи эфиопӣ дар таърихи Бозиҳои олимпӣ нахустин варзишгар шинохта шуд, ки ду маротиба дар марафон ғолибият ба даст овард. Қаиқрони шӯравӣ Вячеслав Иванов пайи ҳам дар олимпиадаи сеюм сазовори медали тилло гардид. Аз ҳама боксёри моҳир Валерий Попенченко (вазни миёнаи дуюм) -и шӯравӣ дониста шуд. Варзишкори чехословакӣ Вера Чаславска тавонист беҳтарин ҳамтоёни худро пеш гузарад. Аввалин медали тиллои олимпиро дар таърихи шиноварии шӯравӣ толибаи шонздаҳсола аз шаҳри Севастопол Галина Прозуменшикова (Степанова) дар масофаи 200 метр (услуби махсуси шиноварӣ) тавонист ба даст орад. Инчунин, бори аввал аз рафти мусобиқот барои дигар қитъаҳои олам пахши мустақими телевизионӣ ба роҳ монда шуд, ки дар як вақт беш аз як миллиард одам тавонистанд онро тамошо кунанд.

Зимни Бозиҳои Х1Х олимпӣ, ки дар шаҳри Мехико (Мексика) 12-27 октябри соли 1968 баргузор гардид, зиёда аз 5,5 ҳазор варзишгар аз 112 кишвар иштирок карданд. Давлатҳои бори аввал иштироккунанда Салвадор, Парагвай ва як қатор давлатҳои Осиёву Африқо ба ҳисоб мерафтанд. Шумораи барномаҳо ба 172 (163 дар соли 1964 буд) расид. Дар натиҷа, Роберт (Боб) Бимшопи америкоӣ аз рӯи ҷаҳидан ба дарозӣ (8 метру 90 сантиметр) ва ҳамдиёраш Ричард Фосберӣ (ғолиби мусобиқаи ҷаҳидан ба баландӣ) аз зумраи беҳтарин сабукварзон шинохта шуданд. Ҳамчунин, варзишкор Вера Чаславскаи чехословакӣ (бо дарёфти чор медали тилло), сабукварзи шӯравӣ Виктор Санеев (бо гузоштани рекорди ҷаҳонӣ аз рӯи ҷаҳиши секарата — 17 метру 39 сантиметр) ва шиновар аз Ҷумҳурии Демократии Олмон Ролланд Маттес (бо касби ду медали тилло зимни пуштнокӣ оббозӣ кардан дар масофаҳои 100 ва 200 метр) тавонистанд номҳои худро дар таърихи Бозиҳои олимӣ бо ҳарфҳои зарин сабт намоянд. Натиҷаи ниҳоӣ ҳамин шуд, ки варзишгарони ИМА аз ҳама бештар ба гирифтани медалҳои тилло (45) мушарраф гардиданд.

Ба ҳангоми Бозиҳои ХХ олимпӣ, ки 26 август – 11 сентябри соли 1972 дар шаҳри Мюнхен (Ҷумҳурии Федеролии Олмон) ҷараён дошт, беш аз 7 ҳазор варзишгар 121 мамлакат (аз ҷумла, Албания, Кореяи Шимолӣ, Лесото, Арабистони Саудӣ ва Того бори аввал дар бозиҳо иштирок мекарданд)-ро намояндагӣ карданд ва дар 195 навъи зӯрозмоӣ 46 рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд.

Аз ҳама натиҷаи баланду ҳангомабарангезро волейболбозони ИҶШС (дар вохӯрии ниҳоӣ бо дастаи ИМА, ки дар бозиҳои олимпии қаблӣ ғолибият ба даст меоварданд), варзишгари шӯравӣ Валерия Борзова (бо ба даст овардани ду медали тилло дар мусобиқаи давидан ба масофаҳои 100 ва 200 метр) ва муштзанҳои Куба (бо се медали тилло), аз ҷумла, Теофило Стивенсон ба даст оварданд.

Инчунин, яке аз қаҳрамонони асосии Мюнхен шиновари америкоӣ Марк Снитс бо дарёфти 7 медали тилло ва гузоштани 7 рекорди ҷаҳонӣ эътироф гардида, дастаи ИҶШС ба гирифтани шумораи рекордии медалҳои тиллои бозиҳо (50) комёб шуд. Ҳамчунин, бори аввал дар таърихи баргузории Бозиҳои олимпӣ ҳодисаи террорис­тӣ (аслан, намояндагони Исроилро гаравгон гирифтанд) ба амал омада, ки мутаассифона, бо талафоти ҷонӣ хотима ёфт.

Зимни Бозиҳои ХХI олимпӣ, ки дар шаҳри Монреал (Канада) аз 17 июл то 1 августи соли 1976 ҷараён гирифт, намояндагони 88 давлати дунё (мамолики Андорра, Ҷазираи Каймановҳо, Патсуа – Гвинеяи нав бори нахуст дар бозиҳо ширкат мекарданд) бо шумули беш аз 6 ҳазор варзишгар иштирок доштанд. Яке аз падидаҳои беназири ин бозиҳо «иштирок» -и радифи кайҳонӣ дар расонидани машъали олимпӣ ба воситаи шуои лазерӣ аз Афина (Юнон) ба Оттава (Канада) дониста мешавад, ки баъдан аз он ҷо бо машъали анъанавӣ ба Монреал расонида шуд.

Намояндагони ИҶШС – варзишкор Николай Андрианов, вазнбардор – гаронвазн Василий Алексеев ва боксёри кубагӣ Теофило Стивенсон аз зумраи беҳтарин варзишгарон дониста шуданд. Инчунин, тибқи натоиҷи ғайрирасмии даставӣ аз ИМА афзалият нишон додану баъди ИҶШС мақоми дуюмро ишғол кардани тими Ҷумҳурии Федеролии Олмон ғайричашмдошт буд.

Бозиҳои ХХII олимпӣ 19 июл – 3 августи соли 1980 бо иштироки 5,6 ҳазор варзишгар аз 81 давлат дар шаҳри Москва (он замон пойтахти ИҶШС) доир гардид. Аммо бо сабаби ворид кардани қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон як қатор давлатҳо бо ташаббуси ИМА доир гардидани бозиҳоро бойкот эълон карда, варзишгарони худро нафиристоданд. Бо вуҷуди ин, аз рӯи 21 намуди варзиш иштирокдорон барои ба даст овардани 203 маҷмӯи медал сабқат карданд.

Дар натиҷа, 74 рекорди олимпӣ ва 36 рекорди ҷаҳонӣ ба қайд гирифта шуда, 24 варзишгар ду ва се медали тилло ба даст оварданд. Қаҳрамонони бозиҳо варзишкори шӯравӣ Александр Дитятин (бо дарёфти 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва як медали биринҷӣ), байдаркарони шӯравӣ Владимир Порфенович (дар таърихи Бозиҳои олимпӣ то ҳол касе ба нишондоди ӯ баробар нашудааст), оббози шӯравӣ Владимир Салников (дар масофаи 1500 метр рекорди ҷаҳонӣ ва рекорди олимпӣ гузошт – 14 дақиқаю 58,27 сония) ва шиноварони Ҷумҳурии Демократии Олмон – Рика Райниш, Барбара Краузею Карен Мечун шинохта шуданд.

Инчунин, ба гуфтан меарзад, ки маҳз дар давраи омодагӣ ба Олимпиадаи Москва шаш Маркази калони варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин дар таърихи Бозиҳои олимпӣ бори аввал буд.

Зимни Бозиҳои ХХIII олимпӣ, ки 28 июл – 12 августи соли 1984 дар шаҳри Лос-Анҷелес (ИМА) бо ширкати 7 ҳазор варзишгар аз 140 мамлакат ҷараён гирифт, ҳеҷ як дастае барои ноил гардидан ба медалҳои тилло (83) бо мизбонон баробар нашуд. Аз зумраи беҳтаринҳо сабукварзи америкоӣ Кара Луис (бо дарёфти 4 медали тилло дар давидан ба масофаҳои 100, 200 метр, эстафетаи 4 бар 100 ва ҷаҳидан ба дарозӣ) ва варзишгари финӣ Пертти Карппинен, ки медали сеюми олимпии худро (қаиқронии академӣ) ба даст овард, эътироф гардиданд.

Аз зумраи беҳтарин қаҳрамонони Бозиҳои ХХIV олимпӣ (миёни наздики 8,5 ҳазор варзишгар аз 159 мамлакат) шиновари олмонӣ Кристин Отто (бо дарёфти 6 медали тилло), оббози америкоӣ Мэтт Биондӣ (5 медали тилло) ва ҳамдиёри ӯ – даванд Флоренс Гриффит – Ҷойнер (бо гузоштани ду рекорди хориқулодаи ҷаҳонӣ дар масофаҳои 100 ва 200 метр) дониста шуданд.

Умуман, дар ин бозиҳо (17 сентябр – 2 октябри соли 1988 дар шаҳри Сеул (Кореяи Ҷанубӣ) ҷараён дошт) аз рӯи натоиҷи ғайрирасмии даставӣ намояндагони ИҶШС мақоми аввалро ишғол карданд.

Дар Бозиҳои ХХV олимпӣ, ки 25 июл – 9 августи соли 1992 дар шаҳри Барселона ҷараён гирифт, зиёда аз 9 ҳазор варзишгар 169 мамлакатро намояндагӣ карданд. Дар натиҷа, ба Тими муттаҳида, ки аз намояндагони 15 ҷумҳурии бародарии собиқ ИҶШС мураттаб гардида буд, муяссар шуд 111 медал (45 тилло, 38 нуқра ва 29 биринҷӣ) ба даст орад.

Дар рӯйхати беҳтаринҳо варзишгарони Тими муттаҳида – сабукварз Виталий Щербо (бо дарёфти 6 медали тилло), шиноварон Евгений Садавий (3 медали тилло), Александр Попов (2 медали тилло) ва варзишкори америкоӣ Карл Люис шомил гардиданд. Ҳамчунин, дар барномаи Бозиҳои олимпии Барселона бори аввал дар таърихи бозиҳо бейсбол дохил шуд.

Бозиҳои ХХVI олимпӣ 19 июл – 4 августи соли 1996 дар шаҳри Атланта (ИМА) доир гардид. Дар он аз 197 давлат наздики 10 ҳазор варзишгар иштирок кард. Дар ин бозиҳо бори аввал дастаҳои Россия, Украина, Беларус, Латвия, Литва, Тоҷикистон ва дигар давлатҳои собиқ ИШҶС мустақилона баромад карданд.

Даванд Светлана Мастеркова, шиноварон Александр Попову Денис Панкратов ва шамшербоз Станислав Поздняков (ҳама бо дарёфти 2 медалии тилло) аз ҷумлаи беҳтаринҳо дониста шуданд. Инчунин, сабукварзи америкоӣ Карл Люис (дар ҷаҳидан ба дарозӣ) ба гирифтани нуҳумин медали олимпӣ мушарраф гардид.

Аз рӯи натоиҷи даставӣ мақоми аввали ифтихориро бо дарёфти 101 медал (44 тилло, 32 нуқра ва 25 биринҷӣ) дастаи мунтахаби ИМА ишғол кард. Инчунин, ногуфта намонад, ки дар барномаи Бозиҳои Атланта бори нахуст дар таърихи олимпиада мусобиқаи волейболи назди соҳил ба роҳ монда шуд.

Бозиҳои ХХVII олимпӣ 16 сентябр – 1 октябри соли 2000 дар шаҳри Сидней (Австралия) доир шуд. Дар барномаи он баъди танаффуси дароз мусобиқаи теннисро дохил карданд. Ҳамин тариқ, аз рӯи натоиҷи ғайрирасмии даставӣ Тими мунтахаби ИМА (бо дарёфти 39 медали тилло, 25 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ) мақоми аввалро ишғол кард. Ҷойи дуюм насиби варзишгарони Россия (32 медали тилло, 28 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ) гардид.

Варзишгарони беҳтарин Мэрион Ҷонс (ИМА) бо дарёфти ду медали тилло дар давидан ба масофаҳои 100 ва 200 метр, Питер Ван ден Хугентанд (Нидерланд) ду медали тилло ва ҳамин миқдор медали биринҷӣ дар шиноварӣ (3 рекорди ҷаҳонӣ) ва Стив Редгрейв (Британияи Кабир) бо дарёфти як медали тилло (маҷмӯан медали панҷум паи ҳам дар панҷ олимпиада) аз рӯи қаиқронии академӣ дониста шуданд.

Бозиҳои ХХVIII олимпӣ 13-29 августи соли 2004 дар шаҳри Афина (Юнон) баргузор шуд. Дар он аз рӯи натоиҷи ғайрирасмии даставӣ тими яккачини ИМА бо 103 медал (35 тилло, 39 нуқра ва 29 биринҷӣ) ба гирифтани мақоми аввал мушарраф гардид. Ду ҷойи баъдиро дастаҳои мунтахаби Россия бо 92 медал (27 тилло, 27 нуқра, 38 биринҷӣ) ва Ҷумҳурии Халқии Хитой бо 63 медал (32 тилло, 17 нуқра, 14 биринҷӣ) ишғол карданд.

Ба рӯйхати беҳтарин варзишгарон инҳо шомил гардиданд: шиновари америкоӣ Майкл Фелпс (бо дарёфти 6 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ), Елена Исинбоеваи рус (медали тилло ва гузоштани рекорди ҷаҳонӣ аз рӯи ҷаҳиш бо чӯб), Питер Ван ден Хугенбанди нидерландӣ (як медали тилло ва ду медали нуқра аз рӯи шиноварӣ дар масофаи 100 метр паи ҳам дар ду олимпиада), Х. Эл-Герружаи мароккоӣ (ду медали тилло аз рӯи давидан дар масофаҳои 1500 ва 5000 метр), Р. Корженеви лаҳистонӣ (бо роҳгардии варзишӣ дар масофаи 50 километр маротибаи чорум Қаҳрамони олимпӣ гардид) ва даванди бритониёӣ К. Холмс (ду медали тилло дар масофаҳои 800 ва 1500 метр).

Машъали Бозиҳои ХХIХ олимпӣ расо соати ҳашту ҳашт дақиқаву ҳашт сонияи шоми ҳаштуми моҳи ҳаштуми соли 2008 (зеро хитоиҳо рақами ҳаштро рақами муваффақ унвон мекунанд) дар шаҳри Пекин (Ҷумҳурии Халқии Хитой) фурӯзон гардида, то 24 август пойтахти онро мунаввар гардонд. Дар он зиёда аз 11 ҳазору 526 варзишгар аз 204 давлат сабқат карданд.

Тилисман ва ё тӯмори Бозиҳои олимпии Пекин «Кӯдакони бахтёр» (1000 рӯз қабл аз бозиҳо, яъне, 11 ноябри соли 2005 масъулон ба ин қарор омада буданд) унвон гирифт.  Тибқи фалсафаи чиноӣ, «Кӯдакони бахтёр» панҷто аст: Бэй-Бэй, Тсзин-Тсзин, Хуан-Хуан, Ин-Ин ва Ни-Ни. Онҳо рамзи моҳӣ, панда, оташ, оҳуи тибетӣ ва фарош­турук мебошанд. Агар ҳарфи аввали номи ҳар кадоми онҳо бо тартиб хонда шавад, аз чиноӣ «Марҳабо ба Пекин» тарҷума мешавад.

Ҳамчунин, Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар шаҳри Пекин шиори Эстафетаи оташи олимпии соли 2008-умро, ки 137 рӯз қабл аз шурӯи олимпиада ба ҳаракат даромад (яъне, 26 апрели соли 2007) «Саёҳати ҳамоҳангӣ» ва шиори бозиҳоро «Як ҷаҳон ва як орзу» (26 июни соли 2005) унвон кард. Ногуфта намонад, ки дарозии роҳи Эстафетаи Бозиҳои олимпии Пекин 137 ҳазор километрро ташкил медод ва тӯлонитарин дар таърихи бозиҳо ба ҳисоб меравад.

Маросими оташафрӯзии Олимпиадаи Пекин 24 марти соли 2008 тибқи анъана дар шаҳри Олимпи Юнон сурат гирифта, пас аз саёҳат дар Юнон 31 март ба шаҳри Пекин расид ва аз Пекин ба ҳама қитъаҳои кураи замин, ба ғайр аз Антарктида, роҳӣ шуд. Қобили зикр аст, ки Гулхани Бозиҳои олимпӣ тибқи анъанаи хоси Хитой сохта ва ҳаҷми муқарраршуда дошт. Он тавре тарҳрезӣ гардид, ки дар шамоли суръаташ то 65 километр дар сония ва борони 50 миллиметр дар соат хомӯш намешуд.

Созмондиҳандагон оташи олимпиро ҳатто ба қуллаи кӯҳи Эверест расонданд. Барои фатҳи он июни соли 2007 баландбарои 108 километра бунёд гардид, ки тарҳи он ҳудуди 20 миллион доллари америкоӣ арзиш дошт.

Пекин ба сифати пойтахти Бозиҳои ХХIХ олимпӣ 13 июли соли 2001 дар ҷаласаи 112-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ зимни рақобат бо шаҳрҳои Торонто (Канада), Париж (Франсия), Истамбул (Туркия) ва Осака (Ҷопон) интихоб гардид. Ба таври умум, дар бунёди инфрасохтори Бозиҳои олимпии Пекин ҳудуди 50 миллиард доллари америкоӣ сармоягузорӣ шудааст.

Барномаи Бозиҳои олимпии Пекин ба барномаи бозиҳои чор сол пеш дар Афина баргузоршуда хеле шабоҳат дошт. Дар он варзишгарон аз рӯи 28 намуди варзиш барои дарёфти 302 бастаи медал (165 мардона, 127 занона ва 10-то якҷоя) зӯрозмоӣ карданд, ки аз бозиҳои пешин як баста медал бештар буд.

Бори аввал намуди варзиши велосипедронӣ дар рӯйхати бозиҳо дохил гардида, занон нахус­тин маротиба ҷиҳати дарёфти медалҳои давидан ба масофаи 3000 метр бо монеаҳо мубориза бурданд. Дар барномаи оббозӣ низ аввалин маротиба сабқат дар масофаи 10 километр дохил шуда, мусобиқаи ҷуфти тенниси рӯи миз бо мусобиқоти дастаҳо иваз гардид.

Дар натиҷа, аз рӯи натоиҷи ғайрирасмии даставӣ бо дарёфти 100 медал (51 тилло, 21 нуқра ва 28 биринҷӣ) мизбонон мақоми аввалро ишғол карданд. Ба гирифтани ҷойи дуюм ИМА бо 110 медал 36, 38, 36) ноил шуд. Ҷойи сеюм бо 72 медал (23, 21, 28) ба Федератсияи Россия насиб гардид.

Қаҳрамонони бозиҳо Майкл Фелпс (ИМА) бо дарёфти 8 медали тилло дар шиноварӣ (рекорди Марк Спитро аз рӯи ба даст овардани медали тилло дар як олимпиада пеш гузашт), 7 рекорди ҷаҳонӣ ва як рекорди олимпӣ гузошта, аз рӯи шумораи умумии ҷоизаҳои олимпӣ ба фатҳи рекордҳои варзишкори шӯравӣ Лариса Латинина (16 муқобили 18) наздик омад, Елена Исинбоева (Россия) бо ба даст овардани медали дуюми тилло аз рӯи ҷаҳиш бо чӯб ва гузоштани рекорди ҷаҳонӣ ва Усейн Болт (Ямайка) бо дарёфти 3 медали тилло аз рӯи давидан ба масофаҳои 100, 200 ва эстафетаи 4 х 100 метр бо гузоштани 3 рекорди ҷаҳонӣ, дониста шуданд.

Аснои баргузории Бозиҳои ХХХ олимпӣ, ки 27 июл — 12 августи соли 2012 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир ҷарайён гирифт, 10 ҳазору 956 варзишгар аз 204 давлат ҳузур пайдо намуданд. 4 иштирокчии олимпиада зери парчами Кумитаи байналмилалии олимпӣ баромад намуданд. Дар маҷмӯъ, онҳо аз рӯи 26 навъи варзиш барои ба даст овардани 302 маҷмӯи медал талош карданд.

Дар натиҷа, се мақоми ифтихориро кишварҳои ИМА бо дарёфти 103 медал (46 тилло, 28 нуқра, 29 биринҷӣ), Ҷумҳурии Халқии Хитой бо 88 медал (38 тилло, 28 нуқра, 22 биринҷӣ) ва Британияи Кабир бо 65 медал (29 тилло, 17 нуқра, 19 биринҷӣ) ишғол карданд.

Умуман, Дар Бозиҳои олимпии «Лондон – 2012» 95 рекорд — 39 ҷаҳонӣ ва 56 олимпӣ гузошта шуд.

Акнун Лондон ягона шаҳр ба ҳисоб меравад, ки дар он се маротиба Бозиҳои олимпӣ доир гардидааст (ду бозии аввал солҳои 1908 ва 1948 баргузор шуданд).

Ва ниҳоят, Бозиҳои XXXI олимпӣ 5 — 21 августи соли равон дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мегардад. Ин аввалин Бозиҳои олимпӣ дар Америкаи Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад, ки қарор аст дар он  10500 варзишгар ва 7000 аъзои ҳайати вакилони дастаҳои мунтахаби кишварҳо иштирок намоянд.

Таҳияи А. САМАРИДДИН