Боксёри маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар нахустин даври интихобии мусобиқаи бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бар варзишгари Љумҳурии Халқии Хитой Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Љумҳурии Тољикистон қувваозмоии Анвар Юнусов ва Ҷун Шан 6-уми август соати 18:15 бо вақти маҳаллӣ (соати 02:15 шаби 7-уми август бо вақти Душанбе) баргузор шуд, ки дар он боксёри тоҷик бар ҳарифи худ дастболо гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин қувваозмоии сеюми Анвар Юнусов ва Ҷун Шан мебошад. Қаблан ҳар ду боксёр соли равон бо ҳам дар вазни то 60 килограмм ду бор дар ринг вохўрданд. Қувваозмоии аввал дар мусобиқаи интихобии олимпии қораи Осиё дар Ҷумҳурии Халқии Хитой бо ғалабаи Ҷун Шан хотима ёфт.
Дар мусобиқаҳои ҷаҳонии олимпӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку баргузор шуд, Анвар Юнусов Чун Шанро мағлуб кард ва қасоси бохтро гирифт.
Зимнан, Анвар Юнусов дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, аввалин шуда ба қувваозмоӣ шурўъ кард ва ғалаба ба даст овард.
Ҳарифи Анвар Юнусов дар даври баъдӣ, ки рӯзи 9-уми август соати 18:20 бо вақти маҳаллӣ (соати 02:20 шаби 10-уми август бо вақти Душанбе) доир мешавад, боксёри маъруфи бразилӣ Робсон Консеикао мебошад. Бар асоси қуръакашӣ ӯ бидуни даври аввал ба даври дуюм роҳ ёфт.
Бояд қайд кард, ки Робсон барандаи медали нуқра (соли 2013, Алматои Қазоқистон) ва медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (2015, Доҳаи Қатар) мебошад.
Боксёри шинохта ва бомаҳорати тоҷик Анвар Юнусови 29-сола, ки Тоҷикистонро бори саввум дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ намояндагӣ мекунад, мақсад дорад бо медал ба Ватан баргардад.
Айни ҳол ӯ дар шаҳри Рио-де-Жанейро бо раҳбарии тренераш Аббос Неъматуллоев дар Деҳаи олимпӣ машқ карда, ба қувваозмоии навбатӣ омодагӣ мебинад.
АМИТ «Ховар»