Варзишгарони тоҷик бо 51 медал бармегарданд

№116 (3753) 30.09.2017

i-1Панҷумин Бозиҳои Осиё, ки  17-27  сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор шуд, ҷамъбаст гардид. Варзишгарони Тоҷикистон дар  бозиҳои мазкур соҳиби 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ) шуданд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикис­тон, дар таърихи варзиши кишвар бори аввал дар мусобиқаи минтақавӣ Тоҷикис­тон бо чунин ҳайат – 170 нафар, аз ҷумла, 125 нафар варзишгар ширкат намуд.  Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида аз рӯи 21 намуди варзиш сурат гирифт.  Варзишгарони мо дар 15 намуд – баскетбол (3х3), вазнбардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, гӯштини анъанавии туркманӣ, гӯштини камарбандӣ, гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ, кикбоксинг, кураш, муай тай, самбо, таэквондо, ҷиу-ҷитсу, шиноварӣ ва шоҳмот ширкат варзиданд.  Муваффақияти бештар дар намуди самбо ба даст оварда шуд. Аз 9 нафар, ки дар самбо рақобат карданд, 8 нафар соҳиби медал- 2 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ шуданд. Иштироки варзишгарони мо дар намуди гӯштини камарбандӣ низ қобили таҳсин аст. Дар ин намуди гӯштин варзишгарони тоҷик сазовори 27 медал – 6 нуқра ва 21 биринҷӣ гардиданд.

Аз рӯи намудҳои олимпии варзиш бошад, онҳо сазовори 2 медали нуқра (Манучеҳр Неъматов дар намуди таэквондо, Искандари Рустам дар гӯштини тарзи озод) ва 2 биринҷӣ (Суҳроб Абдулҳаев, Мирзоамин Сафаров дар намуди гӯштини юнонӣ-римӣ) шуданд.

Тоҷикистон дар ҷадвали ҳисоби медалҳо аз рӯи сифат дар миёни 65 дастаи иштирокчӣ ҷойи 17-ум ва аз рӯи шумораи медалҳо   ҷойи 8-умро ишғол кард .

Туркманистон бо 245 медал, аз ҷумла 89 тилло, сазовори ҷойи аввал гардид. Чин бо  97 медал, аз ҷумла 42 тилло, дар ҷойи дуюм, Эрон бо 118 медал, аз ҷумла 36 тилло, дар ҷойи сеюм қарор гирифт.

Шоми 27 сентябр дар варзишгоҳи олимпии Ашқобод маросими ботантанаи пӯшидашавии Бозиҳои Осиё баргузор гардид.

 Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»