Футболбози навраси дастаи футболи «Вахши Зарнисор», хонандаи мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Вахш Аминҷон Раҷабов дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия унвони баланду ифтихории «Беҳтарин ҳуҷумкунанда»-ро байни хурдсолон соҳиб шуда, ба диёри худ бо сари баланд баргашт. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки тавассути ғамхориҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари шаҳр дар деҳот низ варзиш рушд карда, рӯз то рӯз чеҳраҳои нав ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мегарданд.
Мусобиқаи анъанавии байналмилалии футбол таҳти унвони «Оянда аз ту вобастагӣ дорад», ки пайваста дар ин шаҳри зебои соҳили баҳр баргузор мегардад, сол то сол нуфуз пайдо менамояд. Он бо ибтикори ҶСП «Мегафон» байни тарбиятгирандагони хонаҳои ятимон ва мактаб-парваришгоҳҳо гузаронида мешавад.
Соли равон дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ аз ҷумҳурии мо бозигарони дастаҳои футболи «Тахти Сангин»-и мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Қубодиён (гурӯҳи калонсолон), «Вахши Зарнисор»-и мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Вахш (гурӯҳи хурдсолон) иштирок намуда, бозии хуб нишон доданд. Бахусус дастаи хурдсолон, яъне «Вахши Зарнисор» бо бозии хубу маҳорати баландашон то даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Тавре зикр намудем, бозигари бомаҳорату умедбахши даста Аминҷон Раҷабов унвони баланди «Беҳтарин ҳуҷумкунанда»-ро соҳиб гардид. Ҳол он ки танҳо дар даври финалии ин мусобиқа аз Федератсияи Россия 24 даста, ҳамчунин дастаҳои футболбозони навраси Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Латвия, Қазоқистон ва Осетияи Шимолӣ иштирок доштанд.
Иштирок дар чунин мусобиқаи бонуфуз муддати чанд рӯз дар шаҳри зебои Сочи барои иштирокдорони мусобиқа, ки аксарашон ятимонанд, таассуроти хубу фаромӯшнашаванда гузошта, имкон дод, ки сатҳи ҷаҳонбинии онҳо боз ҳам баландтар гардад. Онҳо тавонистанд тавассути иштирок дар чунин мусобиқа дӯстони нав пайдо намуда, савияи донишу маҳорати варзишии хешро баландтар бардоранд.
Тавре Аминҷон Раҷабов зимни суҳбат бо мо иброз намуд, аз ин мусобиқа бо таассуроти зиёд ва хотираи нек баргаштааст. Махсусан вохӯрӣ бо шахсияти арсаи ҷаҳонӣ, кайҳоннаварди машҳур Мӯсо Маноров, ки зимни парвоз ҳафт маротиба аз киштӣ берун шуда, ба фазои кушод баромадаасту муддати як соли пурра тадқиқотҳои гуногун гузаронидааст, барояш басо фаромӯшнашаванда аст.
- Шояд ин мусобиқа ва вохӯрӣ бо кайҳоннаварди машҳур имкон медиҳад, ки ман оянда аз ҷумлаи тоҷикон нахустин кайҳоннавард шавам, — бо шодию ҳаяҷон ва як ҷаҳон орзуву умед суханашро идома мебахшад Аминҷони хурдсол.
Ба ҳамин мақсад мекушад баробари таҳсили аъло ба варзиш машғул шуда, баданашро обутоб диҳад.
Воқеан зимни вохӯрию саволу ҷавоби беш аз якунимсоата бо кайҳоннавард маълум гардид, ки ӯ дар хурдсолӣ ва ҳангоми омодагӣ ба парвоз ба варзиш низ машғул мешудааст. Шояд ин нияти неки Аминҷон аз он сарчашма мегирад, ки ҳангоми муаррифиаш чун нишонзани беҳтарин кайҳоннаварди машҳур Мӯсо Маноров бо шавқ ва дурудароз чапак зад.
Тибқи Низомнома дастаи хурдсолон имкон дорад, соли оянда низ дар сурати хоҳиш доштан дар ин мусобиқа иштирок намояд. Малакаю таҷрибаи ҳосилнамуда ба дастаи футболи «Вахши Зарнисор» имкон медиҳад, ки қуллаҳои нави варзиширо дар оянда фатҳ намоянд. Барои ин онҳо муддати як сол имкони машқ доранд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»