Сиюму майи соли равон бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масоили мубрами Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» семинар баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон, намояндагони Марказии миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшиносони шинохтаи кишвар ва коршиносони арбитражи Олмон иштирок доштанд. Семинарро муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова оғоз намуда, доир ба зарурати таъсиси арбитраж ва фаъолияти он дар ҷомеаи демократӣ сухан ронд. Раиси Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон Исрофил Бобоҷонзода изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории семинар муколама байни аъзои ҷомеаи арбитрҳои Аврупо ва Тоҷикистон, мубодилаи афкор оид ба таҷрибаи расмиёти арбитрҳои байналмилалии тиҷоратӣ ва рушди қонунгузорӣ дар ин соҳа, инчунин мавриди муҳокима қарор додани лоиҳаҳои таҳиягардида оид ба расмиёти арбитраж ва қоидаҳои одоби арбитр ҳангоми баррасии баҳсҳо мебошад.
Доктори Институти олмонии арбитражи тиҷоратӣ Антонида Нетсер изҳор дошт, ки Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ин модели аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофгардидаи танзими ҳуқуқӣ мебошад, ки манфиатҳои иштирокчиёни савдои хориҷиро ифода менамояд. Вазифаи асосии арбитраж қабули қарори одилона мебошад, ки ин ба зиёд шудани таваҷҷуҳи сармоягузорон боис мегардад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»