Дирӯз соати 1600 ба вақти Душанбе дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Токиои давлати Япония маросими расмии ифтитоҳи сивудуюмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио доир шуд.
Дар он, тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, 12 500 варзишгар ширкат варзида, барои ба даст овардани 339 маҷмӯи медал маҳорат месанҷанд. Шоёни зикр аст, ки ба ин мусобиқаи бонуфузи фароқоравӣ, ки маъмулан дар чор сол як бор баргузор мегардад, аз ҷумҳурӣ 11 варзишгар роҳхат ба даст оварданд ва 10 нафар аз онҳо имкон доранд шарафи варзишии мамлакатро дар он ҳимоя намоянд.
Дар зер роҷеъ ба ҳар яки онҳо маълумоти мухтасар пешниҳод мегардад
1. БАҲОДУР УСМОНОВ
Ӯ аввалин варзишгарест, ки роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии «Токио-2020»-ро ба даст овард. Ва дорандаи медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба бокс-2019 аст, ки онро дар мусобиқаи интихобӣ оид ба бокс (вазни -63 кило) дар қораи Осиё/Уқёнус, ки 3-11 марти соли 2020 дар шаҳри Аммони Урдун баргузор гардид, сазовор шуд.
2. ШАББОС НЕГМАТУЛЛОЕВ
Шаббос пас аз Баҳодур Усмонов роҳхати иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020-ро аз намуди бокс соҳиб шуд. Ӯ зимни иштирок дар мусобиқаи интихобӣ оид ба бокс (вазни 81 кило) дар қораи Осиё/Уқёнус, ки 3-11 марти соли 2020 дар шаҳри Аммони Урдун баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.
3. СОМОН МАҲМАДБЕКОВ
Сомон иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, аз мамлакат нахустин чемпиони мусобиқаи дзюдои ҷаҳон миёни ҷавонон мебошад, ки моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш баргузор гардид. Инчунин, моҳи августи соли 2019 дар мусобиқаи дзюдои ҷаҳон миёни мардон дар Токио ширкат варзида, мақоми панҷум ва моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Япония дар мусобиқаи бонуфузи «Осака Гранд Слам-2019» ба гирифтани ҷойи ифтихории сеюм сазовор дониста шуд. Вай дар рейтинги ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон дар мақоми аввал ва миёни бузургсолон дар зинаи 16 қарор дошта, бо 3580 имтиёз дар раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо роҳхати Бозиҳои олимпиро дар вазни -73 кг ба даст овард.
4. АКМАЛ МУРОДОВ
Акмал Муродов дар корномаи варзишӣ 49 рақобат анҷом дода, зимни 17-тои он ғолибияти пурра ба даст овардааст. Тибқи иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ӯ бо 1009 имтиёз (вазни — 81 кило) дар зинаи 53-юми раддабандии ҷаҳонӣ қарор дошта, роҳхати Бозиҳои олимпиро тавассути квотаи минтақавӣ ба даст овард.
5. КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН
Комроншоҳ соли 2016 зимни Чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон (вазни то 90 кило) нахустин чемпион аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи дзюдо гардид. Соли 2017 бори дуюм дар Ҳонгконг (вазни то 90 кило) барандаи медали тилло шуд ва маротибаи дуюм унвони Чемпиони Осиёро аз рӯи гӯштини дзюдо дар корномаи варзишиаш сабт кард. Маҷмӯан, 196 рақобат анҷом дода, дар 112-тои он ғалаба ба даст овардааст. Айни замон бо 2944 имтиёз дар мақоми 23-юми раддабандии ҷаҳонӣ қарор дошта, мустақиман саҳмияи Бозиҳои олимпиро ба даст овардааст.
6. ТЕМУР РАҲИМОВ
Темур дорандаи медали биринҷии «Гран-при»-и Марокаш, иштирокчии мусобиқаи бонуфузи «Doha Masters 2021», барандаи мақоми ҳафтуми «GRAND SLAM TEL AVIV» дар Исроил, барандаи мақоми панҷуми мусобиқаи бонуфузи «Tashkent Grand Slam-2021» ва барандаи мақоми ҳафтуми Чемпионати ҷаҳон аз намуди дзюдост. Пирӯзии Темур дар Чемпионати ҷаҳон боис шуд, ки мавқеашро дар раддабандии имтиёздорон беҳтар намуда, ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мустақиман роҳхат гирад. Дар феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии дзюдо нашр шудааст, Темур Раҳимов миёни 255 дзюдочии ҷаҳон, ки дар вазни +100 кило баромад мекунанд, бо 3241 имтиёз дар мақоми 21-ум қарор дорад.
7. ГУЛСУНБӢ ШАРИФОВА
Ин варзишгари муваффақу серталош зимни иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ (Ӯзбекистон) меъёри муайянкардаи варзиши сабуки ҷаҳониро дар масофаи 200 метр иҷро карда, роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овард. Ӯ, ба ғайр аз он ки дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 22.72 сония медали тилло гирифта, меъёри олимпиро (22.80) иҷро кард, дар масофаи 100 метр низ бо натиҷаи 11.41 сония сазовори ҷои аввал шуд. Мутаассифона, Гулсунбӣ Шарифова бо сабаби ҷароҳат бардоштан дар олимпиада иштирок карда наметавонад.
8. ИЛДАР АҲМАДИЕВ
Илдар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук буда, бо маҳорати олии варзишӣ дар мусобиқаҳои гуногуни қитъавию байналмилалӣ иштирок ва Парчами миллиро дар кишварҳои зиёди олам партавафшон кардааст. Ӯ тавассути саҳмияи универсалии Федератсияи байналмилалии варзиши сабуки ҷаҳонӣ имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро аз рӯи дав ба масофаи 100 метр пайдо намуд.
9. ОЛИМҶОН ИШАНОВ
Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ буда, тавассути саҳмияи универсалии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ имкони иштирок дар Бозиҳои олимпӣ (шиноварӣ дар масофаи 50 метр аз рӯи намуди тарзи озод)-ро пайдо намуд. Мувофиқи муқаррароти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ, ба кумитаҳои миллии олимпие, ки варзишгарони дараҷаҳои «А» ва «В» миёни мардон ва занон надоранд, иҷозат дода мешавад, ки дар яке аз мусобиқаҳои варзишӣ беҳтарин варзишгари мард ва занро пешниҳод намоянд. Олимҷон бо 336 хол мавқеи беҳтарро ба даст овардааст. Ӯ иштирокчии Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де Жанейро-2016 ва Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ дар Корея (соли 2019) мебошад, ки талаботи дигари баҳравар шудан аз саҳмияи универсалӣ аст.
10. АНАСТАСИЯ ТЮРИНА
Анастасия Тюрина низ тавассути саҳмияи универсалии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро (шиноварӣ ба масофаи 50 метр аз рӯи намуди тарзи озод) пайдо намуд. Чунки мувофиқи раддабандии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ ,аз кишвар миёни бонувон Анастасия Тюрина бо 492 хол мавқеи беҳтарро соҳиб аст. Ӯ иштирокчии Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио — де — Жанейро-2016, Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ дар Корея (соли 2019) ва сеюмин Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос — Айрес мебошад, ки талаботи дигари соҳиб шудан ба роҳхати олимпист.
11. СИЁВУШ ЗУҲУРОВ
Вай тавассути раддабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро (вазни +91 кило) пайдо намуд. Бояд қайд кард, ки бинобар сабаби пандемияи коронавирус гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳониро барҳам дода, квотаҳои пешбинишударо тибқи раддабандӣ тақсим намуд. Ҳамин тариқ, Сиёвуш Зуҳуров ҳамчун иштирокчии аввалин Бозиҳои олимпии наврасон – Сингапур-2010, мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ ва ҳамчун барандаи мақоми панҷуми Чемпионати Осиё-2021 дар Дубай сазовори роҳхати Бозиҳои олимпӣ гардид.
Қобили қайд аст, ки Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио — 2020 бояд соли гузашта барпо мегардид, вале аз сабаби авҷи бемории коронавирус дар ҷаҳон ба соли 2021 гузошта шуд ва то 8 августи соли равон идома меёбад.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии мамлакат, бо дарназардошти варзишгарон, шумори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии кишвар дар Бозиои тобистонаи олимпии Токио аз 23 нафар иборат буда, парчамбардори он, паҳлавони шинохта Темур Раҳимов мебошад.
«Садои мардум»