Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии боксчиёни наврас барои дарёфти мукофоти хотиравии Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Ӯктам Тошматов доир гашт. Тибқи иттилои мутахассиси дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом Парвина Абдуллоева дар мусобиқа беҳтарин боксчиёни ҷумҳурӣ, аз ҷумла 7 нафар боксчии умедбахши шаҳри Конибодом бо сарварии мураббӣ Шуҳрат Худойназаров иштирок доштанд. Боиси хушнудист, ки дар вазнҳои 28,32 ва 54 кг боксчиён Набӣ Ҷӯраев, Сулаймон Қодиров ва Амир Иброҳимов ба ҳамаи ҳарифони худ дастболо шуда, бо медалҳои хурди тилло ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Ҳусейни Назрулло,«Садои мардум»