Футболбозони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» бар тими Эрон бо ҳисоби 2 — 1 пирӯз шуданд.
Бозӣ дар майдони футболи Академияи «Aspire» баргузор гардид. Ҳисобро дар дақиқаи 4-ум ҳамлагари тими Эрон Воҳид Номдорӣ кушод. Дар охири нимаи аввали бозӣ капитани тими Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе, ки беҳтарин бозингари соли 2018 дониста шудааст, ҳисобро баробар кард. Дар оғози нимаи дуюм, дақиқаи 50-ум, ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Шериддин Бобоев бо дарвозабони тими ҳариф як ба як баромада, тӯбро ба ҳадаф расонд.
Бозиҳои даври дуюми мусобиқа низ дар шаҳри Доҳа доир мегарданд. Ин бор тими олимпии мамлакат бо дастаи мизбон – Қатар вориди майдон мешавад.
Ҷ. Сабоҳиддин, «Садои мардум»