Дастаи футболбозони навраси ноҳия дар мусобиқаи дастаҳои навраси Осиёи Миёна, ки дар шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, ширкат варзида, ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардиданд. Онҳо ба дарвозаи дастаҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷамъ 29 тӯб зада, аз дарвозаи худ ҳамагӣ чор тӯб сар доданд.
Футболбозони навраси ғолибро раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода бо гурӯҳи фаъолону волидон самимона истиқбол гирифта, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз намуд.
Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»